Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТРО АЁДАТ НАМУД


ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТРО АЁДАТ НАМУД


Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сафари корӣ анҷом дода, аз сохтмони бинои иловагии муассисаи таълимии №36 воқеъ дар деҳаи Саид Кароматуллои Ҷамоати деҳоти «Навобод» дидан намуд. 

Бинои иловагӣ аз 16 синфхона иборат буда, аз тарафи соҳибкори ватанӣ Сайфов Саймуҳриддин бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда истодааст. Ҳамзамон, аз тарафи ҳамин соҳибкори ватандӯст 2 километр роҳи деҳа мумфарш шудааст, ки раиси вилояти Хатлон ба ин соҳибкори ватандӯст миннатдорӣ  байён намуд. 

Раиси вилоят аз замини кишти картошкаи ҷамоат дидан намуд. Хоҷагидор айни замон ба кишти картошка оғоз намуда, ният дорад то 3 гектар кишти картошка гузаронад. Дар умум, дар ҳамин деҳа 15 гектар кишти картошка гузаронида мешавад.

Қурбон Ҳакимзода дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба аёдати собиқадори меҳнат Наҷмиддинова Раҷабгул Шодиевна рафта, аз ҳолу аҳволи ин зани собиқадор пурсон шуда, ба ӯ телевизор тақдим намуд. Наҷмиддинова Раҷабгул 25 октябри соли 1954 дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Хатмкунандаи Омӯзишгоҳи техникии ноҳияи Восеъ мебошад. Аз соли 1972 дар Ҷамоати деҳоти «Навобод»-и ноҳияи Ҷ. Балхӣ дар хоҷагии Ниёзмуҳаммад Бегов ҳамчун механизатор ва бригадир кор кардааст. Ҳамзамон, ронандаи мошини пахтачинӣ буда, то 400-500 тонна пахта ҷамъоварӣ менамудааст. Солҳои 1979-1984 депутати Шӯрои Олии Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ интихоб гардидааст. Айни замон ҳамчун омӯзгори фанни технология дар муассисаи   миёнаи умумии №50-и Ҷамоати деҳоти “Узун”-и ноҳия Ҷалолиддини Балхӣ кор мекунад. Дорандаи ордени “Шараф”, нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон ва дигар мукофотҳои давлативу соҳавӣ мебошад. Оиладор соҳиби 7 фарзанд ва 25 набера аст. Собиқадори меҳнат Наҷмиддинова Раҷабгул, миннатдории хешро ба Сарвари мамлакат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи-кистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки хизматҳояшро қадр мекунанд ва кумакрасонаш ҳастанд баён намуд.

Раиси вилояти Хатлон, ҳамчунин, собиқадори меҳнат Эсанқулов Эшбурӣ Турахоновичро аёдат намуда, ба ӯ туҳфа аз қабили телевизор  тақдим намуд. Эсанқулов Эшбурӣ Турахонович 10 октябри соли 1951 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон таваллуд, шудааст. Соли 1972 Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин факултаи иқтисодиро хатм намудааст. Солҳои 1972-1974 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шӯ-равии Сотсиалистӣ дар ҳайати афсарон хизмат намудааст. Солҳои 1974-1975 дар вазифаҳои инструктори Кумитаи комсомоли ноҳияи Колхозобод (Ҷалолиддини Балхӣ), солҳои 1975-1979 инспектори кумитаи назорати халқии ноҳия, солҳои 1979-1980 инструктори комитети партиявӣ дар ноҳия, солҳои 1980-1986 котиби озоди Кумитаи ҳизбии хоҷагии Қизил-Октябр (Т. Исанқулов), солҳои 1986-1999 раиси хоҷагии ба номи Т. Исанқулови ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, солҳои 1999-2006 раиси ноҳияи Шаҳритӯс, солҳои 2007-2009 раиси ноҳияи Дӯстӣ, солҳои 2009-2010 ба ҳайси раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон кор кардааст.

Солҳои 1990-1995 депутати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2010-2015 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, солҳои 2000-2005 ва солҳои 2005-2010 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида, фаъолият кардааст. Иштирокчии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар соли 1992 (ҳамчун депутат) мебошад.

Эсанқулов Эшбурӣ бо ордени “Дӯстӣ”, унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон ва дигар мукофотҳои давлатии Иттифоқи Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст.

Оиладор, соҳиби 8 фарзанд ва 16 набера мебошад. Фарзандонаш дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла идоракунии давлатӣ, мақомоти қонунгузор, кишоварзӣ кор мекунанд.

Эсанқулов Эшбурӣ айни ҳол нафақахӯр буда, дар деҳаи Қизил-октябри Ҷамо-ати деҳоти “Маданият”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ зиндагӣ намуда, дар замини наздиҳавлигӣ бо зироаткорӣ машғул аст. Ҳамчунин, ба чорводорӣ машғул буда, аз 13 гӯсфанди парваришнамудааш 13 сар насл гирифтааст.

Қурбон Ҳакимзода зимни сафари корияш аз сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дидан намуд. Бинои   нав дар деҳаи Ёш-Ленинчии Ҷамоати шаҳраки «Балх» ҷойгир шуда, айни замон сохтмони ошёнаи дуюми он бомаром идома дорад. Бино тибқи лоиҳа сеошёна буда, бо маблағгузории аъзои фаъоли ҳизб тариқи ҳашар сохтмонаш давом дорад. Маблағи умумии сохтмони бинои мазкур 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия сохтмони бинои мазкур соли 2019 оғоз гардида, дар арафаи Иди байналмилалии Наврӯз дар соли 2021 ба истифода дода мешавад.

Ҳамзамон, Қурбон Ҳаким-зода дар хоҷагии «Сафар Ҷумаев»и Ҷамоати деҳоти “Узун”-и ноҳияи Ҷ.Балхӣ дар шафати шоҳроҳи калони байналмилалӣ ба шинонидани дарахтони ҳамешасабз оғоз намуд, ки зиёда аз 300 ниҳоли ҳамешасабзро дарбар мегирад. Дар ҳамин ҷо раиси вилояти Хатлон ба фаъолони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таъкид намуд, ки дар ободонии диёри худ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон камари ҳиммат банданд.

 

Шуъбаи иттилоотию 

таҳлилии дастгоҳи раиси 

вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода