Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ТУҲФАИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА РАҶАБАЛӢ АЛИШЕР


ТУҲФАИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА РАҶАБАЛӢ АЛИШЕР


Ҳангоми сафари корӣ раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба ноҳияи Ҷайҳун зимни қабули шаҳрвандон сокини Ҷамоати деҳоти “Панҷ”, деҳаи Ваҳдат нафақахӯр Холмо Пӯлодова бобати дастрас намудани аробачаи маъюбӣ ба фарзандаш муроҷиат намуд. Раиси вилоят худи ҳамон лаҳза ба масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати таъмини аробачаи маъюбӣ дастур доданд ва нимаи дуюми рӯз ба ҳоҷатманд аробачаи маъюбӣ супорида шуд. 

Дар ҳақиқат, барои як нафаре, ки имконияти дидани табиати зебо, суҳбат намудан ба ҳамсолону сайругашт намудан дар кӯчаву ҳавлӣ надорад, ин туҳфаи раиси вилоят бисёр олист. Азбаски барои Раҷабалӣ Алишери 26 сола-писари Холмо Пӯлодова, бинобар маҳдуд будани имконияти ҷисмониаш берун баромадану дидани табиати зебои диёр ғайримкон буд. Аз ин иқдоми роҳбарияти вилоят хурсандии Раҷабалӣ ҳадду канор надошт.

Ҳамчунин, ба ин хонадон маводи озуқа ва доруворӣ низ супурда шуд. Дар ин баробар роҳбари вилоят ба масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун ва сардухтури КАТС-и ноҳия дас-тур доданд, ки вазъи сиҳатии Раҷабалиро пайваста таҳти назорат қарор дода, кумакҳои тиббӣ расонида шавад. Холмо Пӯлодова ва ҷигарбандаш Раҷабалӣ аз сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуданд. Бояд гуфт, ки зимни Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ нисбати дастгирӣ ва ҳифзи иҷтимоии маъюбон, нафақахӯрон, шахсони камбизоат махсус таъкид  ба амал омадааст.

 

ВАХШОНА,

“Хатлон

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода