Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ҚАБУЛИ САЙЁРИ РАИСИ ВИЛОЯТ


ҚАБУЛИ САЙЁРИ РАИСИ ВИЛОЯТ


Дар асоси дастуру супо-ришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раисони кумитаву вазорат, вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва дигар масъулони корхонаву муассисаҳо муваззаф гардидаанд, ки қабули шаҳрвандонро ба роҳ монанд. Арзу матлаби онҳоро шунида, баҳри роҳи ҳалли масъалаҳои мавҷуда тадбир андешанд. 

Ба ин мақсад қарори раиси вилояти Хатлон “Дар бораи тартиби қабули шаҳрвандон аз тарафи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон” ба тавсиб расида, тибқи реҷаи тасдиқгардида роҳбарияти вилоят дар шаҳру ноҳияҳо, маҳаллаҳои дурдас-ти аҳолинишин, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот қабули шаҳрвандонро доир менамоянд ва арзу дархостҳои мардум вобаста ба имкониятҳои мавҷуда ҳаллу фасл карда мешавад. Аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси вилоят давоми соли 2020 пайваста   қабули сайёр дар шаҳру ноҳияҳо, дурдастарин ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баргузор гардидааст. 

Ин навбат, раиси вилоят бо сокинони ноҳияи Ҷ. Балхӣ вохӯрда, ба арзу матлаби онҳо расидагӣ намуд. Дар  қабули раиси вилоят 22 нафар сокинони ноҳия оид ба масъалаҳои ҳалталаб арзи матлаб намуданд. Аз ҷумла, директори муассисаи таълимии №22 оид ба ҷудо намудани қитъаи замин барои идома додани сохтмони муассисаи мазкур хоҳиш намуд. Сохтмони муассиса иборат аз 10 синфхона бо дастгирии сокинони аҳолӣ оғоз гардидааст. Раиси вилоят, нисбати ин қазия таъкид дошт, ки тамоми ашёву анҷоми хониш, аз қабили мизу курсӣ ва дигар маводҳои зарурӣ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таъмин карда мешаванд. Раиси маҳаллаи Сомониёни шаҳраки Балх низ ҷиҳати кумак барои сохтмони муассисаи таълимии ибтидоӣ дар ин маҳаллаи навбунёд изҳори андеша намуд. Дар маҳаллаи навбунёд, ки дорои 500 хоҷагӣ мебошад хонандагон масофаи зиёдеро тай намуда, ба мактаби дигар деҳа мераванд. 

Ҳамин тавр, дар қабули раиси вилоят оид ба масъалаҳои таъмини оби нӯшокӣ, таъмири пул дар маркази шаҳраки Гулис-тон, идомаи сохтмони бинои нотамоми  муассисаи   таълимии  №6, дар деҳаи Зархези Ҷамоати деҳоти “Ҳаливард”, насби зеристгоҳ барои объектҳои ҷашнии ширкати Холдингии “Исмоили Сомонӣ”, ҷудо намудани қитъаи замин дар деҳаи Максим Горкий (лӯлиҳо),  насб ва таъмин намудани трансформатор ва  симчӯбҳои барқӣ дар деҳаи тозабунёди муҳоҷирони дохилии Ҷамоати деҳоти “Фрунзе” бунёди синфхонаҳои иловагӣ  ва ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ,   китъаи замин барои сохтмони муассисаи таълимӣ ва кумаки моливу моддӣ арзи матлаб намуданд. Раиси вилоят баҳри ҳаллу фасли саривақтии масъалаҳои аз ҷониби сокинони ноҳияи Ҷ. Балхӣ баёнгардида, ба масъулини соҳаҳои дахлдор дастур доданд. Роҳбари вилоят, ҳамчунин, зимни мулоқот бо сокинони ноҳия оид ба  киштукор, шудгори заминҳо,  иҷроиши қисми даромади буҷет, омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бунёди босифати иншоотҳои ҷашнӣ таъкид намуда, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои мавҷуда масъулини ноҳияро муваззаф намуд. Худи ҳамон рӯз раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба аёдати ду нафар собиқадорони меҳнат рафта, ҳамчунин, ба се оилаи ниёзманд кумакҳои пулӣ ва маводҳои ғизоӣ расонида, маъракаи ниҳолшинонии сокинони ноҳияро оғоз бахшид.

 

А. Сафарзода

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода