Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВИЛОЯТИИ МУТОБИҚСОЗИЮ МЕТОДӢ ОИД БА ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВИЛОЯТИИ МУТОБИҚСОЗИЮ МЕТОДӢ ОИД БА ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН


30 декабри соли 2020, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи Шӯрои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди раиси вилояти Хатлон баргузор гардид.

Дар ин ҷаласа, ки таҳти раёсати раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода барпо шуд, аъзоёни Шӯрои вилоятӣ, котиби Шӯро, муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, муовинони раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят ва роҳбарони баъзе  ташкилоту муассисаҳои   вилоятӣ    иштирок доштанд.

Дар ҷаласа гузориши Н. Муродзода, сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои пешгирии нашъамандӣ ва оқибатҳои суй-истеъмоли он, инчунин, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои оммавии варзишию фарҳангӣ дар самти пешгирии нашъамандӣ ва мунтазам гузаронидани суҳбату вохӯриҳо дар байни аҳолӣ, махсусан бо наврасону ҷавонон ва донишҷӯён шунида шуд.

Дар ҳисоботи муовини раиси суди вилоят масъалаи судҳои сайёр аз ҷониби судҳои вилоят ва таъсири он дар баландбардории маърифати ҳуқуқии аҳолӣ доир ба баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, гражданӣ, оилавӣ ва иқтисодӣ мавриди таҳлилу натиҷагирӣ қарор гирифт.

Дар ҷаласа, ҳамчунин, сардори идораи телевизион ва радиои вилоят С. Муҳаммадғоиб доир ба ташкил намудани барномаи телевизионӣ «маслиҳати ҳуқуқӣ-иҷтимоӣ» бо ҷалби ҳуқуқшиносон, иқтисодчиёну дигар мутахассисони соҳавӣ, инчунин, эмомхатибон ва аҳли уламо бо мақсади посух додан ба саволҳои шаҳрвандон гузориш дод.

Сардори Раёсати адлияи вилоят С. Салимзода доир ба омода намудани маҷмӯаи санадҳои меъ-ёрии ҳуқуқӣ дар самти таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва дастрас намудани он ба Шӯроҳои шаҳриву ноҳиявӣ, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо иттилоъ дод. Мавсуф, инчунин, дар мавриди таъсис додани хатҳои маълумотдиҳии телефонӣ, ки оид ба қонунгузорӣ ва хизматрасонии ҳуқуқӣ иттилоот пешкаш менамоянд, инчунин, ҷорӣ намудани хатти алоқаи маълумотдиҳӣ, ки операторони он хусусияти мушкилии муроҷиаткунандагонро таҳлил карда тавонанд, маълумоти умумиро оид ба роҳҳои ҳалли он пешкаш намоянд ва ё ба мақомот ва ташкилотҳои дахлдор равон созанд, сухан гуфт.

Дар ҷаласаи Шӯрои вилоятӣ, ҳамчунин, ҳисоботи комиссари ҳарбии вилоят У. Солизода оид ба рафти корҳои омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2021, гузориши мудири шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон М. Шарифзода шунида шуд. Комиссари ҳарбии вилоят иттилоъ дод, ки бо мақсади ҳавасмандӣ ва омодагии касбии даъватшавандагон бо маблағгузории мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят 1180 нафар ва бо маблағгузории Вазорати мудофиа 301 нафар ҷавонони даъватшаванда ба омӯзиш дар курсҳои ройгони ронандагӣ, кафшергарӣ, сартарош, ошпаз ва дигар ихтисосҳо ҷалб карда мешаванд.

Аъзои Шӯро нақшаи вобастнамоии роҳбарони сохторҳои қудратӣ дар вилояти Хатлон ва аъзоёни Шӯрои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди раиси вилояти Хатлон ҷиҳати таъмини иҷрои қарорҳои раиси вилояти Хатлон оид ба омодагӣ ба даъвати баҳорӣ, ба қайди ибтидоӣ гирифтан ва тайёр намудани мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати баҳории соли 2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилоятро тасдиқ намуданд. 

Дар баробари ин, лоиҳаи нақшаи Шӯрои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди раиси вилояти Хатлон барои фаъолияти кории соли 2021 баррасӣ ва бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо тасдиқ гардид.

Дар интиҳои ҷаласа раиси Шӯрои вилоятӣ, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва аъзоёни Шӯро дастур дод, ки баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 декабри соли 2020 баён доштанд, чораҳои дахлнопазир андешида, бо назардошти он, ки соли 2021 барои сокинони сайёра соли вазнинтарин пешбинӣ шудааст, барои сарфакорона истифода намудани неруи барқ, ҷамъоварии маблағҳои неруи барқи истифодашуда, таъмин намудани аҳолӣ бо неруи барқу гармӣ, маводи ғизоӣ, вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, истифодаи самарабахши заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, суръатбахшии кишти тирамоҳӣ ва тайёрӣ ба кишти баҳорӣ, истифодаи самараноки гармхонаҳо, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, омода кардани тухмиҳои аълосифат, афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ниёзи аввалия, дар кишти соли 2021-ум 40 фоиз зиёд намудани кишти картошка ва 60 фоиз ғалладонагиҳо, расонидани кумакҳои моддӣ ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа ва дар маҷмӯъ, андешидани тадбирҳо оид ба беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар ва назорати нархи маҳсулот дар бозор, алалхусус дар арафаи соли нав ва дигар идҳо, бештар намудани корҳои ташвиқу тарғиб тадбирҳои заруриро роҳандозӣ карда, фаъолияти гурӯҳҳои кориро дар ин самт таҳким бахшанд.

Инчунин, дастур дода шуд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз мавҷи дуюм ва сеюми хурӯҷи коронавирус (COVID-19) дар кишвар корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, безараргардонӣ, тарғибу ташвиқи чораҳои мубориза бар зидди беморӣ, пӯшидани ниқобҳои муҳофизатӣ дар кӯчаву ҷойҳои ҷамъиятӣ, мағозаву дорухонаҳо ва бозорҳо зери назорати ҷиддӣ қарор дода шавад.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода