АСОСҲОИ ТАҲРИРИ МАТНИ ЖУРНАЛИСТӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 269
Ҷиҳати иҷрои дастури раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид оид ба муаррифӣ ва омӯзиши таҷрибаи РӮЗНОМАИ "ХАТЛОН" ба нашрияҳои дигари маҳаллӣ, бо мақсади гиромидошти забон ва таъмини риояи қоидаҳои имло дар нашрияҳои даврӣ ва маводи журналистӣ китоби нави омӯзиширо зери унвони “Асосҳои таҳрири матни журналистӣ” омода карда, ва ба чоп расонидем.
Китоб аз 144 саҳифа иборат буда, дар ҳаммуаллифӣ бо Дилором Маҳкамова, омӯзгори кафедраи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, таҳия гардид.
Дастури таълимии мазкур асосҳои таҳрири матни адабии журналистиро фаро гирифта, донишҷӯён ва рӯзноманигорони ҷавонро бо вазифаҳои муҳаррир, таҳриру тасҳеҳи матн, махсусиятҳои таҳрири маводи журналистӣ бо дарназардошти қолабҳои жанрӣ ва вижагиҳои кори матбуоти даврӣ шинос мекунад.
Китоб барои ходимони матбуоти даврӣ, донишҷӯёни ихтисосҳои рӯзноманигорӣ ва унвонҷӯён тавсия мешавад.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00