Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » ВОКУНИШ-БА МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НУСХА БА САРМУҲАРРИРИ РӮЗНОМАИ “ХАТЛОН” САФАРЗОДА АСАЛМО


ВОКУНИШ-БА МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НУСХА БА САРМУҲАРРИРИ РӮЗНОМАИ “ХАТЛОН” САФАРЗОДА АСАЛМО


Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар роҷеъ ба маводи дар рӯзномаи “Хатлон” шумораи №51 (3287) аз 24 ноябри соли 2020 нашргардида, оид ба банкомату терминалҳои дар шаҳри Бохтар фаъолияткунанда чунин иттилоъ медиҳад:

Маводи мазкур мавриди омӯзиш, таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуда, ба маълумоти тамоми ташкилотҳои қарзии молиявии дар шаҳри Бохтар ирсол карда шуд.

Тибқи маводҳои пешниҳод ва ҷамъбаст гардида, ҳолатҳои нодуруст инъикос ёфтани далелҳои дар мақола дарҷ гардида, маълум карда шуд. Аз он ҷумла, дар бозори “Ҳоҷӣ Шариф” аз ҷониби ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” танҳо маркази хизматрасонии бонкӣ фаъолият намуда, банкомати бонки мазкур мавҷуд намебошад. Аз ин рӯ, чӣ гуна анҷом додани амалиёт ва надоштани пули нақдӣ (60 сомонӣ), дар банкомати мавҷуднабуда, ки аз тарафи муаллиф амалӣ шударо, зери шубҳа мегузорад.

Аз ҷониби БДА ҶТ «Амонатбонк» ҳаққи хиз-матрасонӣ тибқи нархномаи хизматрасонии бонки мазкур ба муштариён, ки бо хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шудааст, амалӣ карда мешавад. 

Бояд тазаккур дод, ки дар тамоми банкоматҳо воситаҳои мушоҳидавӣ насб карда шуда, фаъолияти онҳо, аз он ҷумла мавҷудияти маблағ ва ҳолати кории онҳо зери назорати доимӣ қарор дода шудааст. Ҳангоми пайдоиши нуқсонҳои техникӣ дар фаъолияти онҳо, ба мисли набудани мавҷҳои шабакаи интернет, муваққатан қатъ гардидани қувваи барқ, чораҳои фаврӣ андешида мешаванд.

Тибқи таҳлил ва мушоҳидаҳо танбашавӣ дар назди марказҳои хизматрасонии бонкӣ, бан-коматҳо ва терминалҳои электронӣ, асосан, дар охири моҳ, бинобар сабаби дар як вақт ба кортҳои бонкӣ ворид гардидани маблағҳои нафақа, музди меҳнат ва дигар пардохтҳои ба он баробар, ба амал меояд.

Пеш аз ҳама, қайд кардан лозим аст, ки дар дилхоҳ мақола инъикоси дурустии воқеият, бахусус рақам ва ҳолатҳо аз кордонии муаллиф гувоҳӣ медиҳад. Мутаассифона, муаллифи мақолаи мазкур ба хатогӣ роҳ дода, бе таҳлил ва омӯзиш, аз рӯи факту рақамҳои нодуруст хулосабарорӣ менамояд.

Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар омодаи ҳамкории мутақобилаи самарабахш бо тамоми воситаҳои ахбори омма ҷиҳати пешрафти хизматрасониҳои бонкӣ буда, инчунин, аз рӯзноманигорон хоҳиш карда мешавад, ки аз интишори маводҳои бетаҳлил ва беомӯзиш худдорӣ намоянд.

Бояд қайд намуд, ки нодуруст хулосабарорӣ намудан дар маҷалаву рӯзномаҳо ин боварии аҳолиро ба низоми бонкӣ коста гардонида, ба пешрафти соҳа ва ҷомеа монеа эҷод менамояд.


И.в. мудири шуъба  

Нуралиев И. Ф


Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода