Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » Маҳсулоти ширии “Нуфузи Вахш”


Маҳсулоти ширии “Нуфузи Вахш”


Бунёди корхонаҳои хурду бузурги коркарди маҳсулоти хоми маҳалӣ аз иқдомҳои наҷиби соҳибкорони ватанӣ мебошад, ки ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва рушди бемайлони соҳаи иқтисодӣ- иҷтимоии кишвар равона гардида, баҳри амалӣ намудани ҳадафи чаҳоруми стратегӣ, яъне, саноатикунонии кишвар мусоидат менамояд.

Корхонаи коркарди маҳсулоти ширии “Нуфузи Вахш”, ки аз соли 2016 дар заминаи хоҷагии  фермерии зотпарварӣ таъсис ёфта, бо истифода аз шири хоми фермаи чорвопарварӣ ва  хоҷагиҳои чорводории ноҳия Вахш  ба истеҳсоли 16 номгӯи маҳсулоти ширӣ машғул аст. Қаймоқу ҷурғот, паниру маска ва дигар навъ ғизоҳои хушсифати ширӣ, ки бо бренди “Нуфузи Вахш” ба фурӯш бароварда шудааст, алаккай дар бозорҳои ноҳия ва фаротар аз он харидорони доимии худро пайдо кардааст.

Дар корхонаи коркарди маҳсулоти ширии “Нуфузи Вахш” 12 нафар сокинон ба кори доимӣ ва музди маоши хуб фаро гирифта шудаанд, ки аксарияти онҳоро занону духтарони маҳаллӣ ташкил менамоянд. Тавре, ки Тахмина Тоҳирова, як тан аз мутахассисони оид ба сифати маҳсулоти корхонаи мазкур иброз медорад, дар шароити кунунӣ, ки дар баробари ба фаъолият шуруъ намудани корхонаҳои маҳаллии коркарди шир, инчунин  ҳаҷми воридоти маҳсулоти ширӣ ба қаламрави вилоят афзоиш ёфта истодааст, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти хушсифату рақобатпазир аз ҳадафҳои меҳварии муассисони Корхонаи коркарди маҳсулоти ширии “Нуфузи Вахш”. 

Аз ин лиҳоз, бодарназардошти талаботи замони муосир ва азми мустаҳкам намудани мавқеи худ дар бозор, масъулони корхонаҳои саноати хӯроквории вилояти Хатлонро мебояд, ки дар радифи баланд бардоштани сифатнокии маҳсулоти истеҳсолӣ ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва фароҳам овардани ҷойҳои бештари корӣ барои сокинони маҳаллӣ таваҷҷуҳи бештар нишон диҳанд. 

Ҷамолиддин САЙФИДДИН, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода