Дар як сатр
Истеҳсол ҳаст, ҳисоби аниқ не
19:1813 июл

Истеҳсол ҳаст, ҳисоби аниқ не

«Яке аз омилҳое, ки ба беқурбшавии асъори миллӣ оварда мерасонад, ин дуруст ба роҳ монда нашудани содироти маҳсулот мебошад. Фақат кисаи худро фикр мекунем ва парвои давлат надорем. Агар чунин нест, пас, чаро тибқи ҳисоботи оморӣ 37-40 ҳазор тонна, гумрук - 70 ҳазор тонна ва мутобиқи ҳисоби Вазорати кишоварзии Тоҷикистон 85 ҳазор тонна маҳсулот содирот шудааст?»

Хушо умре, ки сарфи «раҳмат» шуда!
10:0303 июл

Хушо умре, ки сарфи «раҳмат» шуда!

...Мутобиқи ҳуҷҷат Саидов аллакай ба синни бобоӣ: 70 расидааст. Лек ба зоҳир фаротар аз 55-аш напиндорӣ. Чашмони монои дидаи кӯдак софу амсоли ҷавони бистсола серҳаракати вай, бадани чандир ва пӯсти каможанги орӣ аз доғи пирӣ дар замини афкори ношиносу навшинос ногузир чунин тухми ғалат мекоридааст.

Рӯзи қабули шаҳрвандон. Аз масъалаҳои ҳалшаванда то ҳалнашаванда (Гузориш)
10:2524 июн

Рӯзи қабули шаҳрвандон. Аз масъалаҳои ҳалшаванда то ҳалнашаванда (Гузориш)

Гуфтанист, ки посухҳои масъулини ниҳодҳои марбутаи шаҳри Норак доир ба сабабҳои сар задани ноҷуриҳои болозикр раиси вилоятро қаноатманд накарданд. Биноан, ӯ таъкид кард: “Ин шаҳрро касе беш аз шумо дӯст намедорад, ин шаҳрро касе беш аз шумо ободу зебо намекунад, ин шаҳрро касе беш аз шумо макони маърифату назофат карда наметавонад. Агар дар якҷоягӣ кор кунем, ба волотарин комёбиҳо ноил мегардем. Дар акси ҳол, ҳама заҳмат - бефоида”.

Сӯзонидане, ки ба манфиати мардум буд
08:3624 июн

Сӯзонидане, ки ба манфиати мардум буд

Маводҳои доруӣ ва ороишию гигиение, ки муддатҳо рафи дорухонаҳои вилоятро зеб медоданд, пас аз гузаштани муҳлати истифода ахиран дар партовгоҳи шаҳри Сарбанд сӯзонида шуданд.

Нафси бад - балои ҷон!
11:5824 май

Нафси бад - балои ҷон!

Чанде қабл бо ҳукми Суди шаҳри Қӯрғонтеппа Хурсандқул Мардонович Умронов, сокини ин шаҳр, бо ҷурми муомилоти ғайриқонунии моддаи нашъаовари афюн ба муҳлати 8 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Ҷазо бояд дар колонияи ислоҳии низомаш пурзӯр адо гардад.

Д. Гулмаҳмадзода: «Агар муаллим дуздӣ кард, кӯдак фардо кӣ мешавад?!»
16:5713 апрел

Д. Гулмаҳмадзода: «Агар муаллим дуздӣ кард, кӯдак фардо кӣ мешавад?!»

“Раис, ки шудӣ, кор кун! Ба халқ, ба Ватан хизмат намо! Вагарна арзандаи ин курсӣ кам нест”. Ин нуктаро Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, дар ҷаласаи ҷамъбасти семоҳаи аввали сол зимни интиқод аз кори номуассири бархе аз раисони шаҳру навоҳии вилоят дар ҳама “ҷабҳа”-ҳои меҳнат изҳор дошт.

Бохтар. Масъалагузориҳои содаи сокинон
16:1824 феврал

Бохтар. Масъалагузориҳои содаи сокинон

"Аксар чеҳраҳо бароям шиносанд... Инҷо бояд нафароне ҳузур медоштанд, ки дар ҳақиқат арзу шикояте доранд ва мунтазиранд, ки дар ҳалли мушкилашон мо ба онҳо кӯмак мерасонем”.

Хизмат кунӣ, ба қадри падару модар мерасӣ!
10:4621 феврал

Хизмат кунӣ, ба қадри падару модар мерасӣ!

Қисми ҳарбии мустақар дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон, ки солҳои 90-уми асри гузашта ба хотири фурӯ нишондани муноқишаҳо ва барқарор кардани сохти конститутсионии давлат таъсис ёфта буд, ҳамакнун барои наваскарон ба беҳтарин боргоҳи тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва шуҷоату мардонагӣ табдил ёфтааст.

Ба заъфи худ ғазо кунед!
16:1317 феврал

Ба заъфи худ ғазо кунед!

Маънои луғавии ҷиҳод ҷаҳду талош буда, масрафи кӯшишу ғайратро гӯянд. Лекин маънои истилоҳии он даъват ба сӯйи дини ҳақ мебошад. Ҷиҳод барои мусулмон ҳамон вақт фарз мегардад, ки бар сари кишвар, миллат, зану фарзанд ва ҳуқуқҳои як мусулмон хатари воқеӣ таҳдид мекунад. Яъне ҳолатҳое, ки мо, алҳамдулиллоҳ, чандин сол боз онҳоро дар кишвари худ мушоҳида намекунем.

Ашк Юсуфӣ: «Фарзандони маънавиям ҳамин китобҳоянд»
19:5218 январ

Ашк Юсуфӣ: «Фарзандони маънавиям ҳамин китобҳоянд»

Дар шаҳри Сарбанд пири китобдӯсте бо маънои томаш шабу рӯз миёни китобу рӯзнома ва маҷалла истиқомат мекунад. Ӯ Ашк Юсуфии 70-сола аст, ки дар манзили хеш ҷевонҳои пур аз китоб дорад, лек чун захира ниҳоят бузург аст, боқимондаҳоро тал-тал рӯйи фарши кулли ҳуҷраҳо ботартиб радда-радда чидааст, то ҷойи пойгузорӣ ҳам мавҷуд бошад. Гирди бистари танҳоияш рӯзномаю маҷаллаҳои тозанашр «навбати хонда шудан мепоянд».

Нашрияҳои музофотӣ чӣ ҳол доранд? (Чандрасонаӣ)
21:4612 январ

Нашрияҳои музофотӣ чӣ ҳол доранд? (Чандрасонаӣ)

Камии теъдоди нашр, дер ба чоп расидан, дастмузди ночиз (аз 250 то 450 сомонӣ), норасоии дастгоҳҳои замонавӣ, дурии роҳ то чопхонаи Қӯрғонтеппа ё Душанбе, кор накардани бештари чопхонаҳои ноҳиявӣ, воҳидҳои кории кам ва худдории мутахассисони ҷавон аз фаъолият дар редаксияҳо, садамавию таъмирталаб будани бинои баъзе идораҳои ВАО ва нарасидани ҳуҷраҳои корӣ, маблағгузории нокофии рӯзномаи музофотӣ, пардохт нашудани ҳаққи қалам, пешбурди кор бо усули куҳнашудаи идорӣ дар расонаҳо, роҳандозӣ нашудани менеҷменти дуруст, дер дастрас шудани рӯзнома ба хонанда... Ин ҳама аз мушкилоти аслии нашрияҳои музофотӣ дар вилояти Хатлонанд, ки роҳи ҳалли зудрас мехоҳанд.

Беш аз 7 ҳазор гектар кишт нашудааст
20:2212 январ

Беш аз 7 ҳазор гектар кишт нашудааст

Таҳаввулу таназзули иқтисодию иҷтимоии кулли арсаҳои мавҷудаи вилояти Хатлон дар соли рафта ахиран дар ҳузури раисони шаҳру навоҳӣ ва роҳбарони ташкилоту идораҳои музофот мавриди баррасӣ қарор гирифт. Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, зимни суханронии таҳлилӣ изҳори ташвиш намуд, ки дар баробари дастовардҳои сершумор, дар аксари соҳаҳо камбудӣ низ кам нест.

Бӯсаи вопасини падар (Ҳикоя)
23:3608 январ

Бӯсаи вопасини падар (Ҳикоя)

Моҳираро, ки хоб ҳамагӣ чанд соат пеш дидагонаш нарм карда буд, садои тараққос зада боз гаштани дарвозаи шалақгаштаи милисахона аз олами руъё дигарбора ба олами биму андешаҳои муғлақи кӯдакии нобасомон пас хонд.

Омодагӣ ба интихоби вакилони халқ
18:1607 январ

Омодагӣ ба интихоби вакилони халқ

Комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи вакилони маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон нахустин ҷаласаи хешро дар шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор намуд.