Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » ВОКУНИШ БА ВОКУНИШ


ВОКУНИШ БА ВОКУНИШ


Ба маълумоти муаллифони вокуниш расонида мешавад, ки дар бораи кам будани шумораи банкоматҳо дар маркази маъмурии вилоят - шаҳри Бохтар ва ё холӣ аз маблағ будани банкоматҳову навбатпоиҳои муштариён воситаҳои ахбори омма, инчунин, шаҳрвандони алоҳида тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ борҳо масъалагузорӣ кардаанд. Мутаассифона, мушоҳидаҳои рӯзноманигорон ва даҳҳо нафар шаҳрвандоне, ки соҳиби кортҳои бонкӣ мебошанд, аз мавҷуд будани чунин мушкилот дарак медиҳанд.

Дар мақолаи “Терминалу банкоматҳои бепул” ба банкомате, ки дар саҳни маркази хизматрасонии ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” (он марбут ба “Амонатбонк” аст) ишора шуда, бо сабаби техникӣ мушаххасот зикр нагардидааст.

Аммо мақсади аслӣ аз нашри ин мақола “паст задани шаъну шарафу эътибори кории бонк” набуда, балки ҷалби таваҷҷуҳи масъулони бонкҳо ба проблемаи мазкур мебошад.

Амалан, даҳҳо далел ва шаҳодати муштариёни бонкҳоро метавон мисол овард, ки ба вуҷуд доштани ин проблема ишора мекунад. Хуб мебуд, ки масъулон ба ҷойи айбҷӯӣ, дар бораи роҳҳои ҳалли мусбати ин масъала, осон кардани кори муштариён ва дар маҷмӯъ, роҳҳои беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳо тадбирандешӣ мекарданд. 

Матлаби “Терминалу банкоматҳои бепул” маҳсули кори танҳо як донишҷӯ  бошад ҳам, дар асл он дарду мушкилоти садҳо муштариёни дигар мебошад. Ба ин мақсад ҳайати эҷодии нашрияи “Хатлон” дар асоси моддаи 30-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуқуқҳое, ки аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” бармеоянд, минбаъд низ ба пажӯҳиши доманадортари ин масъала пардохта, таҳқиқоти журналистӣ анҷом медиҳад ва факту далелҳои навро метавонад манзури хонандагон ва масъулон гардонад.  

“Хатлон”

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода