Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ОҒОЗИ САФАРИ КОРИИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН


ОҒОЗИ САФАРИ КОРИИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН


Сарвазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Расулзода ба ноҳияҳои Данғара, Темурмалик, Восеъ, сафари корӣ анҷом дод. Саравазири мамлакатро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳамроҳи намуда, нахуст аз раванди корҳои сохтмонии бинои нави 5 ошёнаи шуъбаи бемориҳои сироятӣ дар ҳудуди Беморхонаи Марказии ноҳияи Данғара боздид намуданд.

Сарвазири мамлакат ҷиҳати бо сифат ва мувофиқи талаботҳои меъморӣ пурра омода кардани бинои шуъбаи мазкуро ба масъулин дастурҳои мушаххас доданд. Гуфта шуд, ки фармоишгари ин иншоот Раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон буда, пудратчии он ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хизматрасонии сохтмони асосӣ» маҳсуб меёбад.

Иттилоъ дода шуд, ки ин Беморхона дар як баст метавонад то 500 беморро қабул намояд.

Дар ҷараёни ин сафар меҳмонон аз марҳилаи ба истифододадиҳии хати обии тозаи нушокӣ воқеъ дар деҳаи офтобруяи ноҳия дидан намуда, барои ба деҳаҳои ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳия кашидани хати оби мазкур супоришҳои қатъӣ доданд.

Сипас меҳмонони расмӣ бо мақсади боздид аз рафти корҳои сохтмонӣ ба ноҳияи Темурмалик раҳсипор шуданд. Зимни ин сафар Сарвазири мамлакат ва дигар шахсони расмӣ нахуст аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар қасри фарҳанги ҷамоати деҳоти Кангурт боздид каранд. Дар ин бино сохмончиёни бомаҳорат ҷалб шуда, ба усули нави замонавӣ ин қасрро бунёд доранд. Ҳунармандони кандакор барои зебову барҳаво бунёд шудани қасри мазкур малакаи хешро дар сатҳи баланд нишон дода исодаанд. Дар идомаи ин сафар меҳмонон аз дигар иншоотҳои сохташаванда дидан карданд. Ҳамзамон Сарвазири кишвар ва дигар меҳмонон бинои нави Раёсати агентии ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақаро дар ҷамоати шаҳраки Савет мавриди истифода қарор дода, бо бархе аз нафақахурони ноҳия сӯҳбату вохурӣ анҷом доданд. Дар ҷараёни сафари корӣ раванди корҳои сохтмониро дар иншооти Парчам ва нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмонон дидан карданд.

Сипас, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода корҳои сохтмониро дар Колеҷи тибии байни ноҳиявии ҷамоати шаҳраки мазкур назорат карда, ҷиҳати бо талаботҳои сохтмонӣ ҷавобгӯ будани бино дастур доданд. Гуфта шуд, ки бинои мазкур сеошёна буда дорои 14 синфхона 6 лабаратория аст, ки барои 250 нафар пешбинӣ гардиааст.

Дар идомаи сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва дигар меҳмонон ба ноҳияи Восеъ ташриф оварданд. Меҳмонон дар ифтитоҳи бинои 5 ошёнаи истиқоматӣ, ки дар ошёни якуми он маркази савдо сохта шудааст, ширкат намуда, барои дар сатҳи баланди меъморӣ сохта шудани бино изҳори қаноатмандӣ намуданд. Хонаи истиқоматӣ бо тарҳу усули замонавӣ сохта шуда, метавонад барои аҳолии ноҳия хидмат кунанд. Бинои мазкур аз тарафи соҳибкори ноҳия сохта шуда, туҳфаи арзанда ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар арзёбӣ мешавад. Сарвазири мамлакат дар саҳни бинои мазкур бо сокинони ноҳия вохурӣ анҷом дода, ҷиҳати иҷрои дастурҳои давлату ҳукумати кишвар ва истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолият дастуру супоришҳо доданд. Ҳамзамон зимни ин сафар Сарвазири мамлакат дар мавриди истифода қарор додани маркази савдо, аз ҷумла фурӯши қолинҳо ва мебелҳо дар ҷамоати шаҳраки Ҳулбук иштирок намуда, бо сокинон вохурӣ анҷом дод. Зимни баромадашон Сарвазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Расулзода муроҷиатномаи роҳбарияти олии кишварро ҷиҳати дар фасли сармо самаранок истифода бурдани нерӯи барқ ба аҳолии ноҳия расонида, қайд намуданд, ки мо мардуми шарафманди кишвар метавонем якҷоя сари роҳи маҳдудиятҳоро гирифта дар ободтар шудани Ватани худ саҳми бориз гузорем. Сарвазири кишвар ҳамзамон аз рӯи чанд масъала бо сокинон вохурӣ анҷом доданд.

Худи ҳамон рӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб аз рафти корҳои соҳилмустаҳакамкунӣ дар мавзеи фурудгоҳ, комбинати хонасозӣ, мавзеи Минтут ва аз рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ сойи Офтоблиқо дидан намуданд.Сарвазири мамлакат барои пешгири ва рафъи офатҳои табии ба мутахассисон ва фаъолон дастуру супоришҳо доданд.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода