Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Идомаи сафари кории Сарвазири мамлакат ба вилояти Хатлон


Идомаи сафари кории Сарвазири мамлакат ба вилояти Хатлон


13 апрел бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ноҳияи Қубодиён маросими ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли яхмоси «Мавсимӣ» барпо гардид.
Сохтмони корхонаи мазкур бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шуда, моҳи сентябри соли 2020 ба маблағи 3,3 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Бахтиёр Раҳмонов ба анҷом расид. Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ 10 нафар сокинони маҳаллӣ ба кори мавсимӣ, бо маоши баланд, ҷалб гардиданд. Сохтмони корхонаи истеҳсоли яхмоси «Мавсимӣ» моҳи марти соли равон дар масоҳати 0,38 га бо фарогирии коргоҳи истеҳсолӣ дар майдони 0,05 ба анҷом расонида шуд. Тавре ки маълумот доданд, иқтидори истеҳсолии корхона 40-45 тонна яхмос дар як моҳро дар бар мегирад.
Дар корхона 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши баланд таъмин гардиданд. Айни замон Корхонаи истеҳсоли яхмоси «Мавсимӣ» 38 намуд яхмос истеҳсол менамояд. Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона дар бозор ва мағозаҳои ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрав ба савдо бароварда мешаванд. Аз ҷониби корхона 7 техникаи махсус барои таъмини саривақтии маҳсулот ба нуқтаҳои фурӯш ташкил карда шудааст.
Зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат ва раиси вилояти Хатлон аз гармхонаи шаҳрванд Азамат Абдураҳмонов дидан намуданд. Азамат Абдураҳмонов мақсад дорад, ки дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро амалӣ карда, масоҳати гармхонаро то 2 гектар васеъ намуда, дар як сол се-чор маротиба ҳосил ба даст оварад.
Гармхонаи мазкур дар ҳудуди деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов дар майдони 1 гектар бунёд гардида, дар он помидор парвариш карда мешавад. Дар гармхона 25 ҳазор ниҳоли помидор шинонида, барои ба даст овардани ҳосили дилхоҳ 20 нафар ба кор ҷалб шудаанд.
Азамат Абдураҳмонов мақсад дорад, ки дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро амалӣ карда, масоҳати гармхонаро то 2 гектар васеъ намуда, дар як сол се-чор маротиба ҳосил ба даст оварад.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода