ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА: «ҲАҚИҚАТНИГОРИИ РӮЗНОМАНИГОРОНРО МЕПИСАНДАМ»
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 11 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Хабари рӯз, Боздид 951
Дар Кохи фарҳанги маркази вилоят-шаҳри Бохтар нишасти матбуотии раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо намояндагони ВАО баргузор гардид.
Раиси вилоят дар оғоз аз нуктаҳои муҳими Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, дастуру супоришҳо ва ҳадафҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар соли ҷашни пуршукӯҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар боби иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ, бунёду азнавсозиҳои иншоотҳои ҷашнӣ суханронӣ намуд. Ҳамчунин, афзуд, ки фаъолон ва аҳли заҳмати вилояти Хатлон дар соли 2020 бо ҳидоят ва супоришҳои Президенти мамлакат, ки зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят, вохӯриву мулоқотҳо бо фаъолон, собиқадорон, ятимони кулл, аҳли зиё баён карданд, собитқадамона меҳнат намуда, ба дастовардҳои назаррас муваффақ гардиданд.
Дар ҳақиқат, чуноне аз сарчашмаҳо бармеояд, соли гузашта иҷрои нақшаи андозҳо бо назардошти андози ғайрибуҷетӣ 101,7 фисад таъмин гардид, ки ин нисбат ба соли 2019-ум 66,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра 38 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда, маблағи азхудшуда ба 448,9 миллион доллари амрикоӣ баробар аст.
Соли сипаригардида дар миқёси вилоят 62987 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд ва аз ҳисоби баргузории ярмаркаҳо 4286 нафар, дар умум 6539 соҳиби кори доимӣ шуданд.
Дастовардҳои кишоварзон дар соли 2020 нисбатан назаррас аст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 16985,3 миллион сомониро ташкил дод. Кишоварзон баробари зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот нақшаи содиротро низ 120 фоиз иҷро намуданд.
Боиси зикр аст, ки соли гузашта новобаста ба паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19 ва шиддат гирифтани хавфи иқтисодӣ соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят бо назардошти дастовардҳои баланди кишоварзон, дар ин баробар рушди саноату сохтмон пешрафта гардиданд. Аз ҷумла, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 8 милларду 810,9 миллион сомонӣ расид, ин нисбат ба соли 2019-ум 313,8 миллион сомонӣ зиёд аст. Корҳои сохтмонӣ, махсусан дар самти бунёду азнавсозии иншоотҳои ҷашнӣ, намоён аст. Дар ин самт соҳибкорони муваффақ, саховатмандону ҳимматбаланд ва сокинони маҳал низ саҳми арзанда доранд, ки муассисаҳои таълимиву тиббӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва маданиро ба истифода додаанд.
Дар нишасти матбуотӣ намояндагони васоити ахбори омма оид ба масъалаву мушкилоти мавҷуда савол дода, посухҳои умедбахш гирифтанд. Раиси вилоят ба як гурӯҳ собиқадорони матбуот, кормандони расонаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ сипоснома ва туҳфаҳои арзанда тақдим намуд.
Вахшона,
И. Ҳасанов,
«Хатлон»
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04
-
18-02-2021, 04:03