Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » БАНКОМАТ: «МУНТАЗИР ШАВЕД...»


БАНКОМАТ: «МУНТАЗИР ШАВЕД...»


Имрӯзҳо сокинони минта-қаи шаҳри Бохтар маҷбур мешаванд, ки баъд аз санҷиши даҳҳо банкамат ба дафтари марказии ин бонкҳо бираванд, то пули нақд ба даст оранд. Барои ҷавонону миёнсолон чунин оворагию сарсонӣ дарди ба хайр аст, аммо солмандону маъ-юбон зиёд заҳмат мекашанд.  

Имрӯз ҳама табақаҳои ҷамъият, аз кормандони корхонаҳои давлатӣ то ширкатҳои хусусӣ ва ҳатто нафақахӯронро мебинем, ки маош ва ё нафақаи худро ба воситаи кортҳои пластикӣ мегиранд. Агарчӣ ин ҳама ба як амри маъмулӣ табдил ёфт, вале ба назар чунин мерасад, ки бонкҳои мо худ ба ин марҳила ҳанӯз ҳаматарафа омода нестанд.  

Ҳангоми мушоҳида дар кӯчаҳои шаҳри Бохтар банкоматҳои холӣ (бепул) ва сарсонии мизоҷон ҳар аввали моҳ дар назди банкоматҳои бонк ба назар мерасад, ҳатто ҷанҷол сар мезанад,   пул намерасад ва ё умуман нест.

Банкоматҳои бонкҳо на ҳамеша пул доранд ва зиёд мушоҳида мекунем, ки одамон пушти ин банкоматҳо дурудароз навбатпойӣ мекунанд ва билохира, бе пул ба хона бармегарданд. Суръати кори ин банкоматҳо мушкилии дигар аст. Ё банкоматҳо куҳна ҳастанд ё аз истифодаи зиёд хароб шудаанд, ки бо таъхир амалиётро анҷом медиҳанд. 

Як нафар барои гирифтани пул дақиқаҳои зиёдеро масраф мекунад. Барои мисол. Дар рӯ ба рӯи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар “Амонатбонк” ҷойгир аст, ки дар наздаш се банкомат ҳаст. Яктоаш барои гирифтани маблағ  дақиқаҳои зиёдро масраф мекунад, дуюмаш кор мекунад, вале сеюмаш бо иллати камбудии маблағ кор намекунад. Ин маконест ҳамарӯза сокинон ба ин ҷо меоянд. 

Ҳар моҳ, вақте пул ба ҳисоби корти бознишастаҳо (нафақахӯрон) мегузарад, онҳо маҷбуранд, мисли кормандони соҳаи буҷавӣ барои гирифтани пул ба суроғи банкоматҳо бираванд ва на ҳамеша банкомати пулдор ва дуруст пайдо мекунанд. Агар ҳадаф осонии кори мардум аст, пас бояд барои ин осонӣ чораҳои бештаре андешем.

03.12.2020. Соат бо вақти Бохтар 10:20 дақиқа. Кортамро, ки аз “Амонатбонк” аст, гирифта, барои маош гирифтан, сӯи банкомати  “Амонатбонк”-и   назди бинои асосии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав    омадам,  вале дар банкомат пул набуд. 

03.12.2020. Соат бо вақти Бохтар 13:20 дақиқа. Ба хотири пайдо намудани банкомати пулдор банкомати “Амонатбонк” воқеъ назди «Бозори торт»-и чорраҳаи маркази савдои «Дурахшон»-ро ҳам як «зиёрат» кардам, ки дар экрани он бо таври зайл навишта шудааст “Бонкомат дар ҳолати санҷишӣ қарор дорад. Мунтазир шавед...”. Вале нагуфт, то ба кай?!

04.12.2020. Соат бо вақти Бохтар 15:04 дақиқа. Бароям пул лозим шуду корти миллиамро, гирифта ба банкомати “Амонатбонк”-и назди идораи  телевизиони «Хатлон» омада, санҷидам-пул нест!

4.12.2020. Соат ба вақти Бохтар 10:06 дақиқа. Ба зиёрати банкомати “Амонатбонк”, ки дар назди хобгоҳи Муассисаи давлатии таълимии коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар ҷойгир мебошад омадам, мутаассифона он ҳам маблағ надошт. 

Шояд масъулини бонк бигӯянд, ки муштариҳо якбора тамоми пули кортҳояшонро мегиранд, аз ин рӯ зуд пули банкоматҳо тамом мешавад ва як қисми дигари одамон наметавонанд пул бигиранд. Аммо   бояд тамоми ин ҳолатҳо аз қабл ба ҳисоб гирифта шавад то ин ки барои муштариён мушкилӣ ба миён наояд. Дуруст аст, ки одамон ҳамаи пули нафақа ва маоши худро ба якборагӣ мегиранд. Онҳо маҷбуранд ин корро кунанд, зеро давоми моҳ аз мағозаву ҳамсояву хешу табор қарз мегиранд ва вақте пулашон дар корт мегузарад онро гирифта ба қарздорҳо тақсим мекунанд.

Гуфтаниҳо зиёданд, аммо тавре бобоҳоямон мегуфтанд: «Ба доно як ишора ...»   

 

Комрони Бахтиёр

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода