Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА


ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА


Санаи 15-уми декабри соли равон ҷаласаи назди раиси вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар кори ҷаласа муовини аввал, муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳ, раисони шаҳру навоҳӣ, роҳбарони ташкилоту муассиссаҳои вилоятӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ширкат доштанд. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҷаласаро оғоз бахшида, таъкид дошт, ки ҳадафи аслии баргузории ҷаласа иҷроиши дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон, вусъат додани корҳои созандагию бунёдкорӣ, татбиқи амнияти озуқаворӣ, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, омода намудани тухмиҳои аълосифати маҳсулоти кишоварзӣ, назорати нархи маводҳои ғизоӣ дар бозорҳо, ҷамъоварии ҳаққи истифодаи нерӯи барқ ба шумор мебошад. Ҳамчунин зимни ҷамъомад раиси вилоят изҳор намуд, ки бобати истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ва муроҷиати роҳбари давлат дар ин самт бояд масъулини шаҳру навоҳӣ, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон гурӯҳҳои корӣ ташкил намуда, бо аҳолӣ суҳбатҳо доир намоянд. Имрӯз дар саросари вилоят таъминоти нерӯи барқ шабонарӯзӣ мебошад, вале аҳолӣ бояд аз нерӯи барқ сарфакоронаи истифода барад. Яке аз масъалаҳои дигаре, ки зимни ҷаласа матраҳ гардид, ин оқилона истифода бурдани замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигӣ, назди корхонаву муассисаҳо, новобаста аз шакли моликият ва заминҳои Президентӣ мебошад. Гуфта шуд, ки айни замон барои кишти картошка боду ҳавои мусоид аст. Дар заминҳои ғайриобӣ кишт намудани ғаладона, истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ, ҳарчи бештар намудани гармхонаҳо, кишти зироатҳои зериплёнка имкон медиҳад, ки амнияти озуқаворӣ таъмин гардад. Дар ҳақиқат соли 2021 соли махсус 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ бо сифат ва саривақт бунёд намудани иншоотҳои ҷашнӣ, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, таъмиру тармими биноҳои истиқоматӣ, маъмурӣ, тозаю озода намудани кӯчаю маҳал, ҳарчи бештар намудани кабудизоркунӣ ва гулкорӣ, аз ҷумла гули лола,  диққати ҷиддӣ додан лозим аст. Тавре иброз гардид, бино ба сабаби пешгирӣ аз хуруҷи бемории ковид – 19 чорабиниҳо бахшида ба соли нави мелодӣ манъ карда шуд ва соли нави мелодиро ҳамагон дар ҳалқаи оила ҷашн хоҳанд гирифт. Инчунин дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нафароне, ки дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ...» ширкат доштанд, дар шаҳру навоҳӣ қадрдонӣ карда шаванд. Чуноне, ки раиси вилоят гуфт дар ин чорабинӣ 150 ҳазор нафар дар ҳудуди ҷумҳурӣ ширкат намуда, 279 нафар ба даври ниҳойи озмун роҳ ёфтанд. Ҳамзамон дар ҷаласа масъалаҳои иқтисод, аз ҷумла иҷроиши босифати қисми даромади буҷет, рушди саноат, пардохти саривақтии музди меҳнат дар шаҳру навоҳӣ, масъалаи зимистонгузарронӣ ва масоили беҳдоштӣ оид ба пешгирии бемории коронавирус матраҳ гардид. Раиси вилоят Қ.Ҳакимзода ба масъулини шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳо ҷиҳати дастгирӣ аз табақаҳои ниёзманд, ятимони кул, маъюбон, хонаинтернатҳо ва дар ин баробар қисмҳои низомӣ дар арафаи соли нави мелодӣ дастуру супоришҳо доданд. 

О.Сафарзода 

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода