Чӣ гуна устодони «Шашмақом» ба Сталинобод омаданд?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 251
Камол Айнӣ, писари устод Садриддин Айнӣ, дар бораи як сафари устод ба шаҳри Тошканд чунин нақл мекунад: “Бо расидани мо ба ин ҳавлӣ (ҳавлии Султон Умаров дар Тошканд) чанд нафар аз дӯстони Султон Умаров, ки ҳама аз аҳли Бухоро будан, дар риштаҳои гуногуни ҳунар фаъолият доштанд, ба истиқбол баромаданд. Ҳазлу хушҳолӣ, дилхӯшӣ саҳни ҳавлиро фаро гирифт.
Пас аз чанде меҳмонхона бо дӯстони Султон Умаров, ки аксар мухлисони қиблагоҳ буданд, пур шуд. Мухтор Ашрафӣ, Тамарахонум, Ҳоҷиқул Раҳматуллоев, Комил Ёрматов, Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов, Давид Муллоқандов аз он зумра буданд. Ҳамагӣ беш аз 20 нафарро ташкил медоданд. Суҳбат ниҳоят гарм шуд. Домулло Айнӣ кам сухан мегуфтанд, вале ҳакимона...
Айни хӯшгӯиҳо, тақрибан соати даҳ Мавлон Ваҳҳобови хуҷандӣ омад.
Ӯ паёми шӯрангезеро эълон кард: “Имрӯз Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷаласаи фавқулода доир намуд. Дар он мусиқии Шашмақомро мусиқии дарборӣ ва феодалӣ эълон намуданд. Шашмақом дар Узбекистон манъ гардид.
Тарғибгарони ин мусиқиро гунаҳкор хонданд. Ба тарғибгарони он бояд ҷазо дода шавад. Рангу рӯйи Султон Умаров парид. Ӯ, ки дар мақомоти давлатӣ кор мекард, ҷазои сахтро медонист. Аз ин хабари нохуш бӯйи солҳои шуми 1937 меомад. Ҳама лол шуданд. Касе ҷуръат накард, ки сухане бар забон биёрад.
Ниҳоят, устод Айнӣ гуфтанд: -Рафиқон, дар зиндагӣ баъзан баланду пастиҳо пеш меояд. Мегӯянд, ки поёни шаби сиёҳ сафед аст. Ҳоло дар Тоҷикистон ба бахти мо роҳбарони ҷумҳурӣ кӯшиш доранд, ки мактаби суннатии Шашмақоми Бухороро чун мусиқии ҳазорсолаи тоҷикон ба шаҳри Сталинобод биёранд. Мо кӯшиш мекунем, ки устодони Шашмақоми худро ба шаҳри Сталинобод бифиристем ва шароити хуб барояшон муҳайё намоем, то дар ривоҷу равнақи он саҳм бигиранд.
Султон Умаров сарро болову қоматашро рост кард ва бо хитобу лаҳни зебо гуфт:
-Бисёр хуб!
Ва бо танбӯри тавоно ва овозхони бисёр воло Фазлиддин Шаҳобов ва устоди бузурги шашмақом Шоҳназар Соҳибов муроҷиат намуда афзуд: -Шумо чӣ мегӯед? Марҳамат, ба Тоҷикистон.
Фазлиддин Шаҳобов чунин посух дод:
-Ман бо ҷону дил. Бобокалонҳоям аз ҳамон ҷойҳоянд. Меравам. Фақат ин қадар ҳаёт, ки агар ман рафтагори Тоҷикистон шавам, дар Термиз чун гуреза аз колонияи меҳнатӣ ба ҳабс мегирандам, зеро брон надорам.
Ҳама хомӯш шуданд. Султон Умаров ба Тамарахонум муроҷиат кард, чун он кас аз давраи фаъолияташон дар мақомоти давлатӣ аз ҳама гуна розҳо воқиф буданд:
-Тамарахонум, чӣ бояд кард, домуллои калон (устод Айнӣ) мегӯянд, хуб мебуд, ки барои устодони Шашмақом роҳбар шаваду сиҳату саломат ба Сталинобод расанд.
-Ҳоло ба як дӯстам занг мезанам, шояд ин мушкилиро ҳал кунад, - гӯён Тамарахонум, рафту гӯшии телефонро гирифта, бо шахсе ба забони русӣ гуфт: -Петя, медонам, ки ту дӯсти манӣ ва маро дӯст медорӣ. Ҳоло инро исбот кун. Вазъи устодони Шашмақом ин ҷо бад ва ҷонашон дар хатар аст. Ба мо домуллои калон Садриддин Айнӣ пешниҳод карданд, ки устодонро сиҳату саломат ба Сталинобод бирасонем. Устодон барои убур аз Термиз брон надоранд.
Дар ҷавоб сарфармондеҳи Округи ҳарбии Туркистон генерал Иван Петров, ки дӯсти Тамарахонум будааст, гуфт:
-Тамараҷон, ба дӯстон ва устод Айнӣ бигӯй, ки агар лозим бошад, ман бо муҳофизон онҳоро ба Сталинобод мерасонам.
Тамарахонум ин гутфаи генерал Петровро бо чеҳраи кушод ва шодии зиёд эълон кард. Зиёфат хуш гузашт...
Баъди чанд моҳ Фазлиддин Шаҳобовро бо нигоҳбонони ҳарбӣ ба Тоҷикистон расониданд. Эшон роҳбари гурӯҳи Шашмақом дар идораи радиои Тоҷикистон таъин шуд ва баъдҳо бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои овардани Шоҳназар Соҳибов ба Тошканд рафт ва муваффақ низ гардид.
Дар Тоҷикистон дар асоси номаи Айнӣ ва тавзеҳи хаттии Фазлиддин Шаҳобов ба номи Бобоҷон Ғафуров гурӯҳи давлатии “Шашмақом” таъсис ёфт.
Таҳияи Толиб Толибзода
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...