Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ҒОЛИБОН БО МУКОФОТҲОИ ПУЛӢ ҚАДРДОНӢ ШУДАНД


ҒОЛИБОН БО МУКОФОТҲОИ ПУЛӢ ҚАДРДОНӢ ШУДАНД


23-юми январи соли 2021 бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, муовини Вазири маориф ва илми кишвар Нуралӣ Собирзода дар театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии  ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар вохӯрӣ бо ҷоизадорони даври ниҳоии озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", докторон, пажӯҳишгарон, номзадҳои илм дар соҳаи маориф, соҳаи тандурустӣ ва гирандангони гранти раиси вилояти Хатлон аз ҳисоби занону бонувон доир гардид. 

Нахуст, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода оид ба моҳияти озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи донои китоб аст" сухан ронда, қайд намуд, ки бо ташаббуси хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни мазкур дар сатҳи ҷамоат, шаҳру ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ баргузор ва натиҷагирӣ гардида, барои дарёфти истеъдодҳои нав ва ҷалби мардум ба китобу китобхонӣ заминаи муносиб гузошта шуд. 

-Дар соли 2020 тибқи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо 14 нафар, аз ин 12 нафар аз муассисаҳои олии таълимӣ ва 2 нафар аз муассисаҳои тиббӣ довталаб буданд. Боиси хурсандист, ки аз ин  2 нафар рисолаи докторӣ ва 12 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя карданд,-қайд кард раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода.

Дар мавриди иштирок дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бошад, раиси вилоят изҳордошт, ки аз ҳамаи қишрҳои ҷомеа дар умум 5100 нафар дар даври якуму дуюм ширкат варзида, аз ин теъдод 637 нафар ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. 

Даври вилоятии озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" дар ду минтақа, шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб, дар сатҳи баланд баргузор ва натиҷагирӣ карда шуда, 83 нафар бо Диплом, Ифтихорнома, маблағҳои пулӣ ва 101 нафар бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд. 

Мувофиқи маълумот, барои ҷалби ғолибони даври вилоятии озмуни мазкур ва ҷалби бештари аҳолӣ ба китоб аз ҳисоби буҷети вилоят 166 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд, ки нисбати соли 2019-ум 79 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар даври ҷумҳуриявии озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" аз вилоят 92 нафар довталаб иштирок карда, ба гирифтани 20 ҷой: 1 ҷойи якум, 7 ҷойи дуюм, 12 ҷойи сеюм сазовор гардида, бо Диплом ва маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд. 

Раиси вилоят дар ҳошияи суханрониаш ба ҷавонон чунин таъкид намуд: "Ҷавонон аз ин имкониятҳо самаранок истифода намуда, сатҳи донишандӯзии худро бояд сайқал диҳанд. Зеро ҷавонон созандагони фардои ободии кишвар ва нигаҳдорандаи мактаби бузурги илми тоҷик мебошанд".

Аз ин хотир, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тасмим гирифт, ки барои ҷойи якум 10 ҳазор сомонӣ, барои ҷойи дуюм 7 ҳазор сомонӣ ва барои ҷойи сеюм 5 ҳазор сомонӣ қадршиносӣ карда шаванд.

Ҳамчунин, дар ин рӯз 14 нафар муҳаққиқоне, ки дар соҳаи тиб, илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ба дарёфти дараҷаҳои илмии доктор  ва номзади илмҳо мушарраф шудаанд, дар ҳаҷми 10 ҳазор ва 5 ҳазор сомонӣ мукофоти ҳавасмандгардонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро гирифтанд. 

Шумораи занони соҳиб-кори инфиродии фаъолияткунанда дар вилоят сол аз сол меафзояд. Айни замон дар қайди мақомоти андоз дар вилоят 12425 нафар занон ба соҳибкорӣ машғуланд. 

Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии зиндагии занон ва рушди соҳибкории онҳо дар соли 2016-ум 29 нафар, соли 2017-ум 30 нафар, соли 2018-ум 31 нафар, соли 2019-ум 31 нафар ва соли 2020-ум 30 нафар занони соҳибкор аз шаҳру ноҳияҳои вилоят сазовори грантҳои мақсадноки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд. 

Инчунин, бо қарори раиси вилояти Хатлон аз 18 марти соли 2016, №64 "Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои раиси вилояти Хатлон оид ба дастгирӣ ва рушди соҳибкории занон барои солҳои 2016-2020" дар ҳаҷми 250 ҳазор сомонӣ ба 21 нафар занон пешбинӣ гардида, ҳамасола 21 грант ба бонувон дода мешавад. Дар чорабинии мазкур низ 21 нафар занон грантҳои раиси вилоятро барои соли 2021 дар ҳаҷми аз 8000 то 20000 сомонӣ гирифтанд.

Раиси вилоят, инчунин, изҳор дошт, ки дар баробари ҳар муҳаққиқе, ки дар соли 2021 рисолаи номзадӣ дифоъ мекунад, ба роҳбари илмии ӯ низ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад. Ҳамин гуна, дар баробари ҳар як ғолиби даври ҷумҳуриявии озмуни имсолаи "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" омӯзгори ӯ низ мукофотпулӣ хоҳад гирифт. 

ВАХШОНА,

Фирдавс УМАРОВ, 

«Хатлон»

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода