Рӯзномаи Хатлон » Хабари рӯз » МУҲАММАДИҚБОЛ КӢ БУДААСТ, ДОНИСТЕМ

Хабари рӯз / Сиёсат

МУҲАММАДИҚБОЛ КӢ БУДААСТ, ДОНИСТЕМ

Вақте ки дар шабакаи аввали телевизиони ҷумҳурӣ филмеро бо номи “Бешарафӣ” тамошо кардам, пай бурдам, ки, дар ҳақиқат, Муҳаммадиқболи Садриддин як нафар қаллоб, фиребгар будааст. Ӯ, ки худ маълумоти казоӣ надорад, бар замми ин дастовардҳои Тоҷикистону мардуми онро нодида гирифта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ бар зидди ҳама комёбиҳои мо сухан мегӯяд. Маълум шуд, ки шахсияташ «кӣ» будааст. Ин разил - Муҳаммадиқбол ва ҳаммаслаконаш дар хориҷи кишвар зиста, сарзамини аҷдодии хешро танқид мекунанд. Худро нафари пуштибон ва хоксор вонамуд мекунанд. Гузашти вақт  нишон дод, ки ӯ кӣ будааст: фиребгар, авбош ва туҳматчии гузарову беватан. Агар ӯ нафаре бошад, ки дилаш бар ватану миллат сӯзад, чаро як кори хайреро ба ҷо наовардааст, ба ғайр аз мардумфиребиву қаллобӣ. 

Бубинед, ин нафар бо чеҳраи манфур, ки гап дар бораи ӯ меравад, аз боварии мардум истифода бурда, маблағҳои зиёди онҳоро рабуда, ба манфиати хеш истифода бурдааст. Ҳатто устодонаш собит намуданд, ки ӯ дар мактаб саводи кофӣ надошт. Ба хориҷи кишвар сафар карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ танқид ва туҳматҳои беасос мекунанд. Агар талаботи қонунро риоя мекард, ба мисли дигарон дар ватани аҷдодии хеш зисту зиндагонӣ мекард. Ин истиқлолият барои мо ба осонӣ ба даст наомадааст. Ҳамаи ин оромӣ ва субот бо ҷоннисории ҳазорҳо ҷавонмардон насиби мо гардидааст. Барои ҳимояи ин кишвар мо-шаҳрвандон уҳдадорем.  Ва ба чунин нафарон, ба мисли Муҳаммадиқболи Садриддин лаънат мегӯем, ки ёвагӯӣ карда, сарзамини моро беасос танқид ва туҳмат мекунанд. 

С. Мирзоев,

сокини ноҳияи Восеъ

Тегҳо

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Асалмо Сафарзода