Дар як сатр
«Корвони саломатӣ» ба деҳоти дурдасти Хатлон расид
11:5310 апрел

«Корвони саломатӣ» ба деҳоти дурдасти Хатлон расид

Мақсад аз ташкили «Корвони саломатӣ” ва сафари гурӯҳи мутахассисони тиб ба навоҳии дурдасти кишвар беҳдошт ва ҳифзи тандурустии сокинони минтақа, аз ҷумла бошандагони мавзеъҳои дурдасти ноҳияҳои кӯҳистон маҳсуб меёбад.

Таъсиси сомонаҳои нави интернетӣ
15:2506 апрел

Таъсиси сомонаҳои нави интернетӣ

Дар ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои ҳудуди шаҳри Қӯрғонтеппа бо мақсади ташаккули фазои иттилоотӣ, рушди ҷомеаи демократии иттилоотӣ ва воридшавии Тоҷикистон ба ҷомеаи иттилоотии ҷаҳонӣ таъсиси сомонаҳои интернетии мақомот ба нақша гирифта шуд.

КҲФ ва МГ: Аз сафар тавассути мавзеъҳои осебпазир ва минтақаҳои хавфнок худдорӣ намоед!
16:4430 март

КҲФ ва МГ: Аз сафар тавассути мавзеъҳои осебпазир ва минтақаҳои хавфнок худдорӣ намоед!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки аз 31 март то 2 апрели соли 2016 вазъи ҳаво дар миқёси ҷумҳурӣ ноустувор гардида, боришоти борон, раъду барқ, боридани жола, омадани сел дар доманакўҳҳо, фаромадани тарма, сангрезӣ ва ярч дар назар аст.

Роҳ ба мавзеи «Чилдухтарон» наздик шуд
16:4029 март

Роҳ ба мавзеи «Чилдухтарон» наздик шуд

Ҳафтаи гузашта кӯпруки навбунёди рӯйи дарёи Сурхак, ки роҳ ба мавзеи Чилдухтарони ноҳияи Муъминободро наздик мекунад, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

«Корвони саломатӣ» дар шаҳри Кӯлоб
09:3510 март

«Корвони саломатӣ» дар шаҳри Кӯлоб

Корвони саломатӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо шумули роҳбарони муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, устодони баландпояи муассисаҳои олии таълимии тиббии ҷумҳуриявӣ ба шаҳри Кӯлоб сафар кард. Ин ҳайат аз 112 нафар мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳаи тиб иборат буд.

Гурӯҳҳои корӣ дар навоҳии наздимарзӣ
13:1912 феврал

Гурӯҳҳои корӣ дар навоҳии наздимарзӣ

Ҳайати гурӯҳи кории байниидоравӣ бо аҳолии шаҳру ноҳияҳои Шаҳритус, Фархор, Муъминобод ва Шӯробод вобаста ба масъалаҳои пешгирии низоъҳои обӣ, сарҳадӣ, гардиши ғайриқонунии силоҳи оташфишон, андешидани тадбирҳои фаврӣ дар ҳолати рух додани ҳолатҳои фавқулода ва офатҳои табиӣ, истифодаи неруи занон дар масъалаи муқовимат ба паҳншавии ҳаракату равияҳои экстремистӣ ва иштирок дар равандҳои сулҳоварӣ машварат доир намуданд.

Эълони 190 рӯзи ободонӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа
10:4612 феврал

Эълони 190 рӯзи ободонӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа

Барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ қарори раиси шаҳри Қӯрғонтеппа оид ба эълон намудани «190 рӯзи ободонӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа» ба тавсиб расид.

Д. Гулмаҳмадзода: «Дар соли 2016 истеҳсоли маҳсулоти содиротиро афзун намоем»
15:0111 феврал

Д. Гулмаҳмадзода: «Дар соли 2016 истеҳсоли маҳсулоти содиротиро афзун намоем»

Дар ноҳияи Ҷиликӯл бо иқдоми роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон семинар-машварат "Оид ба истифодаи технологияи муосир-омили баланд бардоштани ҳосили зироатҳои кишоварзӣ" баргузор гардид. Дор чорабинӣ раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, муовини аввали раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳои пахтакор, директори генералии ширкати ҶСП "Ҷунтай Хатлон Син Силу", вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Муҳаммадтоҳир, масьулини идораҳои кишоварзии вилоят, шаҳру ноҳияҳо ширкат доштанд.

Барфи аввал дар Қӯрғонтеппа (видео)
11:1110 феврал

Барфи аввал дар Қӯрғонтеппа (видео)

Имрӯз, 10 феврал, дар Қӯрғонтеппа, маркази маъмурии вилояти Хатлон, бори аввал дар фасли зимистон барф борид.
Ба иттилои маркази ҳавосанҷии Тоҷикистон, ҳарорати ҳаво рӯзона то 2 дараҷа гарм ва шабона то 5 дараҷа сард хоҳад буд. Шамол то 7 метр дар як сония мевазад.

Арзиши шикори 1 бузи пармашох – 40 000 $
10:0502 феврал

Арзиши шикори 1 бузи пармашох – 40 000 $

Тайи як соли гузашта се шикорчии хориҷӣ барои сайди се адад бузи пармашохи морхӯр, ки ҳайвони нодири даштӣ маҳсуб меёбад, иҷозатнома дарёфт кардаанд. Онҳо барои шикори як чунин бузи пармашох дар мавзеи Даштиҷуми ноҳияи Шӯрообод 40 ҳазор доллари амрикоӣ пардохт кардаанд.

Э. Раҳмон: «Дар соҳаҳои тандурустӣ ва маориф феълан 18 ҳазор ҷойи кори холӣ мавҷуд аст»
11:5320 январ

Э. Раҳмон: «Дар соҳаҳои тандурустӣ ва маориф феълан 18 ҳазор ҷойи кори холӣ мавҷуд аст»

Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 20 январ, зимни ироаи Паёми солона ба парлумони кишвар дастур дод, ки дар давоми 4 соли оянда мушкили норасоии омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, илмҳои дақиқ ва технологияи иттилоотӣ комилан ҳал гардад.

Офатҳои табиӣ ба иқтисодиёт дар ҳаҷми беш аз 4 миллиард сомонӣ зарар расониданд
11:2720 январ

Офатҳои табиӣ ба иқтисодиёт дар ҳаҷми беш аз 4 миллиард сомонӣ зарар расониданд

Офатҳои табиии дар давоми сол рухдода, аз ҷумла сардии ҳаво дар вилояти Суғд, селу заминларза дар вилояти Бадахшон, дар ноҳияҳои водии Рашт ва вилояти Хатлон ба иқтисодиёти мамлакат дар ҳаҷми беш аз 4 миллиард сомонӣ зарар расониданд.

Сарфи назар аз буҳрони молиявии ҷаҳонӣ, дастовардҳои Хатлон зиёданд
09:5519 январ

Сарфи назар аз буҳрони молиявии ҷаҳонӣ, дастовардҳои Хатлон зиёданд

Дар нишасти хабарии раиси вилояти Хатлон беш аз 20 хабарнигор аз расонаҳои хабарии вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзиданд. Тӯли 1,5 соат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода қариб ба 15 саволи журналистон посух дод. Саволи хабарнигорон ба масъалаҳои рушди кишоварзӣ, таъмини амнияти марзҳои давлатӣ, омодагии муассисаҳои таълимӣ ба зимистон, баҳсҳо атрофи масоили ҳиссаҷудокунии маблағ аз шаҳри Қӯрғонтеппа ва идомаи бунёди беморхонаи қалб дар маркази шаҳр, аз дотатсияи давлатӣ баромадани шаҳри Норак ва ноҳияи Ховалинг дар соли 2016 марбут буд.