Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » «НИЁЗМАНДОНРО САРПАНОҲ МЕШАВЕМ»


«НИЁЗМАНДОНРО САРПАНОҲ МЕШАВЕМ»


Дар доираи ин иқдом ба 60 нафари

ниёзманд кумак расонида шуд

Шаст нафар бошандагони Маркази ҷумҳуриявии тавонбахшӣ ва будубоши пиронсолону маъюбон дар ноҳияи Кӯшониён дар арафаи Соли нави мелодӣ соҳиби туҳфаҳои раиси вилояти Хатлон гардиданд.

29 декабри соли 2020 раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар пайравӣ аз ташаббуси инсондӯстонаю хайрхоҳонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аёдати бошандагони ин муассиса рафта, бо вазъи будубош, таъминот ва табобати маъюбон ва пиронсолони он шинос гардид.

Тавре ки Муҳаммадрасул Достиев, сарвари Муассисаи давлатии “Маркази тавонбахшӣ ва  будубоши  пиронсолону   маъюбон” дар ноҳияи Кӯшониён иттилоъ дод, ин муассиса моҳи ноябри соли 2014 ҳамчун “Хона-интернати бемориҳои рӯҳӣ”-и дорои 100 кат аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мавриди истифода қарор гирифтааст.

Баъдан 25 марти соли 2015 ба “Маркази ҷумҳуриявии тавонбахшӣ ва будубоши доимии пиронсолон ва маъюбон” дар ноҳияи Кӯшониён табдил дода шудааст.

Мавриди зикр аст, ки дар ин марказ шароити мусоиде барои будубоши бошандагон фароҳам мебошад. Муассиса пурра ба зимистон омода буда, биноҳои он дорои низоми ягонаи гармидиҳӣ аст ва дар марказ барои фасли сармо 96 тонна ангишт, 30 куб ҳезум ва 250 литр сӯзишворӣ захира карда шудааст. Дегхонаи назди марказ 24 соат кор карда, биноро бо гармӣ таъмин мекунад. Имрӯз аз неруи барқ дар муассиса танҳо барои равшанидиҳӣ истифода мебаранд.

Инчунин, тавре ки иттилоъ дода шуд, дар муассиса 2700 кг картошка, 930 кг пиёз, 350 литр равған, 3500 кг орд ва 960 кг дигар анвои маводи ғизоӣ захира карда шудааст.

Ҳоло дар муассиса 58 нафар бошандагон, аз ҷумла 41 нафар мард ва 19 нафар зан (22 нафарашон русзабонанд) зиндагонӣ мекунанд ва ба онҳо се маротиба хӯроки гарм дода мешавад. Ба бошандагони дардманд хизматрасонии маҳсдармонӣ, гиёҳдармонӣ ва дигар намуди табобатҳо пешниҳод мешавад.

Тибқи дархости бошандагони марказ, бо дастури раиси вилоят ба китобхонаи муассиса имрӯз беш аз 50 адад адабиёти тозанашри бадеию таърихӣ тақдим гардида, дар ояндаи наздик боз китобҳои бадеӣ ва махсус (барои нобиноён) дастрас карда мешавад.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни шиносоӣ аз ҳуҷраҳои зисти чанде аз бошандагон бо онҳо суҳбати самимӣ анҷом дода, аз вазъи саломатӣ ва шароити нигоҳубинашон пурсон шуд.

Пасон, зимни тақдими либосҳои гарм ва шириниҳо ба бошандагони марказ раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода таъкид намуд, ки ғамхорӣ дар ҳаққи маъюбону бепарасторон, шахсони танҳою ниёзманд ва дастгирии онҳо самти муҳимми сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар тамоми қаламрави вилоятамон қишри эҳтиёҷманди аҳолӣ аз иқдому ташаббуси хайрхоҳонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳравар мешаванд. 

“Давлат ва Пешвои миллат ҳамеша шуморо дастгирӣ мекунанд ва ҳеҷ гоҳ намегузоранд, ки шумо худро танҳову бесарпаноҳ эҳсос намоед”, - афзуд раиси вилоят.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар Маркази ҷумҳуриявии тавонбахшӣ ва будубоши пиронсолону маъюбон дар ноҳияи Кӯшониён 40 нафар маъюбон, аз ҷумла 9 маъюби гурӯҳи якум, 30 нафар маъюбони гурӯҳи дуюм, 1 маъюби гурӯҳи сеюм, 17 нафар пиронсолон, 3 нафар шахсони яккаву танҳо, 7 нафар беморони бистарӣ ба табобат ва назорат фаро гирифта шудаанд.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода