Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » МАКТАБИ РОҲБАРИИ УЛФАТОВ


МАКТАБИ РОҲБАРИИ УЛФАТОВ


Аз нахустин шиносоии мо, ки дар он солу замон вазифаи раиси ноҳияи Бохтар (имрӯза Кӯшониён) –ро ба зимма дошт, дар симои ӯ  мансабдори сахтгиру қолабшикан ва сиёсатмадоре дар азму ақидаи худ устувор таҷассум меёфт. Аз ҷаззобияти суханрониаш дар ҷаласаҳо, тобеонро  нафас дар гулӯ ях мекард.

Ҳолиё раҳораҳ то хонаи шахсияте, ки замоне дар суҳбаташ на ҳар кас ғайрати баҳсу мунозира кардан дошт, лаҳзаҳои хотирмон аз ҷаласаву мусоҳибаҳои бо иштироки ӯ пеши назар меомад, ки чӣ гуна Абдулмуъмин Улфатов ба гоҳи дар ақидаву тасмимгириҳо мавқеи раднопазир доштани худро бо зарби муште болои миз нуқта мегузошт. 

Вақти ба саҳни ҳавлӣ ворид шудани мо раис аз болои хараки назди мизи оростае бархоста, баъди салому ҳолпурсӣ дубора дар ҷойи худ нишаст. Аз нигоҳи жарфу маънидоронааш пай бурдам, ки ба се соли беморию бознишастагиаш нигоҳ накарда, феълан тағйир наёфтааст ва он шуру эҳсоси ватандорӣ ва андешаҳои таконбахш ҳанӯз ҳам дар   ӯ побарҷост.

Нахустин донишу таҷрибаҳои роҳбарӣ ва роҳи устувор шудан дар арсаи сиёсатро ҳанӯз овони таҷрибаомӯзӣ дар собиқ савхози Куйбишев (имрӯза хоҷагии Файзалӣ Саидов) аз директори хоҷагӣ Воронин Юрий Дмитрович омӯхта буд, ки ин марди фотеҳ тӯли солҳои 1945 - 1975 роҳбарии  хоҷагиро   бар зимма дошт.      

-Ин панди Ю. Д Воронинро ман шиори худ дар зиндагӣ медонистам: « Дар ҷодаи роҳбарӣ ҳар қадаре, ки сахтгиру тундгӯ ва ҷиддӣ  бошӣ ҳам, боке надорад, аммо муҳим аз ҳама, инсони комил бош, ки одамият надоштани як мансабдор фоҷиаи бузургест барои  ҷомеа» -бо ёдоварӣ аз нахустин роҳбари савхози овозадори водии Вахш қисса оғоз кард Абдулмуъмин Улфатов. 

Баъди фаъолияти пурсамари агрономӣ дар боғи хоҷагӣ ва ифои вазифаи сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Бохтар (имрӯза Кӯшониён) Абдулмуъмин Улфатов соли 1995 директори савхози ба номи Файзалӣ Саидов таъйин шуд. Новобаста ба таҷрибаи кофӣ ва огоҳӣ аз тору пуди хоҷагӣ ба ҳайси идомадиҳандаи рисолати хоҷагидори номдор Ю.Д. Воронин масъулияти ниҳоят бузургеро эҳсос мекард. Чаро ки мардуми заҳматкаш дар симои сарвари хоҷагӣ шахсиятеро мехостанд, ки шабеҳи он роҳбари мардумписанд ҳама ҳастии худро дар роҳи рушду пешрафт ва фаровонии ҳосили замину боғоти хоҷагӣ бахшида, дар рӯзи мабодо ғамхору муттакои синфи коргар бошад. 

Дар он замону зинаи роҳбарӣ, ки ҳалли мушкилиҳои  киштукори хоҷагиҳои бузург он сӯ истад, саҳмдорон барои аз  буҳрони иқтисодӣ баровардани хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ дармемонданд, раиси Абдулмуъмин бахшҳои гуногуни соҳаи кишоварзиро рушду ривоҷ дода, хоҷагиро дубора ба по хезонд. Аз нахустин лаҳзаҳои дар вазифаҳои роҳбарӣ ӯ васияти падари бузургворашро пеши рӯ меовард, ки гуфта буд: "Дар ақидаи худ устувор ва андар тасмимгириҳои муҳим ончунон мустақил бош, то ин ки аз андшеаву маслиҳати атрофиён хулосаи дуруст бароварда тавонӣ. Зеро дар фарҷом  масъулияту ҷавобгарии тадбирҳоеро, ки пушаймонӣ меоранд, бар дӯши туи танҳо мемонад, ва  иштибоҳи зери таъсири дигарон содир намудаат, азоби виҷдон дорад, ки бузургтарин фоҷиаи инсон дар зиндагист".

Бо ҳамин пиндору эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ ва донишу таҷрибаи аз устодони забардаст омӯхтааш давоми 8 соли сарварии ӯ ҳосилнокии замину боғистонҳо сол аз сол беҳтар шуда, хоҷагӣ аз лиҳози иқтисодӣ ба натиҷаҳои дар гузашта машҳуру овозадор баробар шуд.  Дар   замони раиси ноҳияи Бохтар, имрӯза Кӯшониён, таъйин шуданаш, ки ба соли 2003 рост меояд ташаббусҳои бунёдгузориву татбиқи барномаҳои рушди иқтисодӣ –иҷтимоӣ он тараф истад, аз набудани сарчашмаҳои андоз ҳатто маоши омӯзгорон сари вақт пардохт намешуд. Дар баробари ин ҷобаҷогузории гурезаҳо, таъмини амнияту ҷалби онҳо ба заминкорӣ ва дигар шуғлҳои муфид аз вазифаҳои аввалиндараҷаи роҳбарияти шаҳру навоҳӣ ба ҳисоб мерафт. 

- Дар арсаи сиёсат наметавон, ки дар назари ҳама шахси хубу намунаи ибрат бинамоӣ, зеро имкони ба ҳама хубӣ кардан вуҷуд надорад. Биноан, барои як мансабдор муҳим аз ҳама бадкирдор набошад, зеро халқ оинаи ҳақиқатнамоест, ки ягон неруи бузург тавони инкор кардани онро надорад, - андешамандона изҳор дошт ходими давлатӣ. - Аз соли 1995, ки директори савхоз таъйин шуда, баъдан 10 соли раисии ноҳияҳои Кӯшониёни имрӯзаву Қубодиён ва баъдан, аз соли 2013 то 2017 ба симати сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Хатлон ифои вазифа бинмуданам, ҳама вақт то иҷрои нақшаву супоришҳо мардумро бо ҷангу ҷидол, сиёсат роҳнамоӣ карда, пасон, дар доираи ягон маросимҳои қадрдонӣ  кинаву кудуратро аз дилҳояшон зудудаам.

Ба гуфти ҳамсуҳбатам дарёфту тарбия ва бар арсаи корзор баровардани ҷавонони лаёқатманд аз миёни халқ муҳимтарин рисолатест, ки роҳбарияти олии кишвар аз маъмурони маҳалҳо интизор аст. Аз ин лиҳоз, иштибоҳ ва ё бемасъулиятӣ дар интихоби кадр гуноҳест нобахшиданӣ. 

Бигзор солиён афроди нотавонбине нисбатат хусумату бадбинӣ намоянд, бигзор аз ҳар тараф фишору монеагузорӣ бошад, аммо агар барои як рӯз ҳам, ки роҳбар бошӣ, набояд, ки аз мақому ному обрӯи ту дигарон суйиистифода намоянд, -гӯён раиси Улфатов мушт болои миз мезанад.

 – Заъфияту беобрӯии мансабдор аз  лаҳзае шурӯъ мешавад, ки ҳамсару фарзандонаш аз нақлиёти хизматии вай истифода мебаранд. Дар 22 соле, ки мансабҳои гуногуни роҳбариро ба уҳда доштам, намегузоштам, ки нафаре аз пайвандонам худро фарзанди раис ё бародару дигар хешу табори ӯ тасаввур намоянд. Ҳолиё ҳам, ки кор кардаву ба хубӣ роҳ рафта наметавонам, аммо дар хонаводаи худ, ки як давлати хурде ба ҳисоб меравад, ба қавле “мусиқӣ”-ро ман интихоб мекунам, - хандида иброз дошт дар фарҷоми суҳбат Абдулмуъмин.

Аз суҳбату қиссапардозиҳои раиси номдор чӣ гуна гузаштани вақт эҳсос намешуд, вале як ҳайати табибон ба аёдаташ омаданду мо идомаи суҳбатро ба вақти дигар гузошта худоҳофизӣ намудем.  Раҳораҳ симои барҷастаи ин инсони наҷиб пеши назар меомаду суханони мондагораш  танинандоз: «Сар аз ҳадди оилаи худ, то дар вазифаҳои пурмасъули ҷамъиятӣ сухани сарвар бояд мисли шамшер таъсиргузор бошад».  

Ҷамолиддин САЙФИДДИНОВ,

«Хатлон»

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода