Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » БАНКОМАТ ҲАСТУ КОР НАМЕКУНАД Ё ПУЛ НАДОРАД


БАНКОМАТ ҲАСТУ КОР НАМЕКУНАД Ё ПУЛ НАДОРАД


Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои осон гардидани мушкилоти сокинон дар дастрасӣ ба асъори миллӣ истифодаи  кортҳоро роҳандозӣ кард. Дар муддати кӯтоҳ бонкҳои кишвар аксарияти сокинонро бо кортҳои миллӣ таъмин карданд. Дар ин замина, мебоист посттерминалҳо фаъол гардонида шуда, банкоматҳо дар назди бонкҳо ва марказҳои савдою хизматрасонӣ гузошта мешуд. Ҳамин тавр ҳам шуд ва дар оғоз, ки дорандагони кортҳо кам буданд сари вақт метавонистанд маблағҳои худро аз банкоматҳо дастрас намоянд. Вале дар минтақаи Кӯлоб, хусусан шаҳри Кӯлоб сокинон дар гирифтани маблағҳои хеш аз банкоматҳо мушкилӣ доранд. Рӯзи 3-юми декабр бо мақсади огаҳӣ ёфтан аз фаъолияти банкоматҳо дар маркази шаҳр аз чандтои  онҳо дидан кардам. Нахуст ба назди шуъбаи «Амонатбонк» рафтам ва дар назди ду банкомат шумораи зиёди сокинони дар навбатистода хотири маро мушавваш гардонид. Ба назди банкоматҳо рафта, бо чанд нафар аз шаҳрвандон ҳамсӯҳбат гардидам. Гуфтанд, ки ҳоло соат 13- 20 дақиқа аст ва лаҳзаи камодамтарин дар назди банкомат мебошад. Мӯйсафеди ҳафтодсола бо овози озурда иброз дошт, ки рӯзи дуюм аст барои гирифтани нафақааш меояд. Ҷавони дигар, ки худро Алишери Фатҳулло муаррифӣ кард, чунин гуфт: “Дар бинои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ як банкомат аст, вале моҳи дуюм аст, ки кор намекунад. Чор рӯз мешавад, ки барои гирифтани моҳонаам меояму навбатам намерасад.  Соати 14:00 дарс дорам. Бояд ба донишгоҳ баргардам. Имрӯз ҳам бе маош меравам. Бегоҳ омадан бефоида аст, чунки то бегоҳ дар банкомат пул намемонад”.

Аз назди шуъбаи «Амонатбонк» ба самти дигари кӯча назар кардам ва хостам банкомати назди шуъбаи Бонки Байналмилалии Тоҷикистонро аз назар гузаронам. Ин банкомат ҳам зери чангу хок хобида буд ва барои исботи навиштаҳоям аксашро гирифтам. Шаҳрвандон гуфтанд, ки боз чанд бакомати дигар дар кӯчаҳои шаҳр гузошта шудаанд ва аз рӯи гуфтаи онҳо ба назди банкомати назди Донишгоҳи давлатӣ рафтам. Ин банкомат ҳам зери чангу хок истодааст. Аён буд, ки он моҳҳо кор намекунаду касе ба наздаш намеояд. Назди бинои Раёсати молияи минтақаи Кӯлоб равшании экрани банкомати дигарро дида, хурсанд шудам. Мутаассифона ин банкомат ҳам пул надоштааст. Марди дар назди банкомат истода гуфт, ки аз лулӣ пул гирифта мешаваду аз ин банкомат не. Хулоса, тамоми талошҳои ман барои дарёфти банкомат дар шаҳри Кӯлоб рӯзи 3-юми декабр бенатиҷа анҷом ёфт. Назди филиали бонкҳои “Ҳумо”, “Эсхата”, ки банкомат доранд навбатпойии шаҳрвандон дили бинандаро озурда мегардонад. Бо телефон акси банкоматҳои бепулу корношоям ва оне, ки даҳҳо нафар сокинон наздашон навбат меистоданд, гирифтам. Шояд масъулон гӯянд, ки аввали моҳ асту талаботи шаҳрвандон ба пул зиёд, зеро маошу нафақа мегиранд. Вале оё ин баҳона шуда метавонад?  Оё бо ин аҳвол метавон ба низоми ғайринақдӣ гузашт?

 

Садои Мубориз


Тасҳеҳ

Дар мақолаи «Терминалу банкоматҳои бепул»-и   рӯзномаи «Хатлон» аз 24 ноябри соли 2020, №51 (3287), ба ҷойи ҷумлаи «Ба назди банкомати «Коммерс-бонк» рафтам...» «Ба банкомати назди «Коммерсбонк» рафтам...» хонда шавад.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода