Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ТУҲФАИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА ҲАВЛИРӮБ


ТУҲФАИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА ҲАВЛИРӮБ


Дар ҷомеа ҳастанд нафароне, ки бо кору рафтори нек, хушмуомилагӣ, бомаърифатӣ ва сидқан иҷро намудани касбу корашон дар дили мардум ҷой мегиранд. 

Ҳалима Дурманова, сокини шаҳри Бохтар аз ҷумлаи чунин ашхосест, ки бо заҳмати шабонарӯзӣ, меҳнати ҳалол, поксириштӣ ва хоксориаш дар маркази маъмурии вилояти Хатлон соҳиби эҳтиром гардида, дар тозагиву озодагии як гӯшаи диёр, раҳнамоии насли наврас ба поккорӣ саҳми арзандаи худро мегузорад. Ҳалима Дурманова 65 сол дошта, бо се фарзанд ва чор наберааш зиндагӣ дорад. Ӯ дар КВД «Ширкати хонаҳо»-и шаҳри Бохтар ба ҳайси рӯбанда фаъолият дорад. Маҳз чунин поксириштӣ, заҳмати ҳалол ва маърифати баланди Ҳалима Дурмановаро ба инобат гирифта, дар арафаи Рӯзи модар раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода як хонаи дуҳуҷрагиро барояш туҳфа намуд.

Ҳалима Дурманова изҳор дошт, ки оилаашон дар рӯйхати оилаҳои камбизоат шомил аст ва аз тарафи мақомоти маҳаллӣ тез-тез кумакҳо расонида мешавад, ки ин ҳама аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат сарчашма мегирад. Боиси хушнудист, ки кору фаъолият, вазъияти мушкили зиндагӣ, эҳтиёҷмандии моро ба инобат гирифта, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода як хонаи дуҳуҷрагиро туҳфа намуд. 

 

С. АЗИЗОВ

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода