АЁДАТИ СОБИҚАДОРИ МЕҲНАТ
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 04 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Хабари рӯз, Боздид 1 033
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Ҷайҳун собиқадори меҳнат Назаралӣ Абдурасуловро аёдат намуд.
Назаралӣ Абдурасулови 68-сола собиқаи беш аз 40-солаи кор дар самти иқтисоду кишоварзӣ ва хизмати давлатӣ дорад. Солҳои 2006-2016 дар мақоми муовини якуми раиси ноҳияи Ҷайҳун кори пурсамар кардааст.
Заҳматҳояш бо ифтихор-номаҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси вилояти Хатлон қадрдонӣ карда шудаанд.
Раиси вилоят аз замини наздиҳавлигии Н. Абдурасулов дидан карда, барои истифодаи самарабахши он баҳои баланд дод.
Назаралӣ Абдурасулов 18 сотих замини наздиҳавлигиашро ҳамроҳи фарзандон пурсамар истифода намуда, ҳар сол то се ҳосил мерӯёнад. Инчунин, дар гармхонааш лимӯпарварӣ карда, аз ҳисоби даромадаш корҳои ободонӣ ва боғ бунёд мекунад.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода фаъолияти бисёрсолаю бенуқсони Н. Абдурасулов, дастовардҳояш дар соҳаи кишоварзию боғдориро намунаи ибрат арзёбӣ карда, қайд намуд, ки аз таҷрибаю машварати ӯ дар пешбурди корҳои кишоварзӣ мутахассисони ҷавон бояд фаровон истифода баранд.
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04