Дар як сатр
Рӯзҳои эмгузаронӣ бар зидди сурхча
10:3711 май

Рӯзҳои эмгузаронӣ бар зидди сурхча

Аз 15 то 26 майи соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои иловагии эмгузаронӣ бар зидди бемории сурхча ва гулафшон гузаронида мешаванд.

Бакорандозии шуъбаи ҷарроҳӣ
10:5505 май

Бакорандозии шуъбаи ҷарроҳӣ

Шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи №1-и воқеъ дар Ҷамоати деҳоти “Ғараутӣ”-и ноҳияи Дӯстӣ, ки солҳои зиёд фаъолият надошт, аз нав эҳё ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳазонида шуд.

Бо ҳам сайри Хатлон мекунем!
09:4402 май

Бо ҳам сайри Хатлон мекунем!

Хонандаҳо низ метавонанд аксҳои зебои худро аз маҳалли зист ё ҳар мавзеи дигари дилфиреби Хатлон ба идораи рӯзнома бифиристанд. Беҳтарин аксҳо дар ҳамин гӯша ва сомонаи рӯзнома нашр гардида, қадрдонӣ карда мешаванд.

Машварати корӣ дар Кӯлоб
17:1321 апрел

Машварати корӣ дар Кӯлоб

Муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода дар шаҳри Кӯлоб бо роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ ва маорифи гурӯҳи шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб машварати корӣ баргузор намуд.

Доруҳои пастсифатро cӯзонданд (аксу видео)
09:0119 апрел

Доруҳои пастсифатро cӯзонданд (аксу видео)

Раёсати Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ дар вилояти Хатлон дар раванди идома бахшидани ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ба масъалаҳои беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин, рушди шаклҳои нави кумаки тиббиву санитарӣ аҳамияти хоса медиҳад. Назорати қатъии сифати доруворӣ бошад, маҳз аз ҳамин соҳа вобаста аст.

Мақсад - хизматрасонии босифати тиббӣ ба модару кӯдак
09:1618 апрел

Мақсад - хизматрасонии босифати тиббӣ ба модару кӯдак

Рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак мавзӯи меҳварии ҷаласаи Шӯрои занони Раёсати кор бо занони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қарор гирифт.

Умури пешгирикунанда аз офатҳо
16:1831 март

Умури пешгирикунанда аз офатҳо

Тибқи амри раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода аз 24 феврали соли 2017 таҳти №3 “Дар бораи ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон”, дар шаҳру навоҳии вилоят оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тадбирандешӣ мешавад.

22 март - Рӯзи байналмилалии захираҳои об: об сарвати бебаҳост
13:0422 март

22 март - Рӯзи байналмилалии захираҳои об: об сарвати бебаҳост

Ҳамасола дар ҷаҳон зиёда аз 1 миллиарду 200 миллион нафар одамон аз оби ошомиданӣ танқисӣ доранд. Аксарияти аҳолии сайёра дар гирду атрофи уқёнусҳо, ки обашон шӯр аст, истиқомат доранд. Имрӯзҳо аз ҳар 10 сокини олам 4 нафарашон аз беобӣ ё камбудии об азият мекашанд. Хушбахтона, мардуми шарифи Тоҷикистон ба ин «аксарият» дохил намешаванд. Ин аст, ки ҷумҳурии азизамонро биҳишти рӯйи замин гӯем, хато намекунем.

«Тахти сангин» бозсозӣ мешавад
09:5221 феврал

«Тахти сангин» бозсозӣ мешавад

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён талош дорад, ки яке аз ёдгориҳои маъруфи таърихӣ бо номи «Тахти сангин»-ро бозсозӣ ва ба феҳрасти ҷаҳонгардӣ шомил кунад.

Об ва масъалаҳои рушди устувор
15:5004 феврал

Об ва масъалаҳои рушди устувор

Ҷаҳони имрӯза ҳамчун арсаи васеи муносибатҳои гуногунҷабҳа байни давлатҳои мустақил дар робита ба густариши равандҳои ҷаҳонишавӣ бо мушкилиҳое низ рӯ ба рӯ гашта истодааст, ки маҳз якдилӣ ва якмаромии тамоми кишварҳои сайёра метавонанд ба ҳалли онҳо мусоидати комил намоянд.

Низоми давлатии санҷиш – кафолати сифати доруворӣ
16:5330 январ

Низоми давлатии санҷиш – кафолати сифати доруворӣ

Воқеан ҳам мамлакати мо дорои имконоти бузурги табийи манбаи ашёи доруворӣ (рустаниҳои доруӣ ва маъданҳои нодир) ба шумор меравад. Ҳамчунин пажӯҳишгоҳҳои бунёдӣ, синтези кимиёӣ дар ҷумҳурӣ рӯ ба рушд аст. Дар заминаи ин ихтироот имконияти ба роҳ мондани истеҳсоли доруҳои синтетикӣ ва мураккабтаркиб низ имконпазир мебошад. Бинобар ин, рушди соҳа ва ба ин васила коҳиш додани мизони воридот ногузир аст.

24 шикоят аз паст будани сифати маҳсулот
10:0925 январ

24 шикоят аз паст будани сифати маҳсулот

Аз тарафи Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Тоҷикстандарт дар вилояти Хатлон 3330 адад бозичаҳои пластикӣ ва 500 кг қандакҳои чинӣ, ки ба тариқи қочоқ дар қаламрави вилояти Халон ворид гардидаанд, ошкор ва аз муомилот гирифта шуданд.

Тасдиқи ангораи шоҳҷоизаҳо
08:2113 май

Тасдиқи ангораи шоҳҷоизаҳо

Намунаи шоҳҷоизаҳо ва нишони хотиравии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ» гузаронида мешавад, тасдиқ карда шуданд.