Варзишгарони тоҷик соҳиби се медали биринҷӣ шуданд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 264
Дастаи олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 то ин замон соҳиби се медали биринҷӣ гардид. Ду медали биринҷиро дар риштаи ҷудо Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг, Темур Раҳимов дар вазни + 100 кг ва як медали дигарро муштзани тоҷик Давлат Болтаев дар риштаи бокс дар вазни то 92 кг ба даст оварданд.
Муштзани тоҷик Давлат Болтаев дар вазни то 92 кг дар даври нимниҳоии Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 дар риштаи бокс бо варзишгар аз кишвари Ӯзбекистон Лазизбек Муллоҷонов рақобат намуда, шикаст хӯрд ва соҳиби медали биринҷӣ шуд. Бояд ёдовар шуд, ки муштзани тоҷик дар даври чорякниҳоӣ бар варзишгари ирландӣ Ҷек Марли бо ҳисоби 4:1 ғалаба намуд ва ба даври нимниҳоии Бозиҳои олимпӣ роҳ ёфт.
Сомон дар даври аввал озод буда, дар марҳилаи дуюм бар Фарес Бадавии фаластинӣ ва дар рақобати баъдӣ бар Франк Де Вит аз Нидерланд пирӯз шуд. Дар даври ¼-ниҳоӣ варзишгари тоҷик аз Тато Григалашвили шикаст хӯрд ва ба марҳилаи тасаллобахш рафт. Дар марҳилаи тасаллобахш Сомон бар варзишгари Ӯзбекистон Шарофиддин Болтабоев ғолиб омад. Сомон дар рақобат барои медали биринҷӣ бар ҷудочӣ аз Италия Антонио Эспозито ғолиб омада, сазовори ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардид.
Дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 дар риштаи ҷудо варзишгари тоҷик Темур Раҳимов дар вазни +100 кг дар даври аввал озод буд ва дар марҳилаи дуюм бар Эрик Абрамови олмонӣ ва дар даври сеюм бар Алишер Юсупови ӯзбекистонӣ ғолиб омад. Ӯ дар даври нимниҳоӣ аз Теди Ринери фаронсавӣ шикаст хӯрд. Дар сабқат барои медали биринҷӣ варзишгари тоҷик бар Анди Гранда аз Куба пирӯз шуд.
Мавриди зикр аст, ки ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж -2024 бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ғолиби ҷойи якум бо 300 000 сомонӣ, ғолиби мақоми дуюм бо 250 000 сомонӣ ва ғолиби зинаи сеюм бо 200 000 сомонӣ мукофотонида мешаванд. Ҳамчунин, аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо хонаҳои истиқоматии 3, 2 ва 1-ҳуҷрагӣ қадршиносӣ мегарданд. Аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ба ғолиби ҷойи аввал 20 000 доллари ИМА ба ғолиби зинаи дуюм 15 000 доллари ИМА ва ба ғолиби мақоми сеюм 10 000 доллари ИМА мукофотпулӣ дода мешавад.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...