Ҳидоятҳои Пешвои миллат ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро пешрафтаву ободу зебо гардонидааст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 138
Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар доираи корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода додани иншооти гуногуни соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ ва якчанд бинои маъмурӣ дар назар дошта шудааст.
Иншооти бунёдшаванда дорои таъиноти гуногун буда, қисмати бештари онҳо рӯзҳои наздик мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд. Сафармаҳмад Раҳимзода, раиси ноҳияи А. Ҷомӣ зимни суҳбат бо рӯзномаи «Хатлон» гуфт, ки бунёди иншоотҳои мазкур ба беҳтар гардидани вазъи иҷтимоию иқтисодии сокинони ноҳия мусоидат менамоянд.
ИҶРОИ БУҶЕТ
Бо мақсади таъмини иҷрои босифати қисми даро-мади буҷети ноҳия тадбирҳои зарурӣ андешида меша-вад. Тибқи маълумоти Раёсати молия ва нозироти андоз дар ноҳия, нақшаи қисми даромади буҷети ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо дарназардошти андози иҷтимоии буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ дар моҳҳои январ-августи соли 2024 ба маблағи 58,4 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Иҷроиши он 60,1 миллион сомониро дар бар гирифта, 103 фоизи нақшаро ташкил медиҳад, ки нисбати нақшаи пешбинишуда 1,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ ба буҷети ноҳия ба маблағи 53,9 миллион сомонӣ маблағҳои мақсаднок ҷудо карда шудааст, ки 100 фоизи нақшаро дар бар мегирад.
БАРНОМАИ РУШДИ ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОИИ НОҲИЯ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия аз 177 лоиҳа иборат буда, ба маблағи умумии 226 миллиону 0,78 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз буҷети ҷумҳуриявӣ 58,5 миллион сомонӣ, буҷети вилоятӣ 12,9 миллион сомонӣ, буҷети маҳаллӣ 4,9 миллион сомонӣ, маблағҳои худӣ 84,6 миллион сомонӣ, маблағҳои сармояи хориҷӣ 65 миллион сомониро ташкил медиҳад.
САНОАТ ВА ЭНЕРГЕТИКА
Бо мақсади эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” дар ноҳия соли 2024-ум 6 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ - корхонаи обҳои ташнагишикан, коргоҳи коркарди моҳии дудшуда, коргоҳи истеҳсоли гӯшти паранда, коргоҳи истеҳсоли орд, бунёди сардхона, коргоҳи хурди истеҳсоли хишти сементӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳот ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин давра 3 коргоҳу корхонаи хурди саноатӣ, коргоҳи истеҳсоли орд ва бунёди сардхона бо ғунҷоиши 120 тонна дар базаи ҶДММ “Хоҷамастон”-и Ҷамоати деҳоти “Иттифоқ” ва корхонаи истеҳсоли сангу шағал дар базаи ҶДММ “Аҳмадҷони А”-и Ҷамоати деҳоти “Яккатут” ба истифода супорида шуд.
НАҚЛИЁТ ВА АЛОҚА
Барои таъмири роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта аз ҳисоби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 160,2 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, бо ин маблағ 43 километр роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 15 км роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд.
Ҳамчунин, аз ҳисоби “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои маркази ноҳия зиёда 2,2 км яклухт ва аз ҳисоби соҳибкорону саҳми маҳал дар деҳаи Фурқати деҳоти Дӯстӣ 2 км ва деҳаи Тути деҳоти ба номи Калинин 1,2 км, деҳаи Навдии деҳоти ба номи Қ.Ғиёсов 1,8 ва роҳи аҳамияти ҷумҳуриявидоштаи А.Ҷомӣ - Қизилқалъа 2,2 км яклухт асфалтпӯш карда, аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, корҳо дар ин самт идома доранд. Дар маҷмуъ, аз ҳамаи сарчашмаҳо 9,4 км роҳ яклухт асфалтпӯш карда шуд.
Аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди аҳамияти маҳаллидошта 460000 сомонӣ маблағ ҷудо гардида, бо маблағҳои ҷудогардида зиёда аз 32 км роҳҳои маҳаллӣ аз таъмири ҷорӣ ва қисман яклухт бароварда шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.
КИШОВАРЗӢ
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 680 миллиону 16 ҳазор сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 29,4 миллион сомонӣ зиёд ё ин, ки 104,5 фоизро ташкил медиҳад.
Кишоварзони ноҳия соли ҷорӣ дар майдони 21 ҳазору 401 гектар дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ кишти зироатҳои кишоварзиро гузарониданд. Аз ҷумла дар майдони 8145 гектар кишти ғалладонагиҳо, аз он 6681,4 гектар гандум, 458 гектар ҷав, 444 гектар маккаи дон, 286,3 гектар лӯбиёгӣ ва дар майдони 1546,3 гектар сабзавот, дар майдони 8275 гектар зироатҳои техникӣ, аз он 8040 гектар пахта, 334 гектар полезӣ, 702,1 гектар картошка ва 2398,4 гектар зироатҳои хӯроки чорво кишт гузаронида шудааст.
Дар ин давра 33107 тонна ғалладонагиҳо, 12262 тонна картошка, 44444 тонна сабзавот, 13346 тонна полезӣ, зироати хӯроки чорво воҳиди хӯрока 7545 ва 3502 тонна меваҷот, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ғалладонагиҳо 545 тонна, картошка 69 тонна, сабзавот 3289 тонна, полезӣ 2715 тонна, зиро-ати хӯроки чорво 31 тонна, меваҷот 684 тонна зиёд
истеҳсол гардидааст.
Хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар ноҳия самаранок фаъолият намуда, сол то сол ин соҳа рушд ёфта, истеҳсоли моҳӣ зиёд шуда истодааст.
Шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ 43 ададро ташкил дода, ба онҳо 891 гектар кӯлу ҳавзҳо вобаста карда шудааст. Айни ҳол хоҷагиҳо аз ҷониби шаҳрвандон фаъолият дошта, истеҳсоли моҳиро сол то сол зиёд гардонида истодаанд.
МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
Дар ин давра ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия 1467 нафар барои пайдо кардани ҷойи корӣ муроҷиат намудаанд. Аз он 1448 нафар ба қайд гирифта шуда, ба 727 нафар мақоми бекорӣ дода шудааст, ки аз онҳо 473 нафарашон занон мебошанд.
Дар ин давра 9 ярмаркаи ҷойҳои корӣ бо иштироки корфармоён гузаронида, ба 527 шаҳрванд ҷойи кории холӣ пешниҳод гардида, 144 нафар ба ҷойи кори мавсимӣ, муваққатӣ ва доимӣ таъмин карда шуда, 230 нафар ба касбомӯзӣ ҷалб карда, ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд.
МАОРИФ ВА ИЛМ
Дар ноҳия 64 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 53 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 7 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 3 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 1 литсей ва 6 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият дошта, хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия 46 ҳазору 887 нафар, аз ҷумла 22 ҳазору 547 нафар духтаронро ташкил дода, ба онҳо 2054 нафар омӯзгорон таълиму тарбия медиҳанд.
Айни замон аз ноҳия тибқи низоми квотаи президентӣ беш аз 118 нафар донишҷӯён дар риштаҳои гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ таҳсил намуда истодаанд, ки аз онҳо 59 нафарашонро духтарон ташкил менамоянд.
ТАНДУРУСТӢ ВА КОР БО ЗАНОН
Тибқи барномаи «Рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025» дар ноҳия дар соҳаи тандурустӣ дар умум 22 лоиҳа бо маблағи 14 миллиону 415 ҳазор сомонӣ нақшабандӣ карда шудааст.
Дар ин давра аз ҳисоби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизотҳои тиббӣ, дар маҷмуъ аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ҳамагӣ 2 миллиону 63 ҳазору 146 сомонӣ харидорӣ шуда, шуъбаҳои беморхонаи марказии ноҳия таъмин гардидаанд.
Шумораи умумии занҳо дар ноҳия 95 ҳазору 598 нафарро ташкил медиҳад, аз он 339 нафар дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда фаъолият доранд.
ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ
Аз шумораи умумии 192 ҳазору 737 нафар аҳолии ноҳия 55 ҳазору 142 нафари онро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки он дар маҷмуъ 29,3 фоизи аҳолии ноҳияро дар бар мегирад.
Дар ноҳия 163 майдончаи гуногуни варзишӣ мавҷудаст, ки аз ин 13 майдончаи нави замонавӣ сохта шудаанд. Дастпарварони муассиса дар мусобиқаи вилоятӣ 40 медал, дар чемпионатҳои вилоятӣ 15 медал ва дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ 4 медал, дар чемпионатҳои ҷумҳуриявӣ 2 медал ва дар мусобиқаҳои байналмилалӣ 2 медал ба даст оварданд, ки дар маҷмуъ 63 медал, аз рӯи иштирок дар намудҳои гӯштини миллӣ, гӯштини дзюдо ва гӯштини самбо қувваозмоӣ намуда, аз ҷумла соҳиби 17 медали тилло, 14 нуқра ва 31 биринҷӣ гардиданд.
ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ нақшаи чорабинии таҳия ва тасдиқ карда шудааст.
Тибқи нақшаи чорабиниҳо, дар ноҳия бунёду таъмири 211 иншоот ба нақша гирифта, аз ин дар соли 2024-ум 40 иншоот сохта ба истифода дода шудааст, ки 67,5 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Дар маҷмуъ, 114 иншоот бо таъсиси 115 ҷойи нави корӣ ба истифода дода шудааст. Дар ин самт корҳои сохтмонӣ идома дошта, иншоотҳои ҷашнӣ давра ба давра мавриди истифодабарӣ қарор дода мешаванд.
Комрони БАХТИЁР,
«Хатлон»
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00