Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » - БА СОАТ НИГОҲ НАКУНЕД, ЛОЗИМ ШАВАД, ТО СОАТИ ДАҲИ ШАБ АРЗУ МАТЛАБИ ШАҲРВАНДОНРО ГӮШ ХОҲАМ КАРД, - чунин хитоб намуд раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, ки дувуним соат боз сокинони ноҳияи Панҷро қабул мекунад.


- БА СОАТ НИГОҲ НАКУНЕД, ЛОЗИМ ШАВАД, ТО СОАТИ ДАҲИ ШАБ АРЗУ МАТЛАБИ ШАҲРВАНДОНРО ГӮШ ХОҲАМ КАРД, - чунин хитоб намуд раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, ки дувуним соат боз сокинони ноҳияи Панҷро қабул мекунад.


Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ алҳол аз ҷониби раиси вилояти Хатлон қабули сайёри шаҳрвандон ҷараён дорад.

Пеш аз шунидани арзи шаҳрвандон раиси вилоят ба ҳозирин оид ба аҳамияти истифодаи самарабахши заминҳои наздиҳавлигӣ, кишти сабзавот, картошка, вусъати корҳои ободонию созандагӣ изҳори назар кард.

- Қабл аз ин ҷо омадан ба аёдати якчанд собиқадори меҳнат рафтам, - гуфт раиси вилоят. - Бояд ҳар як шаҳрванд ба мисли ин собиқадорон заминҳои худро пурсамар истифода барад. Ташаккур ба онҳо.

Сипас, қабули шаҳрвандон оғоз гардид. Наздик ба 20 нафар сокинони ноҳияи Панҷ ба қабули раиси вилоят номнавис шудаанд. Аз ҷумла шаҳрванд Раҷабов Сироҷ оид ба норасоии об барои чарогоҳҳо ва аҳолӣ, баҳси андози заминҳои чарогоҳ, омӯзгор Изомов Аъзам оид ба ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони бунгоҳи тиббӣ, ки бо дастгирии аҳолӣ ва соҳибкорон сохта мешавад, хоҷагидор Самиев Бахтиёр оид ба барқарор намудани ҳавзи обтакшинкунӣ, инчунин дигар шаҳвандон дар масъалаи ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, замин барои сохтмони варзишгоҳ (бунёди он бо дастгирии аҳолӣ ва соҳибкорон анҷом дода мешавад), норасоии оби нӯшокӣ, баҳси қитъаи замини зери роҳ, саҳми замини хоҷагии деҳқонӣ, расонидани кумаки иҷтимоӣ ва бо дигар матлабҳо муроҷиат намуданд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода оид ба баррасии саривақтӣ ва ҳалли мусбати мушкилиҳои мардум ба масъулон дастур дод.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода