ИСТИҚЛОЛ - РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 75
Аз Истиқлоли давлатӣ, ки арзишмандтарин дастоварди миллати тоҷик буда, барои бунёди давлатдории навин, рушди соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву ҳуқуқӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ заминаи боэътимод фароҳам овардааст, 33 сол пур мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид доштанд, ки ба шарофати ин рӯйдоди бузурги таърихӣ мардуми мо соҳиби рамзҳои давлатии худ - Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Конститутсия шуд ва Тоҷикистони азизи мо аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ҳамчун давлати мустақил эътироф гардид. Истиқлоли давлатӣ, ҳувияти миллии мардуми тоҷикро ба зинаи комилан нав бардошт ва барои тақвияту густариш пайдо кардани ваҳдати тамоми сокинони Тоҷикистон заминаи пойдор фароҳам овард.
Замони истиқлолият ин замони расидан ба ормонҳои миллӣ, ба қуллаҳои баланди иқтисодиву иҷтимоӣ, ноил шудан ба мақомҳои байналмилалӣ ва таваҷҷуҳ зоҳир намудан ба роҳи бунёдкориву созандагӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ аст.
Бояд ёдовар шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати кишвар барои таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ, беҳтар намудани таъминоти моддию техникии судҳо, такмили қонунгузории соҳа ба хотири баланд бардоштани нақши суд дар таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон тадбирҳои муҳиму мушаххасро роҳандозӣ кардааст.
Аз ҷумла, барои рушду таҳкими мақомоти судӣ барномаҳои ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ қабул карда шуд. Онҳо барои пешрафти соҳа, баланд бардоштани мақоми суд дар ҷомеа, таъмини шароити зарурӣ барои баррасӣ ва ҳалли одилонаи парвандаҳои судӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо ва умуман, ҷиҳати ба амал баровардани адолати судӣ нақши муҳим доранд.
Мустаҳкам кардани ҳифзи сарҳадот, таъмини амнияти мардуми кишвар, коҳиш додани сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ, пешгирии экстремизму терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳадафи асосии Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, маҳз ба воситаи ҳокимияти судӣ, ҳамчун шохаи ҳокимияти давлатӣ, адолати судиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пойдор кард.
Ҳокимияти судӣ дар давраи Истиқлол ба дастовардҳои назаррас ноил шуд. Маҳз дар давраи Истиқлол судҳои ҷумҳурӣ аз лиҳози таъмину ташкили фаъолияти судӣ тавонистанд масъалаҳои техни-киву кадрии худро ҳаллу фасл намоянд ва шароити мусоид барои таъмини адолати судӣ фароҳам оваранд.
Ба хотири ҳифзи ин неъмати бебаҳои таърихӣ, яъне Истиқлол, ки шарти ҳастиву бақои миллат ва ка-фили фардои дурахшони он мебошад, ҳамчунин ба-рои таҳкими дастовардҳои он, аз ҷумла сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии халқи азизамон ҳар яки мо вазифадорем, ки минбаъд низ тамоми донишу таҷриба ва саъю кӯшиши худро ба ин роҳи пуршараф сафарбар созем ва бо заҳмати содиқонаи худ Ватанамонро боз ҳам ободу зебо ва давлати соҳибихтиёрамонро пешрафтаву муқтадир гардонем.
Аз ин рӯ, мо - сокинони кишвар бояд Истиқлоли давлатиамонро дар ҳама ҳолат ҳифз намуда, дар якҷоягӣ баҳри ҳимояи марзу буми кишвар, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ ва сохти конститутсионӣ содиқона ба халқу Ватани худ хизмат намоем.
Нуриддин РАСУЛЗОДА,
раиси Суди вилояти Хатлон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
28-12-2023, 16:56
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...