ҒОЛИБОНИ ДУ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ ҚАДРДОНӢ ШУДАНД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 17 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 602
Имрӯз, 15 октябр, бо саҳми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар театри мусиқӣ мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар маросими ҷоизасупории ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ ширкат доштанд.
Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки дар заминаи сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус таваҷҷуҳу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкилу гузаронидани чорабиниҳои маърифатӣ, ки барои ривоҷи нерӯи зеҳнӣ, суръат бахшидани раванди ихтироъкорию навоварӣ, таҳкими худшиносии мардум, муаррифии миллат дар арсаи ҷаҳонӣ дарёфти истеъдодҳои нав озмунҳои мазкур баргузор мегардад.
Ёдовар бояд гардид, ки дар 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон даври шаҳрӣ - ноҳиявии озмунҳои «Тоҷикистон-ватани азизи ман» ва «Илм-фурӯғи маърифат» гузаронида шуд ва ғолибон дар даври вилоятӣ миёни ҳам рақобат карданд. Ҳайати ҳакамон фаъолон ва беҳтарин иштирокчиёни озмунро ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат доданд. Имрӯз, нафарони роҳхат гирифта аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мавриди қадрдониҳо қарор гирифтаанд.
Бояд изҳор дошт, ки баргузории чунин озмунҳо дар сатҳи ҷумҳуриявӣ барои ривоҷу равнақ додани нерӯи зеҳнӣ, баланд бардоштани сатҳи ихтироъкорӣ ва руҳбаланд намудани шахсони бомаҳорат ҳиссагузор аст.
Ҷасури ҚИЁМИДДИН «Хатлон»
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00