Таҳкимгари Истиқлоли давлатӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 61
Истиқлол барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.
Истиқлол барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ, инчунин шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.
Халқи тоҷик аз ҷумлаи он миллатҳое мебошад, ки барои ба даст овардани Истиқлоли комил марҳилаҳои зиёдеро паси сар намуда, ба ин неъмати бузург ноил гар-дид. Истиқлоли давлатӣ, ҳарчанд ба осонӣ ба даст наомада бошад ҳам, аммо миллати тамаддунофар ва сулҳхоҳи тоҷик тавонист дар як муддати кӯтоҳ ба ин дастоварди бузург ноил гашта, соҳиби давлати мустақил, ки онро ном Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, гардад.
33 сол мешавад, ки мардуми сарбаланди тоҷик дар давлати соҳибистиқлол умр ба сар бурда, бо шарофати ин неъмати бебаҳо дар роҳи давлатдорию давлатсозӣ ва обод намудани Ватан ба дастовардҳои беназир ноил гардидааст.
Дар муаррифӣ намудани давлати навини тоҷикон ва миллати та-маддунсози тоҷик ба ҷомеаи ҷаҳонӣ хидмати абармарди арсаи сиёсат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басе бузург аст ва дар ин росто қадамҳои бузургу устувор гузошта шуданд. Доир ба қаҳрамонӣ ва фаъолияти пурсамари Сарвари муборакқадаму хирадмандамон, абармарди сиёсат, Қаҳрамони Тоҷикистон ва сиёсатмадори шинохтаи ҷаҳон сиёсатмадорон ва рӯзноманигорону коршиносон, адибони номдори тоҷик борҳо суханҳои пандомӯз гуфтаанду онҳо дар воситаҳои ахбори омма низ ба нашр расидаанд.
Формулаи сулҳи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ё худ формулаи наҷоти миллат барои миллати тоҷик мактаби бузург ва саҳифаи тоза дар таърих мебошад, ки насли фардо бояд аз ин дурдонаи хиради сиёсӣ хуб истифода намояд ва омӯзад, ки ин ба наҷоти давлати миллӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ мусоидат менамояд.
Боиси ифтихор аст, ки дар муддати кӯтоҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки бо зиёда аз 170 мамлакати ҷаҳон ҳамкорӣ ба роҳ мо-нанд ва Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ созанд.
Имрӯз Тоҷикистон бо зиёда аз 140 мамлакати ҷаҳон равобити тиҷоратӣ ба роҳ мондааст. Ташаббусҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва дифоъ аз миллату ҳуқуқи башар аз минбарҳои ба-ланд садо медиҳанд, ки нишони гуманизми баланди Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ҷаҳониён акнун мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмонро эътироф намуда, аз ин таҷрибаи нодир истифода мебаранд. Ҳамзамон, метавон аз дигар созмону институтҳои бузурги пажуҳишӣ низ ёдрас шуд, ки дар эътироф ва шинохти шахсияти сиёсии Пешвои миллат садо баланд намудаву ба нақши Сарвари давлати мо ҳамчун сиёсатмадори таъсиргузор дар сиёсати ҷаҳонӣ баҳои баланд додаанд.
Имрӯз миллати сарбаланди тоҷик саодатмандона зиндагӣ дораду аз мушкилоти зиёди дохиливу хориҷӣ вораҳида, ба ма-сири нав қадам мезанад, ки ин аз бузургии миллати тоҷик ва талошу ҷонфидоии Қаҳрамони миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад.
Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ баромад ва зиндагии мардум низ назар ба солҳои қабл садҳо маротиба беҳтар гардид.
Истиқлол ихтиёрро ба дасти миллат дод, то дар давлатсозӣ ва давлатдорӣ мустақил бошаду тамоми мушкилоту норасоиҳоро мустақилона бартараф созад. Хушбахтона, зери сарварии Пешвои миллат ин масъала ҳалли худро ёфт ва миллати тоҷик ба орзуи ҳазорсолаи хеш расид.
Сарвари муборакқадами тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари созмонҳои баланд бар ҳимояи насли башар муроҷиат намуда, масъалаҳои оромиву субот ва норасоии оби тозаву ғизоро пешниҳод намудаанд.
Давоми солҳои истиқлол бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкурсии давлати соҳибихтиёр гузошта шуда, марҳилаи бунёдко-риву созандагӣ оғоз гардид. Истиқлол бузургтарин сарват ва бебаҳотарин неъмат барои ҳар миллате мебошад, ки худро шинохта, таъриху тамаддуни хеш-ро медонад ва аз он ифтихор
мекунад.
Давоми беш аз сӣ сол мардуми тоҷик тавонист, ки беҳтарин арзишҳои миллиро зинда созад, худшиносиву худогоҳии миллиро ба пояи баланд бардошта, на танҳо фарҳанги беназири худро эҳё намояд, балки онро ба талаботи давлатдории навин ва ба воқеияти ҷаҳони муосир мутобиқ сохта, дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифь намояд.
Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати давлати ташаббускору пешсаф дар ҳалли мушкилоти глобалии вобаста ба обу иқлим эътироф гардидааст. Мояи ифтихор аст, ки панҷ ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгириву ҷонибдорӣ ёфта, дар миқёси сайёра амалӣ мегарданд.
Инчунин дар давоми 33 соли Истиқлол Ҷумҳурии Тоҷикистон худро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ҷумҳурии демократӣ, мустақил, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррафӣ намуда, бо аксар кишварҳои дунё, созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкорӣ барқарор намудааст.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои як қатор созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва фароминтақавӣ ба монанди СММ, САҲА, Созмони Конфронси исломӣ, ЭКО, Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва ғайра мебошад.
Тамоми сокинони киш-вар имрӯз ифтихор доранд, ки сиву се сол қабл нахустин хиштҳои пойдевори истиқлоли воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.
Бозсозие, ки соли 1985 дар Иттиҳоди Шуравӣ шуруъ карда шуд, барои истиқлолу озодии халқҳои зиёде аҳамияти бузурги ҳаётӣ дошт. Истилоҳи «бозсозӣ» наметавонад, тамоми ҳаҷми тағйиротеро ифода намояд, ки дар натиҷаи он ба амал оварда шуд. Ҳатто худи «меъморон»-и бозсозӣ дар ибтидо гумон надоштанд, ки ташаббуси ба мақсади наҷот додани сохтори фармонфармоию маъмурӣ сар кардаашон, аз зери назорат мебарояд. Он на ба бозсозӣ, балки ба гузаронидани тағйиротҳои аксулинқилобии ҳаёти халқҳои Иттиҳоди Шуравӣ табдил ёфт.
Асри ХХI ҳамчун асри иттилоот ва рушди технологияи муосир аз ҷомеаи шаҳрвандӣ, пеш аз ҳама, худшиносу худогоҳ буданро тақозо менамояд. Маҳз ба василаи худшиносӣ инсоният дар ҳама гуна шароит гузаштагони худро пос дошта, имрӯзу ояндаи миллату давлаташро аз ҳама гуна хатарҳо ҳифз мекунад.
Бо ин мақсад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати санҷидаву дурбинонаеро бо номи “сиёсати дарҳои боз” тарҳрезӣ намуд, ки он барои узви бонуфузтарин созмонҳои байналмилалӣ гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба роҳ мондани робитаҳои сиёсии ин кишвар бо аксари давлатҳои ҷаҳон мусоидат намуд.
Аз гуфтаҳои боло маъ-лум мегардад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии сарвари хирадманду дурандеши он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша хостгори мустақилияти комили давлат ва суботу осоиши он буда, барои тақвияти ҳамкориҳо бо дигар кишварҳои олам дар таъмини осоиштагии онҳо ҳавасманд мебошад.
Имрӯз Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро беш аз 190 кишвари олам эътироф намуда, 180 кишвари олам бо мамлакати мо робитаи дипломатиро барқарор намудаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз узви комилҳуқуқи 57 созмони минтақавию байналмилалӣ буда, дар ҳалли муҳимтарин масъалаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, ба монанди обу иқлим, терроризму экстремизм ва сулҳу осоиштагӣ яке аз мамлакатҳои пешсаф ва ташаббускор аст, ки ин боиси ифтихори хурду бузурги меҳан аст.
Инак, миллати тоҷик 33-юмин солгарди ҷашни Истиқлолро таҷлил мекунад, ки он нишонаи муттаҳидиву иродаи қавии ҳар як шаҳрванди баору номуси мамлакат аст. Истиқлоли давлатӣ муҳимтарин дастоварди миллати тоҷик буда, он барои таъмини зиндагии шоиста ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ шароити мусоидро фароҳам овардааст.
Давлаталӣ АЛИМОВ,
профессори ДДБ
ба номи Носири Хусрав
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...