ИҶБОРАН МАСКУН ГАРДИДАНИ 316 БЕСАРПАНОҲ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 декабр, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Таҳқиқи журналистӣ, Боздид 2 968
Шаҳноза бо ду фарзандаш оилавайрон гашта, аз ноилоҷи дар хонаи шавҳар маскун гардид. Ба талаботи шавҳару хуштоман ҷавобгӯ набуданаш пас аз ду кӯдакдор шудан ошкор гардид. Дар як ҳуҷраи хонаи се ҳуҷрагаи бинои баландошёнаи шаҳри Бохтар маскун гардида, бо кумаки иқтисодии апаҳояш зиндагӣ дорад ва аз муноқишаву нофаҳмоӣ барои истифодаи як газу пилта ё ҳоҷатхона дилгир шудааст. Вале илоҷи дигаре нест. Зеро 6 моҳи дар хонаи волидайн будан аз ин дида ҷабри бештарро барояш ҳадя кард, чун ӯро кайҳо аз рӯйхати ҳақдорони хонаи падар хат задаанд. Пас аз хатми синфи нуҳ падару бародарон монеъи идомаи таҳсил шуда, ӯро ба ҷавони бегонаи шаҳрӣ хонадор карда буданд. Бо ин вуҷуд моҳҳост, ки Шаҳнозаи бемаълумоту беҳунар бо ду фарзанди хурдсолаш дар ҷӯстуҷӯи кор аст. Ин ҳолат то куҷо давом мекунад ва ба чӣ мерасонад, суолест, ки бо ҷавоби норӯшан дорад.
- Аслан дар қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон калимаи маскун вуҷуд надорад. Яъне ин масъала ба таври васеъ дар ягон ҷой дарҷ нагардидааст. Маскунро мо бо истифода аз моддаҳои 121, 122 ва 123-и Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аъзои оилаи молик эътироф намудан анҷом медиҳем. Яъне занро аввал аъзои оилаи молик эътироф мекунем ва баъдан ӯ ҳақи ҳамзистӣ дар он хонаро пайдо мекунаду ӯро маскун менамоем, - гуфт Иброҳим Каримов адвокати маслиҳатхонаи ҳуқуқии №1-и шаҳри Бохтар.
Марям Давлатова, равоншинос афзуд, ки маскун кардан хатарнок ва зарарноктарин шакли ҳалли масъалаи зану шавҳар аст. Зеро маскун бар зиди хоҳиши онҳое, ки барои ин зан хона додан нахостанд, амалӣ карда мешавад. Агар ин чун ҷазои онҳо бошад, воқеан ҷазо аст. Дар ин маврид на танҳо гунаҳкор, балки бегуноҳ низ ҷазо мегирад. Онҳо ҳамеша имкон доранд, ки болои захмҳои ҳамдигар захми нав илова кунанд. Баъзан занҳо қасдан маскун мекунад ва он ҷо шавҳар кардан мехоҳанд. Дар ин маврид ҳам барои шикастани рӯҳияи фарзандон беҳтарин шароит аст.
Нурзода Усмоналӣ, муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, сархатиби шаҳри Бохтар изҳор дошт, ки аз нигоҳи ислом марди оилабунёдкунандаро воҷиб аст, ки завҷаашро бо нафақа, либос ва хона таъмин намояд. Ин қарз бар гардани мард назди занаш мебошад. Бе маскун кардан низ вақте зану шавҳар ҷудо мешаванд, зан ҳақдори он хона буд ва ин ҳақ дар вақти оиладоршавиашон пайдо шуда буд. Дар китоб дарҷ гардидааст, ки хона ҳатман қулф дошта бошад. Мутаасифона инро на ҳама медонанд ва иҷро кардан мехоҳанд. Бояд мард бо хоҳиши худаш дар ҳолати ҷудошавӣ барои зан як хона пайдо ё ҷудо намояд. Мардоне низ ҳастанд, ки барои пешгирии даъваои завҷаашон хонаашонро ба номи дигар аъзои оила мегузаронанд. Ин нияти бади мардро аз ибтидо нишон медиҳад. Яъне аз оғози хонадоршавӣ фикри ҷудошавиро мекунанд, ки ин аз нигоҳи ислом гуноҳ аст. Зеро ислом мегӯяд, ки дилу нияти пок дошта бошед то оянда нек шавад.
-Собиқ завҷаам дар хонаамон маскун карда шудааст. Ҳаррӯзам бо асабоният ва нафрату бадбинӣ оғоз мешавад. Дубора зан гирифтан мехоҳам, аммо бо фаҳмидани ин вазъият ягон зан рози намешавад, - афзуд Нурмуҳаммад Шамсиев (номи шартӣ), сокини шаҳри Бохтар. – Имкон надорам, ки барои ӯ хонаи алоҳида харидорӣ намоям. Аз пушти ман модари пир ва дигар аъзои хонаводаам дар азобанд ва садои якдигарро шунидан алакай як баҳонаи ҷангу ҷанҷоли навбатӣ мегардад.
-Дар қонунгузориҳои аксар давлатҳои ҷаҳон ба монанди Амрикову Британияи Кабир, Фаронсаву Олмон, Руссияву Булорусия масъалаи маскун намудан дар шаклҳои гуногун пешбинӣ гардидааст, - афзуд Саидҷаъфар Сафарзода, ҷомеашинос. Мавсуф илова намуд, ки чунин таҷрибаро давлатҳои хориҷа ба таври васеъ истифода мекунанд ва он фарқияту талаботҳои худро дорад, ки бо қонунгузориҳо ва фарҳанги халқу миллати он давлат рост меояд.
С. АЗИЗЗОДА, “Хатлон”