Дар як сатр
Саодат орзуи табиб шудан дорад
10:5310 июл

Саодат орзуи табиб шудан дорад

Парвина Шарипова модари се фарзанд мебошад. Фарзанди дуюмаш Саодат Шарипова маъюби гурӯҳи 1-ум аст. Саодат 6-уми декабри соли 2009 дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба дунё омадааст. Ӯ то 4-солагӣ қадам мезад, роҳ мерафт, миёни ҳамсолони худ бозӣ мекард. Аммо зиндагӣ қонунҳои нонавишта дорад. Саодати хурдсол баъди дар об сӯхтан аз роҳгардӣ монд. Муддати 3 сол мешавад, ки ӯ бо ин ташкилоти ҷамъиятӣ ҳамкорӣ дорад. Имрӯз хонаводаи Саодат шоданд, ки баъди овардани фарзанданашон ба ин ҷо вазъи саломатиаш хубтар гаштааст.

Кафтор – ҳайвоне, ки шуморааш коҳиш меёбад
13:2308 июл

Кафтор – ҳайвоне, ки шуморааш коҳиш меёбад

Кафтор дар 3-4-солагӣ болиғ мешавад ва кафтори модина 2-5 бачаи нобино мезояд. Ҷойи аслияш туғайзор мебошад. Кафтор ҳайвони шабгард аст. Он дар вақти наёфтани хӯрок, гоҳо ба қишлоқҳо низ меояд ва ба чорвои мардум шабона ҳуҷум карда, зарари зиёде мерасонад. Ҳатто сагҳо низ ба кафторҳо ҳамла оварда наметавонанд. Ин боиси харобшавии молҳои қишлоқ мегардад.

Нахустин ҷарроҳии ҷоғу рӯй бо усули остеосинтезӣ дар Хатлон
17:3007 июл

Нахустин ҷарроҳии ҷоғу рӯй бо усули остеосинтезӣ дар Хатлон

Дар шуъбаи ҷарроҳии асаби Беморхонаи клиникии ба номи Бӯрӣ Воҳидови вилояти Хатлон нахустин бор амали ҷарроҳии остеосинтези кушодаи ҷоғи поён ва ҷоғи боло бо мустаҳакамкунӣ бо симҳои танталӣ гузаронида шуд.

Лоиҳаи таъмини оби нӯшокӣ дар ноҳияи Панҷ ғолиби озмуни Ҷопон гардид
07:4306 июл

Лоиҳаи таъмини оби нӯшокӣ дар ноҳияи Панҷ ғолиби озмуни Ҷопон гардид

Корҳои сохтмонӣ оид ба барқарорсозии низоми таъминоти оби нӯшокӣ дар ноҳияи Панҷ аз моҳи марти соли 2013 то охири соли 2016 гузаронида шудааст. Низоми татбиқшудаи обтаъминкунӣ аз ду обанбор иборат буда, миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ тарҳи ҳаммонанд сохта нашудааст. Зиёда аз 29 ҳазор аҳолии ноҳияи Панҷ бо оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ пайдо намудаанд.

Баррасии вазъи хизматрасониҳои муассисаҳои КАТС дар ҳузури муовини раиси вилоят
10:1405 июл

Баррасии вазъи хизматрасониҳои муассисаҳои КАТС дар ҳузури муовини раиси вилоят

Дирӯз, 4 июл, дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҷаласаи навбатии Шӯрои тандурустии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти роҳбарии муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода доир гардид.

Чӣ тавр дар гармои шадид саломатиро ҳифз кунем? (Маслиҳати табиб)
17:3503 июл

Чӣ тавр дар гармои шадид саломатиро ҳифз кунем? (Маслиҳати табиб)

Аз ин рӯ, дар ин фасл ҳар шахс, бахусус модаронро лозим меояд, ки ба маводҳои истеъмолӣ ва нӯшокии фарзандони худ диққати махсус бидиҳанд. Духтурон роҳи аз ҳама осони пешгирии ин бемориҳоро дар истифода намудани оби ҷӯшонидашуда мебинанд. Набояд фаромӯш кард, ки оби манбаъҳои тасодуфиро истеъмол намудан, дар наздикии онҳо ҳоҷатхонаҳо сохтан ва оббозӣ намудан дар обанборҳои ифлос қатъиян манъ аст.

Хуруҷи бемории домана дар Бохтар (видео)
10:4601 июл

Хуруҷи бемории домана дар Бохтар (видео)

Тибқи иттилои масъулони беморхонаи №1-и Ҷамоати «Бохтариён»-и ноҳияи Бохтар, 60 нафар сокини хоҷагии ба номи Файзали Саидови ноҳияи Бохтар бо гумони мубталошавӣ ба бемории домана дар беморхонаи №1-и Ҷамоати деҳоти «Бохтариён» бистарӣ гардида, табобат мегиранд. Пизишкон хона ба хона гашта, сокинони ин маҳалро аз назари эҳтимоли гирифторӣ ба ин беморӣ ташхис мекунанд.

Сафари «Корвони маърифат» ба ноҳияҳои кӯҳистони минтақаи Кӯлоб
07:5317 июн

Сафари «Корвони маърифат» ба ноҳияҳои кӯҳистони минтақаи Кӯлоб

Рӯзҳои 13, 14 ва 15-уми июн гурӯҳи иштирокчиёни «Корвони маърифат»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба ноҳияҳои кӯҳистони минтақаи Кӯлоб сафар намуданд. Истиқболи меҳмонон дар даромадгоҳи ноҳияи Ховалинг, барои иштирокчиёни корвон, ки иборат аз намояндагони кулли муассисаҳои иҷтимоӣ буданд, хеле хотирмон сурат гирифт.

Ҳалокати 5 ноболиғ ҳангоми оббозӣ
14:4809 июн

Ҳалокати 5 ноболиғ ҳангоми оббозӣ

3-юми июни соли равон ноболиғи 14-сола Тоиров Шодӣ Файзуллоевич, сокини деҳаи Рӯдакии Ҷамоати деҳоти “Рӯдакӣ”-и ноҳияи Вахш қоидаҳои шиновариро риоя карда натавониста, дар канали назди манзили зисташон ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.

Ҳифзи табиат яке аз рукнҳои асосии ҳифзи ватан ба ҳисоб меравад
08:1408 июн

Ҳифзи табиат яке аз рукнҳои асосии ҳифзи ватан ба ҳисоб меравад

Ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист дар боғи марказии фароғатӣ - фарҳангии шаҳри Қӯрғонтеппа ҳамоиши идона баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ намоиши гулҳо ва мусаввараҳои кӯдакону наврасони мактабу боғчаҳои миқёси вилоят манзури тамошочиён гардид.

Захираҳои табиӣ - бойигарии мо
09:4705 июн

Захираҳои табиӣ - бойигарии мо

Ҳифзи муҳити зист ва дигар масъалаҳои экологӣ аз давраҳои пеш ҳам ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсат, иқтисодиёт, тафаккури ҷамъиятии мардум, саломатии аҳолӣ ва пешрафти давлату давлатдорӣ маҳсуб меёфт ва ҳозир ҳам ҳаст.

Ҳушдор аз хатари офатҳои табиӣ
08:4703 июн

Ҳушдор аз хатари офатҳои табиӣ

Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Сарбанд дар мавзӯъҳои пешгирии ҳолатҳои ғарқшавӣ, омода намудани мардум ба хатари эҳтимолии офатҳои табиӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондааст.

Иштирок дар маросими ба истифода додани канали “Водии Данғара” марҳилаи 3
11:0412 май

Иштирок дар маросими ба истифода додани канали “Водии Данғара” марҳилаи 3

Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ канали “Водии Данғара - 3”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Аз 12 то 15 май ҳарорати ҳаво ба 40 дараҷа мерасад
17:1111 май

Аз 12 то 15 май ҳарорати ҳаво ба 40 дараҷа мерасад

Тибқи маълумоти Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон, аз 12 то 15-уми майи соли 2017 дар ҷумҳурӣ ҳавои гарму тафсон дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар аксари навоҳӣ ба 40 дараҷа мерасад.