РАИСИ ВИЛОЯТ: «МО БОЯД ДАР ОБОДИИ ВАТАНИ МАҲБУБАМОН САҲМГУЗОР БОШЕМ»
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 11 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Хабари рӯз, Боздид 914
Рӯзи 10-уми феврали соли равон дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон доир гардид.
Дар ҷамъомад асосан ду масъала- иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар ва ҷаласаи ҷамъбастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, рафти омодагиҳо ба ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷаласаро раиси вилоят, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода оғоз намуда, ироа дошт, ки раисони шаҳру ноҳияҳо, масъулини ташкилоту муассисаҳо баҳри амалӣ гардидани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат бояд тадбир андешанд. Яке аз масъалаҳои асосие, ки дар Паём аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардида буд, рушди соҳаи саноат мебошад ва раисони шаҳру ноҳияҳо низ муаззаф гардиданд, ки бо мақсади татбиқи бемайлони саноатикунонии босуръати кишвар мушкилоти ҷойдоштаи соҳаро ҳаллу фасл намоянд. “Айни замон баҳри рушди соҳаи саноат дар вилояти Хатлон имкониятҳои васеъ мавҷуданд, - таъкид дошт раиси вилоят.- Аз ҷумла омода намудани либосҳои мактабӣ барои толибилмон, бунёди коргоҳу корхонаҳои дӯзандагӣ ва муҳим аз ҳама, дастгирии хайётон дар ин радиф зарур аст. Дар миқёси вилоят ҳамасола теъдоди хонандагон меафзояд ва талаботи либоси мактабӣ низ зиёд аст. Аз ин рӯ, масъулини шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки баҳри истифодаи захираҳои мавҷуда бештар андешанд”.
Ҳамчунин, дар ҷамъомад оид ба бунёду таъсиси корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ба низом даровардани фаъолияти корхонаҳои атласу адрас, истеҳсоли ҷӯробу либос, маводи ғизоӣ, аз ҷумла орд, равған, зиёд намудани фабрикаҳои мурғпарварӣ, пешгирӣ аз талафоти неруи барқ, ба танзим даровардани нақлиёти мусофирбар ибрози андеша намуданд. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба масъулини соҳаҳои дахлдор ва раисони шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла картошкапарварӣ, бунёди боғу токзор дастур доданд. Яке аз масъалаҳои дигаре ки дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят матраҳ гардид, омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни бузурги кишвар дар вилояти мо иншоотҳои зиёди истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии банақшагирифташуда, ки бештари онҳо иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва варзиш мебошанд, бунёд ва ба истифода супорида шуда, бо ҳамин роҳ ҷойҳои нави корӣ муҳайё карда шуданд.
Тавре, ки дар Паёми Сарвари давлат омадааст: “Соли 2020 бо тамоми мушкилоташ собит намуд, ки мо барои боз ҳам беҳтар зистан, обод намудани ватани азизамон ва тараққӣ додани давлати соҳибистиқлоламон неру, имконият, таҷриба, шароит ва захираҳои заруриро дорем. Мо бояд ташаббускору ташкилотчӣ бошем ва саҳми бевоситаи худро дар ободии мулки аҷдодӣ гузорем. Яъне корро ба хотири ободии ватани маҳбубамон тарзе ташкил кунем, ки дар раванди созандагӣ ҳар як шаҳрванди мамлакат шарик ва саҳмгузор бошад”.
Ба ин хотир дар ҷаласа таъкид рафт, ки ҳамаи иншооти ҷашнии ба - нақшагирифта то ҷашни 30-солагии Истиқлоли кишвар бо тарҳи баланди меъморӣ, хушсифату саривақт сохта ба истифода дода шавад. Ба ин мақсад бояд соҳибкорони бо нангу номуси ватаниро ҷалб намуда, инчунин, дар ободии ватан кулли шаҳрвандони вилоят саҳми арзанда гузоранд.
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04