Дар як сатр
Мақбараи мавлоно Обиддин, асри XIV
17:0620 июл

Мақбараи мавлоно Обиддин, асри XIV

Мавлоно Обиддин бародари аҳли тариқати нақшбандия Мавлоно Тоҷиддини Даштикулакӣ буда, мақбарааш дар шашкилометрии қисмати шимолии шаҳраки Данғара, дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Корез ҷой гирифтааст.

Мақбараи Мавлоно Қутбиддин, асрҳои XIV-XV
15:5618 июл

Мақбараи Мавлоно Қутбиддин, асрҳои XIV-XV

Мақбараи яке аз шахсиятҳои намоёни олами ислом Мавлоно Қутбиддин дар 40-километрии қисмати ҷанубии маркази ноҳияи Балҷувон, дар деҳаи Олучадараи Ҷамоати деҳоти Дегтур воқеъ мебошад.

1094 медали варзишгарони вилоят дар шаш моҳ
14:5506 июл

1094 медали варзишгарони вилоят дар шаш моҳ

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи якҷояи Шӯроҳои ҳамоҳангсозӣ оид ба рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва комиссияи байниидоравӣ оид ба рушди соҳаи туризм бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода баргузор гардид.

Маҷмааи «Ваҳдати миллӣ»,  шаҳри Қӯрғонтеппа, соли 2008
06:5528 июн

Маҷмааи «Ваҳдати миллӣ», шаҳри Қӯрғонтеппа, соли 2008

27 июни соли 2008, дар рӯзи таҷлили 11-умин солгарди баимзорасиии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, дар маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи «Ваҳдати миллӣ» кушода шуд. Маҷмааи мазкур рамзи асосии ҷашни ҳамонсолаи Ваҳдат буда, ин мавзеъро ба яке аз гӯшаҳои зеботарини маркази вилояти Хатлон табдил додааст.

Мақбараи Хоҷа Дурбод, асрҳои XI-XII
11:3705 июн

Мақбараи Хоҷа Дурбод, асрҳои XI-XII

Мақбараи Хоҷа Дурбод ёдгории меъмории асрҳои XI-XII дар ҳаволии деҳаи Сайёди ноҳияи Шаҳритӯс буда, дар куҳнамазор аз хишти пухта сохта шудааст.
Амои асосии он рӯ ҷониби шарқ аст. Мақбара дар ҳолати нимахароб то замони мо расидааст. Қисме аз сақфи гунбаз вайрон шуда, ҷузъҳои боқии он низ харобу валангор шуда буд. Онро соли 2003 пурра тармим карданд.

Мақбараи Имом Зайналобиддин, асри ХVII
11:1805 май

Мақбараи Имом Зайналобиддин, асри ХVII

Мақбараи Имом Зайналобиддин, (асри ХVII) шомили феҳристи “Ёдгориҳои бостонӣ ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон” аст, ки аз ҷониби Вазорати фарҳанги Тоҷикистон тартиб дода шуда, мавриди ҳифозати давлат қарор гирифтааст.

Бо ҳам сайри Хатлон мекунем!
09:4402 май

Бо ҳам сайри Хатлон мекунем!

Хонандаҳо низ метавонанд аксҳои зебои худро аз маҳалли зист ё ҳар мавзеи дигари дилфиреби Хатлон ба идораи рӯзнома бифиристанд. Беҳтарин аксҳо дар ҳамин гӯша ва сомонаи рӯзнома нашр гардида, қадрдонӣ карда мешаванд.

Кӯҳи Хоҷамуъмин
09:0824 апрел

Кӯҳи Хоҷамуъмин

Намаки кӯҳи Хоҷамуъмин бо таъму сифат, мавқеи ҷуғрофӣ ва табиати нотакрори худ мақоми хос дорад. Он дар соҳили чапи дар-ёи Ёхсу воқеъ гардидааст. Сохти кӯҳ ба занбӯруғи азим шабоҳат дошта, гунбазаш дар рӯйи замин ва пояаш дар зери он ҷойгир аст. Умқи кӯҳ то ҳол тадқиқ нашудааст. Кӯҳи намаки Хоҷамуъмин кони бузургтарини намак дар минтақа мебошад.

Мақбараи Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ (Зарробӣ)
09:3017 апрел

Мақбараи Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ (Зарробӣ)

Ноҳияи Балҷувон на танҳо бо шаршараи овозадори Сари Хосор, балки бо чандин мавзеи таърихиву зиёратӣ ва табиати басо зебою нотакрораш таваҷҷуҳи зиёди сайёҳҳонро ҷалб намудааст.

«Бешаи палангон»
16:2913 апрел

«Бешаи палангон»

Мамнӯъгоҳи давлатии «Бешаи палангон» 4 ноябри соли 1938 дар масоҳати 49700 гектар ташкил шуда, дар резишгоҳи рӯди Вахш ба дарёи Панҷ, дар ҳудуди имрӯза ноҳияҳои Дӯстӣ, Ҷайҳун ва Қободиёни вилояти Хатлон воқеъ аст.

«Тахти сангин» бозсозӣ мешавад
09:5221 феврал

«Тахти сангин» бозсозӣ мешавад

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён талош дорад, ки яке аз ёдгориҳои маъруфи таърихӣ бо номи «Тахти сангин»-ро бозсозӣ ва ба феҳрасти ҷаҳонгардӣ шомил кунад.

Мазори Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ
09:2521 феврал

Мазори Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ

Мазори Ҳазрати Султон дар ноҳияи Ховалинг, 18 км аз шимолу ғарби шаҳраки Ховалинг дур ҷойгир шудааст. Мавзеи сарсабз, ободу зебост, ки нишас-тан дар болои сабзазори назди мазор, тамошои табиати атроф, мақбараи аз нав эъморшуда бо гумбазҳои тиллоӣ, роҳравҳои зебо, ки бо тамоми бино аз хишти пухта бо омезиши гаҷу лой сохта шудааст, ба кас ҳаловат мебахшад.