ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ЗАНОНИ ТОҶИК
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 75
Истиқлоли давлатӣ беҳтарин неъмати миллати тоҷик аст. Барои миллати тамаддунофари тоҷик мояи сарфарозӣ ва хушҳолист, ки тӯли 33 сол инҷониб дар фазои сулҳу осоиштагии кишвар тамоми тоҷику тоҷикистонӣ зиндагии орому осуда доранд.
Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва заҳмату талошҳои содиқонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистем, ки кишварамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем ва ба сӯйи фардои дурахшон сарбаландонаву устуворона қадам гузорем.
Барои дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», ҳамчунин Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2010 зери унвони «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” барои баланд бардоштани мақому манзалати зан дар бунёди ҷомеаи деморатӣ корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд.
Истиқлоли давлатӣ ба мо – занон имконияти фаровон фароҳам овард, то дар ҳама соҳаҳо рушд намуда, саҳми арзандаи худро дар пешрафт ва шукуфоии ватани азизамон - Тоҷикистон гузорем. Бояд махсус таъкид намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат доир ба нақши занмодар суханони ҳикматомезе гуфта, чунин иброз доштанд: “Мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолиятро фароҳам овардем. Имрӯз занону бонувони тоҷик ба хотири рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат карда истодаанд”.
Мувофиқи маълумотҳои оморӣ аз шумораи уму-мии аҳолии вилояти Хатлон 1 миллиону 819 ҳазору 600 нафарашонро занону духтарон ё худ 49,2% таш-кил медиҳад, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 41 ҳазору 700 нафар зиёд мебошад.
Аз шумораи умумии занони хатлонӣ 992 ҳахору 773 нафарашон қобили меҳбат буда, 14 ҳазору 394 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият до-ранд, ки ин рақам нисбат ба соли гузашта 507 нафар зиёд мебошад.
Саҳми занон дар рушди соҳаҳои мухталифи ви-лояти Хатлон назаррас буда, дар соҳаҳои маориф 49423 нафар, тандурустӣ 25583 нафар, фарҳанг 1698, сохтмон ва меъморӣ 477 нафар, саноат, 3407 нафар, почта ва алоқа 338 нафар, коммуналӣ 777 нафар, бонкдорӣ 1271 нафар, кишоварзӣ 162034 нафар ва ғайр кору фаъолият пурсамар доранд.
Дар доираи дастгирии ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии занони соҳибкор қарори раиси вилояти Хатлон аз 26 феврали соли 2021 “Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои раиси вилояти Хатлон оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021-2025” қабул гардида, аз соли 2021 то соли 2023 ба 63 нафар занони соҳибкор ба маблағи 750 ҳазор сомонӣ гранти раиси вилояти Хатлон дастрас карда шудааст. Аз 26 июли соли ҷорӣ қарори раиси вилояти Хатлон дар бораи грантҳои раиси вилояти Хатлон барои соҳибкорзанон барои соли 2024-2025 ба имзо расида, шумораи грантҳо аз 21 грант бо маблағи 250 ҳазор сомонӣ ба 30 грант бо маблағи умумии 500 ҳазор сомонӣ расонида шуд.
Фариза АБДУЛЛОЗОДА,
сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...