Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА ДАР АЁДАТИ СОБИҚАДОРИ МЕҲНАТ


ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА ДАР АЁДАТИ СОБИҚАДОРИ МЕҲНАТ


Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода тибқи анъанаи роиҷ, 16 январ ба аёдати собиқадори хизмати давлатӣ Абдулмуъмин Улфатов рафт.

Зимни суҳбат бо меҳтари меҳнат А. Улфатов раиси вилоят аз фаъолияти бисёрсолаи бенуқсони ӯ ёдовар гардида, ҳадяҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро супорид ва барояш осоиши зиндагӣ, рӯзгори босаодат ва саломатии бардавом таманно кард.

Қайд гардид, ки ному фаъолияти Абдулмуъмин Улфатов намунаи ибрат буда, ҷавонон аз ӯ дарси одамият ва заҳматкашиву ватандӯстӣ меомӯзанд.

- Мардуми сарбаланди вилояти Хатлон заҳматҳои бисёрсола ва бенуқсони Шуморо дар корзори меҳнат, чун ходими давлатӣ, масъули арсаи кишоварзӣ, мутахассиси соҳибиззат ва сиёсатмадори собиқадор хуб мешиносанд ва қадр мекунанд, - изҳор дошт раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода.

Абдулмуъмин Улфатов дар гузашта раисии ноҳияҳои Кӯшониёну Қубодиёнро ба уҳда дошта, сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар ҷодаи хизмати давлатӣ шогирдони зиёдеро тарбия кардааст.

Раиси вилоят ҳангоми мулоқот бо Абдулмуъмин Улфатов изҳори итминон кард, ки ӯ боз солҳои зиёд тамоми донишу таҷрибаи худро барои ободии кишварамон, пойдории сулҳу суботи ҷомеа, саҳмгузорӣ дар пешрафти иқтисодиёти кишвар ва дигар ҳадафҳои бунёдкорона равона сохта, бо идомаи амалҳои созандаи худ барои ояндаи дурахшонтари давлату миллат таъсирбахш хоҳад буд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии 

дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода