Рӯзномаи Хатлон » Хабари рӯз » РИСОЛАТИ НОМАРДӢ КАДОМ АСТ?


РИСОЛАТИ НОМАРДӢ КАДОМ АСТ?


Чанде қабл дар шабакаҳои телевизиони давлатӣ филми ҳуҷҷатии «Бешарафӣ» намоиш дода шуд, ки мақсад аз таҳия ва намоиш додани ин филмнома нишон додани воқеияти талхест, ки дар сарнавишти як нафар, ки ӯро ном Муҳаммадиқболи Садриддин аст, нақши мудҳиш, сиёҳии шармгину покнашавандае боқӣ гузоштааст.

Ин воқеият дар пайраҳаи пурпечутоби зиндагӣ ӯро ба бозича ва қурбонии дасти дигарон табдил дода, маҷрои ҳаёташро ҷониби дунёе бурдааст, ки он ҷо танҳо дасисаву моҷаро, худбохтагиву бегонапарастӣ, найрангу тақаллуб, разолату хиёнат, бенангиву беномусӣ, ҷаҳолату беҳайсиятӣ ҳукмфармо буданд. Имрӯз ӯ  дар мавҷҳои пурталотуми ин ҳама касифӣ роҳи наҷот ёфтанист, вале мафкураи банди ҷаҳолат, дастони ӯро ба ин ҷода раҳнамо сохтаву ӯро ба оғӯши ин торикӣ тела медиҳад. Муҳаммадиқбол қаҳрамони марказии филми «Бешарафӣ» аст. Ба гуфти равоншинос Марям Давлатова шахсоне, ки ба ҳолати мисли Муҳаммадиқбол гирифтор гаштаанд, ҷои меҳри онҳоро нафрат мегирад ва, дарвоқеъ, чунин инсонҳо хатарноканд. Муҳаммадиқболи Садриддин бо баромадҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ бино ба гуфти равоншиносон мақсад дорад, ки дигаронро ҳам мисли худаш мусибатзада гардонад. Ман ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон шарм ва нафрат дорам, ки ҳамватани ман хоини миллати худ аст, хоини давлати тинҷу осудаамон, хоини фарзандони мо, хурофотпараст аст. Чуноне ки аз тамошои ин филм маълум шуд, Муҳаммадиқболи Садриддин дар муҳити носолим ба воя  расидааст. Ҳатто волидайнаш монеи ба мактаб рафтанаш шуда, барои таълими ғайрирасмӣ гирифтанаш ӯро ҳидоят менамуданд. Гумон мекунам, ки филми ҳуҷҷатӣ барои хулосаи дуруст баровардани нафароне, ки дар сомонаҳои иҷтимоӣ ҳарзагӯиҳои Муҳммадиқболро гӯш ва пайравӣ мекунанд, мадад мерасонад. Худи Муҳммадиқбол бо дег нишасту сиёҳ гашт. Аз чунин афрод дурӣ бояд ҷуст.

 

Гулбаҳор Валиева, 

омузгори  МТМУ №1, 

ноҳияи Муъминобод.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода