Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Мулоқоти Қурбон Ҳакимзода бо сафири Украина


Мулоқоти Қурбон Ҳакимзода бо сафири Украина


Имрӯз, 1 декабр, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода сафири Украина дар Тоҷикистон Василий Сервантюк Василий ва ёрдамчии ӯ Кармалита Григоревичро ба ҳузур пазируфт.
Қайд гардид, ки сиёсати дарҳои бози Тоҷикистон имкони воқеӣ фароҳам овардааст, ки 173 давлати дунё бо мамлакати мо муносибатҳои дипломатиро ба роҳ монда, ҳамкориҳоро рушди тоза бубахшанд. Дар ин радиф муносибати Тоҷикистон бо давлати Украина дар ҳоли густариш қарор дорад.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода меҳмонони укнаиниро бо вазъи иқтисодию иҷтимоии феълии вилояти Хатлон аз наздик шинос намуд. Таъкид шуд, ки вилояти Хатлон аз калонтарин вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, аз чор шаҳр ва 21 ноҳия иборат аст. Хатлонзамин вилояти аграрӣ буда, дар истеҳсоли меваю сабзавот, хушкмева, лимӯ, пахта ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар нақши муассир дорад.
Аз нигоҳи дигар, дар бунёди нерӯгоҳҳои барқии обӣ, истеҳсоли барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза вилояти Хатлон мавқеи аввалиндараҷаро ишғол мекунад. Раиси вилоят аз дастгирии давлати Украина дар самти бунёди иншоотҳои муҳим изҳори қаноатмандӣ намуда, хоҳони густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар ҳама самтҳо шуд.
Ҳамчунин раиси вилоят аз кишвари сайёҳӣ будани Тоҷикистон, бахусус вилояти Хатлон андеша баён карда, аз мавзеъҳои таърихӣ ва тамошобоби вилоят шаршараи Сарихосор, «Чилдухтарон», «Чилучорчашма», «Хоҷа Машҳад», Тахти Сангин, «Бешаи палангон» ва дигар мавзеъҳои диданӣ ёдовар шуда, халқи дӯсту бародари Украинаро ба диёри офтобӣ даъват намуд.
Дар навбати худ сафири Украина дар Тоҷикистон Сервантюк Василий аз самимияту пазироӣ дар Хатланзамин изҳори сипос намуд. Дар баробари ин чанд пешниҳоди худро оид ба густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар мисоли вилояти Хатлон миёни соҳибкорон, дастрасии техникаи ҳарбӣ, таҷҳизоти барқӣ, автобус, маҳсулоти қаннодӣ ва ривоҷи тиҷорат баён дошта, афзуд, ки соли 2021 миёни соҳибкорони тоҷику украин ҷаласаи комиссияи байнидавлатии дуҷониба дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд. Сафир аз рушди энергетика дар Тоҷикистон, густариш бахшидани ҳамкориҳо дар ҳама самтҳо, эътирофи соҳибихтиёриву соҳибистиқлолии Украина аз ҷониби Тоҷикистон изҳори умеду боварӣ намуд. Сафир таъкид дошт, ки аз пешрафту шукуфоии Тоҷикистон, бахусус, шаҳри Душанбе, мулоқоту суҳбатҳои судманд бо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ваҷд омадаасту ин кишвари офтобиро дар муносибатҳои дуҷониба бо Украина боз ҳам пешрафтатар дидан мехоҳад.
Дар мулоқот ҷонибҳо инчунин дар мавриди масъалаҳои дигари марбут ба тавсеаи ҳамкориҳо табодули назар карданд.
khatlon.tj

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода