Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Муроҷиатномаи раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба сокинони вилояти Хатлон


Муроҷиатномаи раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба сокинони вилояти Хатлон


Ҳамдиёрони азиз!

Сокинони шарафманди вилояти Хатлон аз азал бо маърифати баланди экологӣ, муносибати ғамхорона ба муҳити зист, парастишу ҳифозати табиати бешабеҳи диёрамон номоваранд. 

Гузаштагони мо дар обёриву боғдорӣ, заминкушоӣ ва кишту кор таҷрибаи ғанӣ доштанд, ки дар баробари самар бардоштан аз боғҳо, инчунин бо гулу гиёҳҳои табиӣ ба дарди ранҷурон дармон мебахшиданд. 

Мардуми Тоҷикистон ин рисолати бузургро имрӯз низ ифтихормандона идома дода, бо ободкорию созандагии худ дар сарсабзу хуррам гардонидани шаҳру ноҳия, деҳаю маҳалла, кӯчаю ҳавлӣ ва дар маҷмӯъ, дар беҳдошти ҳифзи муҳити зист саҳми муносиб мегузоранд. Зебою озода кардани ҳар як гӯшаву канор, деҳаю маҳалла, гирду атрофи идораю ташкилот ва манзили зист, шинонидани дарахтони зиёди ороишию ҳамешасабз, гулҳои гуногуни мавсимӣ, ки ҳамзамон ба саломатии инсон фоида дошта, боиси болидахотирию рӯҳбаландии сокинону меҳмонон мегардад, аз масъулияти баланди шаҳрвандии ҳар як сокини вилоят дарак медиҳад.

“Аз некон боғ” мегӯянд дар урфият. Мақсад аз ин ободкориҳо эҳё намудани анъанаҳои хуҷастаи ниёгон дар самти зебоиофарӣ, ободонӣ ва хуррамгардонии муҳити атроф, бедор намудани завқу муҳаббати насли наврасу ҷавон ба ниҳолшинонӣ, гулу гулбуттаҳо, гулпарварӣ ва ҳифзи мероси табиӣ мебошад.

Ҳамватанони азиз!

Моро лозим аст, ки дар доираи омодагӣ ба таҷлили сазовори ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Наврӯзи оламафрӯз, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кошонаи худ шурӯъ карда, ба маъракаи ниҳолшинонӣ пайвандем ва дар тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф, ободу зебо гардонидани гулгашту хиёбонҳо бо ҳисси баланди ватандорӣ, завқи зебоипарастӣ масъулияти шаҳрвандии хешро иҷро намоем, ватани азизамонро ба диёри сабзу хуррам ва ҳамешабаҳор табдил диҳем. 

Тибқи арзёбии мутахассисон, шинонидани дарахтон ба солимгардонии муҳити экологӣ таъсири мусбат гузошта, илова бар ин, ҳусни кӯчаву хиёбонҳоро меафзояд ва ба инсон рӯҳия мебахшад. Яке аз ченакҳои арзёбии сатҳи зиндагии инсон муҳити тоза ва сарсабзи зист маҳсуб гардида, муҳити зисти инсон агар аз ҷиҳати экологӣ баландсифату тоза бошад, он ба саломатии инсон таъсири мусбат мерасонад. 

Аҷдодони мо дар ҳар давру замон талош меварзиданд, ки бо такя ба арзишҳои миллӣ ва суннатҳои диниамон макони зисти худро обод кунанд, боғу гулгашт бунёд намоянд, зеро сабзкорию ниҳолшинонӣ на танҳо рамзи хуррамӣ ва ободӣ, балки рамзи покӣ, тансиҳатӣ ва зиндагии осоишта мебошад. Бо мақсади идомабахшии суннати ободкории аҷдодон ва бо дарки он ки муҳити баландсифати экологии диёрамон кафили саломатӣ ва бақои миллати мо мебошад, 20 ноябри соли 2020 амри раиси вилояти Хатлон дар бораи таъсиси Ситод оид ба вусъати корҳои ободонӣ ва тасдиқи нақшаи ниҳолшинонӣ, сабзазоркунӣ ва солимгардонии муҳити зист барои солҳои 2020-2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба тасвиб расид. Тибқи нақша дар вилоят шинонидани 418 ҳазор бех дарахтони ороишӣ, сояафкан ва ҳамешасабз, инчунин кишти майсаи ҳамешасабз ба масоҳати умумии 300 ҳазор метри мураббаъ дар назар аст. Инчунин, дар ин мавсим шинонидани 9 миллиону 952 ҳазор гулу гулбутта, аз он ҷумла 2,6 миллион адад лола, 710 ҳазор адад гули садбарг, 6,6 миллион адад гулҳои мавсимӣ ба нақша гирифта шудааст.

Замин, об, офтоб, ки аз унсурҳои муайянкунандаи асоси ҳастии одамонанд, дар Тоҷикистони биҳиштосои мо фаровонанду бо баракату сифати хосашон дар ақсои ҷаҳон назир надоранд. Имрӯз мардуми ҷаҳон иқрор мекунанд, ки табиат, обу ҳавои пок, зебоиву тароватҳои кӯҳистон, хуҷастагиҳои табиии Тоҷикистони мо беҳамтоянд ва ҳар як шаҳрванди соҳибватану баномуси диёрро мебояд ин сарватҳои табииро на танҳо ҳифз намояд, балки дар вусъати корҳои ободонӣ саҳми бевосита гузорад. 

Тавре ки ҳамагон шоҳидем, даҳҳо ҳазор гектар боғҳое, ки бо ташаббус ва иштироки бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бунёд гардидаанд, на танҳо муҳити экологии шаҳру навоҳии Тоҷикистонро беҳтар намуданд, балки бозорҳои Тоҷикистонро дар чаҳор фасли сол бо меваҳои аз ҷиҳати экологӣ баландсифат таъмин мекунанд.

Бо дарназардошти ин, аз тамоми мардуми баору номуси вилоят даъват мекунам, ки бо дастгирии сиёсати экологии Роҳбари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри боз ҳам равнақ бахшидани корҳои бунёдкорию созандагӣ ва хурраму назаррабо гардонидани ҳар як гӯшаву канори Хатлонзамин бо дасту дили пок саҳми шоистаи худро гузоранд.

Чанде пеш Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз тамоми сокинони шаҳри Душанбе даъват ба амал оварданд, ки барои ба «шаҳри сабз» табдил додани пойтахти Ватанамон саҳмгузор бошанд. Аз ҷониби муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод гардид, ки “ҳамчун нишони ҳамраъйӣ ҳар як оилаи сокини пойтахт дар мавсими ниҳолшинонӣ дар назди манзили зисташон як дарахти ҳамешасабз шинонда, онро парвариш намоянд”. 

Бовар дорам, ки сокинони заҳматқарини вилояти Хатлон низ ин иқдомро ҳамчун намунаи олии меҳанпарастӣ дастгирӣ намуда, кӯшиш мекунанд, ки макони худро ба “шаҳру ноҳияҳои сабз” табдил диҳанд. Чунин иқдом бояд ба як ташаббус ё худ ҳаракати умумимиллӣ мубаддал гашта, ҳар як шаҳрванди ватандори тоҷик дар он фаъолона иштирок намояд.

Ниҳолшинонӣ аз амалҳои нек ба шумор рафта, чун анъанаи хуб аз гузаштагон ба мо мерос мондааст. Аз ин хотир, дар мамлакат, бахусус вилояти Хатлон, маъракаи ниҳолшинонӣ ҳамасола ба як иди сарсабзу хуррамгардонии ҳақиқӣ табдил ёфта, махсусан вобаста ба хурраму сердарахт гардонидани таллу теппаҳо мардум дар он фаъолона иштирок мекунанд.

Мутмаинам, ки мардуми шарафманди Хатлонзамин дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ беш аз пеш ташаббускору пешсаф гардида, дар якҷоягӣ ба рӯзу рӯзгори шоиста ва ба “шаҳру ноҳияҳои сабз” табдил додани диёри нозанинамон ноил хоҳем шуд.

Биёед, бо ҳам Тоҷикистони азизамонро ба диёри ҳамешабаҳор табдил диҳем!

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода