Илм агар андак бувад, хораш мадор ..
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 13 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 300
Ҳамасола, бо Амри Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор мегардад.
Аз ҷумла, соли ҷорӣ якуми январ амри Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баргузории озмуни болозикр содир гардид.
Ҳадафи баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвариву сухандонӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносӣ, ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва баландгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар мебошад.
Инак, соли шашум аст, ки бо сарпарастии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯйи шаш номинатсия – адабиёти кӯдакон ва наврасон, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм ва эҷоди наср баргузор мегардад.
Имрӯзҳо дар баргузории озмуни навбатии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирокчиён бо рӯҳи болида омодагӣ дида истодаанд.
Яке аз иштирокчиёни озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Мадина Қурбонова мебошад.
Мадина дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 71-и ноҳияи Кӯшониён, дар синфи 6 - ум таҳсил карда истодааст.
Соли чорум аст, ки узви фаъоли маҳфилҳои фаннӣ ва маҳфили адабии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” – и муассиса, узви доимии китобхонаи марказии ноҳияи Кӯшониён ва Муассисаи давлатии китобхонаи вилоятӣ ба номи Шамсиддин Шоҳин мебошад.
Аз хурдӣ ба мутолиаи китобҳои бадеӣ шавқу ҳаваси зиёд дошта, то имрӯз асарҳои «Тазкираи адабиёти бачагона», «Кори имрӯзаро ба фардо нагузор»-и Акобир Шарифӣ, «Афсонаҳои халқи тоҷик», осори илмию адабии адибони адабиёти классики тоҷику форс ва муосирро мутолиа намуда, дар умум 2857 мисраи шеърӣ, 135 зарбулмасалу мақол, 59 панду ҳикмат, 65 афсона, 75 ҳикоя, 113 чистон, 59 тезгӯяк, 64 рубоиро аз ёд кардааст.
Имсол Мадина дар даври муассисавии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯйи номинатсияи хондан ва аз ёд кардани ашъори адибони адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ иштирок намуда, ба даври озмуни ноҳиявӣ роҳхат гирифтааст.
Масъулини муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №71- и ноҳияи Кӯшониён боварӣ доранд, ки Мадина дар оянда низ ҳамчун шаҳрванди ватандӯст ба камол расида, дар пешравии кишвари азизамон саҳми босазои худро мегузорад.
Комрони БАХТИЁР,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...