Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГИИ СОКИНОНИ ДЕҲОТ


БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГИИ СОКИНОНИ ДЕҲОТ


16 январ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар Ҷамоати деҳоти “Меҳнатобод”-и ноҳияи Кӯшониён ба меҳмонии якчанд оила омада, ба ҳолати истифодаи самараовари қитъаҳои замини наздиҳавлигии онҳо баҳои баланд дод.

Зимни боздид аз замини наздиҳавлигии оилаи Ворисовҳо иттилоъ дода шуд, ки масоҳати замини наздиҳавлигии онҳо аз 0,13 га иборат буда, айни ҳол дар ин замин картошка, гулкарам, сабзавот, аз ҷумла сабзӣ, турб кишт карда шудааст. Нурмаҳмад Ворисов қайд кард, ки дар гармхонааш 4 ҳазор ниҳоли қулфинайро парвариш мекунад ва маҳсулоти тайёрро дар нимаҳои моҳи март ба бозор мебарорад.

Нурмаҳмад бо аҳли оилааш ҳар сол аз замини наздиҳавлигиаш ду тонна боимҷону қаланфури булғорӣ ва беш аз ду тоннаи дигар ҳосили карамро ба даст меорад.

Оила бо мақсади омодагӣ ба давраи зимистонгузаронӣ зиёда аз 500 кг гандум, 280 адад зарфҳои консервагӣ, ним тонна пиёз, инчунин картошка ва ба миқдори зарурӣ донагиҳо захира намудааст.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар ин деҳа, ҳамчунин, аз замини наздиҳавлигии оилаи Шарифовҳо дидан намуд. Масоҳати замини наздиҳавлигии ин оила 0,15 гектарро ташкил дода, дар қитъаи замини наздиҳавлигӣ картошка, гулкарам, сабзавоту полезӣ кишт шудааст. Оилаи Шарифовҳо низ гармхона барои парвариши қулфинай дошта, солона то ду-се ҳосил мерӯёнанд.

Раиси вилоят зимни мулоқот бо аъзои ин хонаводаҳо қайд кард, ки имрӯз зарурати истифодаи пурсамари ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёрдошта ба миён омадааст. Ҳар як оилаи деҳотӣ бояд ҷиҳати рӯёнидани ду-се ҳосил аз як замин ва дар ин замина таъмини захираи озуқа барои ду соли оянда ҷидду ҷаҳд намояд.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода