Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » ХИЗМАТРАСОНИИ БАНКОМАТҲО ДАР КАДОМ САТҲАНД?


ХИЗМАТРАСОНИИ БАНКОМАТҲО ДАР КАДОМ САТҲАНД?


Барои беҳтар намудани сифати хизматрасонии бонкӣ имрӯз дар гӯшаву канори мамлакат банкоматҳои бонкҳои давлативу тиҷоратӣ насб карда шудаанд. Ҳадафи аслӣ муҳайё намудани шароит барои гирифтани саривақтии музди меҳнат, нафақа ва дигар ниёзҳои пулӣ аз кортҳои пластикӣ мебошад. Дар ҳақиқат, насби чунин банкоматҳо дар гӯшаву канори шаҳру навоҳии вилояти Хатлон метавонад то андозае пардохти маблағи шаҳрвандонро осон намояд. Ёдовар бояд гардид, ки фаъолияти банкоматҳо талаботи худро доро мебошанд. Яъне барои мувофиқи матлаб фаъолият намудани банкоматҳо назорати вазъи кори техникии он ва таъминоти саривақтӣ бо маблағ нақши муҳимро мебозад. Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон зиёда аз 15 адад банкоматҳоро мушоҳида намудем, ки 5 адади онҳо дар ҳолати корношоямӣ- надоштани пул ва бо мушкилоти тех-никӣ қарор дош-танд. 

Санаи 3-юми декабри соли равон соати 10:24 дақиқа аз банкомати кӯчаи Ваҳдат-33, назди Маркази хизматрасонии «Бозори торт» дидан намуден. Дар экрани он чунин навиштаҷот ҷой дошт: “Банкомат дар ҳолати санҷишӣ қарор дорад, мунтазир шавед”. Чанд лаҳзае, ки он ҷо будем, «санҷиш» анҷом наёфт ва банкомат ягон амалиёт гузаронида наметавонист. 

Ғайр аз ин, банкоматеро, ки назди «ТВ-Хатлон» аст, соати 10:58 дақиқа дидан кардем. Бо сабаби  надоштани маблағ кор намекард. Ба иттилои чанде аз сокинон 3-4 рӯз боз банкомати мазкур пул надоштааст. Хусусан, дар охири моҳ ва аввали моҳ, ки вақти гирифтани маошу нафақаҳо мебошад, банкомати номбурда пул надорад. Фақат маблағи дар кортбударо дидан мумкин асту халос. 

Аз банкомати назди Маркази саломатии шаҳри Бохтар соати 11:23 дақиқа дидан кардем, ки фаъолият намекард. Ҳангоме, ки кортро ворид мекунӣ ба ҷойи нишон додан ва ё додани пул навиштаҷоти «Пардохти нақдина ғайриимкон аст» нишон дода мешуд. 

Ҳамзамон, дар қисмати дигари шаҳр чанде аз банкомат-ҳоро   мушоҳида намудем, ки дар ҳолати хомӯш будан ва бо навиштаҷоти «Ремонт» қарор доштанд. Илова бар ин, банкомати дигар бонкҳоро дидем, ки наздашон серодам буд. 

Агар ҳамаи банкоматҳо фаъол буда, бо маблағ таъмин мебуданд, мушкилоти серодамии назди банкоматҳои ангуштшумор ва бонкҳо аз байн мерафт.     

С. Азизов

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода