Дар вилояти Хатлон музди миёнаи меҳнат чӣ қадар аст?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 431
Музди миёнаи ҳармоҳаи номиналии кор дар вилояти Хатлон ба 1483,69 сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022–юм 21,7% зиёд гардидааст.
Дар ин бора ба рӯзномаи “Хатлон” аз Сарраёсати омори вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Манбаъ афзуд, ки ҳаҷми миёнаи маоши моҳонаи баландтаринро дар вилоят кормандони соҳаҳои неруи барқ, газ, буғ ва хунуккунии ҳаво (4203,51 сомонӣ), фаъолияти молиявӣ (3749,79 сомонӣ), саноати истихроҷ (2411,01 сомонӣ), саноати коркард (2260,37 сомонӣ), сохтмон (2387,23 сомонӣ) ва бахши хизматрасонӣ (1384,65 сомонӣ) мегиранд. ро ташкил медиҳад.
Дар моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ ҳаққи меҳнати моҳонаи кормандони соҳаи кишоварзӣ 682,93 сомониро ташкил дод, ки аз ҳисоби миёнаи вилоят 46% кам будааст.
“Қарзи музди меҳнат дар ин давра 525,7 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 265 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Қарздории аз ҳама зиёд ба соҳаи саноати коркард (505 ҳазору 100 сомонӣ) рост меояд”, - қайд кард сарчашмаи хабар.