НИШАСТИ МАТБУОТӢ ВА ҚАДРДОНИИ РӮЗНОМАНИГОРОН
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 10 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз, Боздид 1 164
Дар Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар нишасти матбуотии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо иштироки доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма доир гардид. Пас аз миннатдории раиси вилояти Хатлон ба рӯзноманигорон барои ҳамкории доимӣ ва тарғиби сиёси имрӯзаи давлату ҳукумати мамлакат, як қатор фаъолон ва собиқадорони матбуот қадрдонӣ карда шуданд. Дар ин баробар, суолу ҷавоби озоди рӯзноманигорон бо Қурбон Ҳакимзода баргузор гардид.
- Заҳмати тамоми кормандони воситаҳои ахбори оммаи сатҳи маҳаллӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиеро, ки дар соли 2020 – соли душвори паҳншавии бемории сироятии коронавирус якҷоя бо мақомоти давлатӣ ба халқу миллат хизмат намуданд, мо қадр мекунем ва сипосгузорем, - зикр кард раиси вилоят. - Дар ҳақиқат, мо эҳсос мекунем, ки эҷодкорони Хатлонзамин ҳамеша аз манфиатҳои миллию давлатӣ пуштибонӣ намуда, дар муқобили таҳоҷуми иттилоотии ҳаракату гурӯҳҳои иртиҷоӣ муқовимати устувор нишон медиҳанд ва мардумро ба роҳи дуруст ҳидоят мекунанд.
Қайд гардид, ки ки новобаста аз шароити душвори паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19 ва шиддат гирифтани хавфҳои иқтисодӣ рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон дар соли 2020 таъмин гардид.
Соли сипаригардида, дар натиҷаи ба роҳ мондани фаъолияти пурсамар нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуҳлати рушди минтақавии вилоят ба 22 миллиард 80,4 миллион сомонӣ расида, нисбати соли 2019-ум 993,6 миллион сомонӣ ва ё баробари 4,5 фоиз афзоиш ёфт.
Нишондоди мазкур ба ҳисоби миёна ҳар як нафар 6,5 ҳазор сомонӣ рост омада, нисбати нишондоди соли 2019-ум ба ҳар сари аҳолӣ 568,5 сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳиссаи вилоят дар маҷмӯи маҳсулоти минтақавии ҷумҳурӣ 26,8 фоизро ташкил медиҳад.
Соли гузашта дар вилоят иҷрои нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 101,7 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 1 млрд. 533,6 миллион сомонӣ маблағ ворид карда шуд, ки нисбати нақшаи пешбинишуда ва ҳам соли 2019 зиёд мебошад.
Соли гузашта аз ҷониби бонкҳои вилоят ба бахши соҳибкории хурду миёна ба маблағи 1 миллиарду 614 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ пешниҳод карда шуданд, ки ин нисбат ба соли 2019-ум 217,8 миллион сомонӣ зиёд буда, 115,6% мебошад.
Аз ҷумла, ба соҳаҳои кишоварзӣ 496,7 миллион сомонӣ (30,8%), саноат, сохтмон ва нақлиёт 473,3 миллион сомонӣ (29,3%), савдо 369,6 миллион сомонӣ (22,9%), рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 13,7 миллион сомонӣ (0,8%) ва дигар соҳаҳо 260,7 миллион сомонӣ (16,2%) равона карда шудааст.
Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки ба хориҷи мамлакат аз шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 108 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шуда, дурнамои пешбинишуда 120 фоиз таъмин гардид. Аз ҳаҷми умумӣ 92260 тонна сабзавот, аз он 89366 тонна пиёз, 63 тонна полезӣ, 7401 тонна мевагиҳо, 59,5 тонна каду, 5738 тонна ангур ва 2482 тонна дигар намуди маҳсулотро ташкил дода, нисбати дурнамо 18 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Тариқи истгоҳҳои роҳи оҳани Тоҷикистон, минтақаи Хушодӣ - Термез 41 вагон ба миқдори 2109 тонна сабзӣ, пиёз, пахта ва 131 вагон ба миқдори 8577 тонна семент содирот шудааст.
Ҷиҳати таъмини бозорҳои истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тоза дар майдони 56,7 гектар гармхонаҳои доимоамалкунанда кишти барвақтӣ гузаронида шуда, аз ин ҳисоб 2533,5 тонна сабзавот, аз ҷумла 1382,1 тонна помидор, 440,1 тонна бодиринг ва 711,3 тонна дигар маҳсулоти сабзавотӣ ҷамъоварӣ гардид.
Ғайр аз ин, аз 737,7 гектар гармхонаҳои мавсимии мавҷуда 32126 тонна маҳсулот, аз он ҷумла 8843 тонна помидор, 10238 тонна бодиринг ва 13045 тонна дигар сабзавотиҳо ҷамъоварӣ гардида, давра ба давра ба фурӯш пешниҳод карда шуд.
Ҷиҳати татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат, аз тамоми имкониятҳо пурсамар истифода намуда, соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 8 миллиарду 810,9 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбати соли 2019-ум 313,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар вилоят 153 адад номгӯи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мешавад.
Дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, ҳиссаи саноати коркард - 48,2 фоиз, истихроҷи маъдан - 4,3 фоиз, истеҳсоли нерӯи барқ - 47 фоиз ва хизматрасонии об – 0,5 фоизро ташкил медиҳад.
Соли сипаригардида ҳаҷми истеҳсоли зиёда аз 100 номгӯи маҳсулоти саноатӣ дар муқоиса нисбати соли 2019 афзоиш ёфта, аз 103,7 фоиз то 6 маротиба зиёд таъмин гардид.
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04
-
4-02-2021, 00:16