Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ ОМОДА БОШЕМ


БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ ОМОДА БОШЕМ


2-юми декабри соли равон, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021» баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур, ки бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ, роҳбарони як қатор вазорату кумитаҳо ва ниҳодҳои ҷумҳуриявӣ, муовинони раиси вилоят, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони шабакаҳои барқи шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид, рафти омодагӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба зимистонгузаронӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Кори Ситодро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода оғоз бахшида, ҳадафи баргузории ҷаласаро ба ҳозирин шарҳ дод.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои санҷиши рафти омодагиҳо ба зимис-тонгузаронӣ, ки аз ҷониби гурӯҳи корӣ анҷом дода шуд, сухан ронда, қайд намуд, ки роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва гурӯҳҳои корӣ барои иҷрои нақшаи зимистонгузаронӣ бояд дар якҷоягӣ бо идораву муассисаҳо кори худро ҷоннок намоянд.

Файзуллозода Заробиддин, муовини раиси вилояти Хатлон, иброз дошт, ки то 1-уми декабри соли равон нақшаи зимистонгузаронӣ дар соҳаи маориф беш аз сад фоиз иҷро гардида, 579 муассисаи таълимӣ дар вилоят ба хатти озоди барқ таъмин ва шишабандии муассисаҳо низ сад фисад иҷро шудааст.

Гуфта шуд, ки нақшаи захираи маҳсулоти кишоварзӣ низ дар вилоят то 95 фисад иҷро гардидааст. Масъулин иттилоъ додаанд, ки тайи чанд рӯзи оянда иҷрои нақша барзиёд таъмин хоҳад шуд.

Ҳамчунин, нақшаи захираи қуму намак дар муассисаҳои давлатии идораи роҳсозии шаҳру ноҳияҳо пурра иҷро гардида, техникаҳо дар ҳолати омодабош қарор доранд.

Ҳолати зимистонгузаронӣ дар шабакаҳои барқи ҷанубӣ ва шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ҳолати 1-уми декабр аз 60 то 100 фисад иҷро гардидааст. Аммо, мутаассифона, дар баъзе ҷамоатҳои деҳот бо сабаби бунёди маҳаллаҳои нав норасоии симчӯб ба чашм мерасад. Аз вазири энергетика ва захираҳои об даъват карда шуд, ки дар таъмини шабакаҳои барқи шаҳру ноҳияҳо бо трансформатор ва симчӯбҳои нав мусоидат намояд.

Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла вилояти Хатлон, корхонаҳои воҳиди давлатии манзилию коммуналӣ фаъ-олият мекунанд, ки аз сабаби надоштани техникаву дастгоҳҳои зарурӣ  кори худро сари вақт иҷро карда наметавонанд. Аз ин рӯ, аз роҳбарони мақомоти болозикр хоҳиш намуданд, ки барои харидории техникаҳои зарурӣ мусоидат намоянд.

Дар ҷараёни кори Ситод раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва муовини Сарвазири мамлакат Усмонзода Усмоналӣ оид ба самараноку оқилона истифода бурдани неруи барқ дар давраи тирамоҳу зимистон изҳори назар намуда, гуфтанд, ки бо сабабҳои ба ҳамагон маълум, кам будани об дар обанбори неругоҳҳои барқии обӣ, зиёд шудани аҳолӣ ва аз меъ-ёр зиёд истифода намудани неруи барқ эҳтиёҷ ба неруи барқ дар қаламрави кишвар пеш омадааст. Бояд ҳамагон аз маданияти истифодабарии неруи барқ бархӯрдор бошанд, дастгоҳу таҷҳизоти гармидиҳиро бе зарурат истифода набаранд ва ҳаққи истифодаи неруи барқро сари вақт пардохт намоянд.

Дар Ситод аз рӯйи масъалаи дуюм муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо факту рақамҳои мушаххас баромад намуда, гуфт, ки хушбахтона, имрӯз вазъи бемории ҳамагир дар кишвар муътадил аст. Аммо ин маънои онро надорад, ки сокинони кишвар нисбати бемории сироятии Ковид-19 бетаваҷҷуҳӣ карда, қоидаҳои беҳдоштиву гигиенаи шахсиро риоя накунанд. Зеро, чуноне аз расонаҳои хабарӣ огаҳ ҳастем, мавҷи сеюми ин беморӣ дар аксар кишварҳои ҷаҳон ба қайд гирифта шудааст ва ҳатто ҳолатҳоеро ошкор намудаанд, нафарони ба ин беморӣ  гирифторшуда боз такроран ба бемории сироятии коронавирус мубтало гардидаанд.

Дар охир, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода қайд намуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар тамоми соҳаҳо корро ҷоннок намуда, марҳила ба марҳила камбудиҳоро бартараф ва баҳри ободии меҳани азизамон саъю талош хоҳем кард. Ҳамагон талош хоҳем кард, ки бо дастовардҳои хуби меҳнатӣ санаи таърихии миллат, ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол намоем.

Шуъбаи иттилоотию 

таҳлилии дастгоҳи раиси 

вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода