Дар як сатр
«Олимпиадаи байналхалқӣ»: санҷиши неруи зеҳн ё маъракаи пулғундорӣ?
17:3213 январ

«Олимпиадаи байналхалқӣ»: санҷиши неруи зеҳн ё маъракаи пулғундорӣ?

Гуфтанд: «Раёсати маориф барои иштироки 230 нафар хонанда дар ин санҷиш дархост дода будааст. Аммо шумораи толибилмони ҳозиршуда аз 1000 нафар зиёдтар аст. Бинобар ин, ҳоло варақаҳои имтиҳониро нусхаафзоӣ карда истодаанд…» Аҷаб коре? Наход олимпиадаи байналмилалӣ бо чунин ҳамоҳангии заиф ва кутоҳбинона сурат бигирад?! Ё мақсад танҳо ҷамъ овардани маблағи иштирокчиён аст?!

Як узви «Ҳизби исломии Туркистон» барои 5 сол аз озодӣ маҳрум шуд (аксу видео)
11:5508 июн

Як узви «Ҳизби исломии Туркистон» барои 5 сол аз озодӣ маҳрум шуд (аксу видео)

Суди вилояти Хатлон як сокини 26-солаи деҳаи Қизилнишони ноҳияи Қубодиёнро бо иттиҳоми узвият дар “Ҳизби исломии Туркистон”, ташкилоти фаъолияташ мамнӯъ дар Тоҷикистон, барои 5 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Сокинони Сангдара чаро  барномаҳои телевизиони тоҷикро тамошо намекунанд?
08:3915 май

Сокинони Сангдара чаро барномаҳои телевизиони тоҷикро тамошо намекунанд?

Солиёни зиёд аст, ки норасоии амвоҷи телевизион барои мардуми рустоҳои дурдасти Ҷамоати деҳоти «Шугнов»-и ноҳияи Ховалинг проблемаи асосии ҳалталаб ба шумор меравад. Аз ин рӯ, сокинони ин музофот бештар ба тамошои диску фитаҳои хориҷӣ ва силсилафилмҳои туркӣ рӯ овардаанд. Пас, суоле ба миён меояд, ки чаро масъулин то ҳол сари ин масъала наандешидаанд?

Навиштаҷоти ғалат кай ислоҳ мегардад?
17:1322 феврал

Навиштаҷоти ғалат кай ислоҳ мегардад?

Сарфи назар аз таъкидҳои Пешвои миллат дар мавриди посдорӣ ва ҳифзи асолати забон, ҳамоно чунин ба назар мерасад, ки баъзе масъулон ва соҳибони забон одитарин меъёрҳои забони адабии тоҷикиро нодида мегиранд. Як далели равшани ин иддао навиштаҷоти пурғалати коғазҳои рӯйи зарфи обҳои газдори нӯшокӣ ва яхмосҳоест, ки аз ҷониби баъзе корхонаҳо ва сехҳои истеҳсолкунандаи чунин маҳсулот истеҳсол мешаванд. Бо вуҷуди он ки соҳибони ин навъи тиҷорат аз он ғалатҳои забонӣ хабардоранд, дар ислоҳи онҳо бепарвоӣ нишон медиҳанд.

Як рӯзи «талбандагӣ»-и се дониҷӯ
10:5321 январ

Як рӯзи «талбандагӣ»-и се дониҷӯ

Се донишҷӯ - коромӯзи рӯзномаи «Хатлон» барои кушодани гиреҳи «шуғл» дар нақши лӯлӣ «талбандагӣ» карда, тадқиқоти журналистӣ гузарониданд.

Кӯдакони замони ҷанг заҳматкашу ватандӯст буданд…
14:1909 май

Кӯдакони замони ҷанг заҳматкашу ватандӯст буданд…

Дар солҳои пуризтироби Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз деҳоти кишвар аксари мардуми ҷавону миёнасол ба фронт рафтанд. Дар колхозҳо асосан занон ва мардони пиронсолу бачагони хурдсол монданд. Ва маҳз ҳаминҳо колхозҳоро, умуман истеҳсолоти кишоварзиро идора мекарданд. Солҳои хеле мушкил буд, аммо мардонагию ҷасорати беҳамтои онон дар он солҳои мушкил колхозҳоро аз фаношавӣ боздошт.

Модарони ғамхор, вале исрофкорем…
11:2222 апрел

Модарони ғамхор, вале исрофкорем…

«Зане, ки харҷаш аз ҳама камтар аст, баракаташ аз ҳама зиёд…»
Тибқи маълумоти расмӣ, соли гузашта дар ҳудуди вилояти Хатлон зиёда аз 55 ҳазор тӯю маърака гузаронида шуда, хароҷот ба як маърака ба ҳисоби миёна 2736 сомониро ташкил дод. Аммо ҳолдонҳо мегӯянд, ки танҳо барои ба хонаи домод бо ҷиҳози арӯсӣ гусел намудани духтар маблағи хеле бештар аз 2736 сомониро сарф мекунанд…

Модарон, дар батни хеш фарзанди солим парваред
15:1715 апрел

Модарон, дар батни хеш фарзанди солим парваред

Саломатӣ неъмати бебаҳо барои ҳар як инсон ба ҳисоб меравад. Дар замони пешрафти технология он ҷойгоҳи асосиро ишғол мекунад. Имрӯз воситаҳои зиёди тиббию техникӣ сохта шудаанд, ки барои талаботи рӯзафзуни инсонро қонеъ кардан равона гаштаанд. Агар гӯем, ки бисёр муаммоҳо роҳи ҳалли худро ёфтаанд, хато нахоҳем кард.

Чаро ба таваллуди писар бартарӣ медиҳанд?
15:3709 феврал

Чаро ба таваллуди писар бартарӣ медиҳанд?

Зане саросемавор аз таваллудхона берун омаду бо садои баланд аз ҷавоне шодиёна хост ва гуфт, ки ҳамсараш духтар ба дунё овард. Аммо бо шунидани ин хабар он ҷавон ба ҷойи хушҳолӣ якбора андуҳгин шуда, бо ғазаб чанд мушт бар сари худ зада, такрор ба такрор гуфт: «Охир духтурҳо гуфта буданд, ки писардор мешавӣ, на духтар…». Ба ҷойи шукргузорӣ аз атои Илоҳӣ, ки барояш дуюмин духтарчаи солимро ҳадя намуд, даст афшонду аз ҳавлии зоишгоҳ баромада рафт.

Акси садои хиёнатҳои наҳзатӣ (видео)
17:5113 сентябр

Акси садои хиёнатҳои наҳзатӣ (видео)

Ҳодисаи фоҷеабори 4-уми сентябрро барои мардуми тоҷик набояд ғайричашмдошт, тасодуфӣ, балои осмонӣ пазируфт. Ҳаргиз ин тавр нест. Мардуми тоҷик муддати 24 соли Истиқлолият дар хонаи худ морбача калон кард. Қисман онро хӯронд. Пӯшонд. Ба воя расонд. Нозу эркагиашро таҳаммул кард. Гарчанде хуб медонист ва медонад, ки ин ҳизб аз куҷо сармоя мегирад.

«Қомат»-и деҳқон кай «рост» мешавад? (акс+видео)
17:5104 август

«Қомат»-и деҳқон кай «рост» мешавад? (акс+видео)

Аксари кишоварзон иддао доранд, ки қарзҳои бонкии дарёфтаашон боимтиёз набуда, фоизи баланди он имкон намедиҳад, ки «қоматашонро рост» кунанд. Аммо мақомоти расмӣ мегӯянд, ки маҳз бо истифода аз ҳамин қарзҳои бонкӣ 30 фисади хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Хатлон худкифо шуда, дигар ба қарз ниёз надоранд.

Занони кишоварз аз ҳақталабӣ метарсанд? (акс, инфографика, видео)
19:1530 июл

Занони кишоварз аз ҳақталабӣ метарсанд? (акс, инфографика, видео)

Шумораи зиёди занони хатлонӣ аз поймолшавии ҳуқуқи худ ба кору ҳифзи иҷтимоӣ ва дастрасӣ ба замин шикоят мекунанд.
Теъдоде аз бонувон дар ҷануби Тоҷикистон ғайрирасмӣ - бе сабти фаълият дар дафтарчаи меҳнатӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва муассисаҳои хусусӣ заҳмат мекашанд.

Карйера хуб аст ё шавҳар?
11:1825 июн

Карйера хуб аст ё шавҳар?

Вазифа ва «бахт» ҳарду баробар ба рӯям омад карда буд, - мегӯяд Лайло. - Вазифаро интихоб намудам. Аммо бинобар рашки хушдорам, аз бахти оилавӣ маҳрум гаштам. Агар Худо хоҳаду дубора карйераву «бахт» ба рӯям омад кунад, албатта, бе ҳеҷ дудилагӣ дувумиро интихоб мекунам, то ин ки воқеан хушбахт бошам.

«Давлати пирӣ»?
11:4919 июн

«Давлати пирӣ»?

Кас ин ҳоли мӯйсафеди 115-сола ва дарозумртарин иштирокчии ҶБВ-ро дида, раҳмаш меояд, ки ба ҷойи он ки давлати пирӣ ронад, имрӯз талбандагӣ мекунад...

Дискоклуб муассисаи фароғатист, ё…
11:2219 июн

Дискоклуб муассисаи фароғатист, ё…

- Киҳо бештар ба дискоклуб мераванд? Барои вуруд ба дискоклуб пул насупурдани духтарон чӣ асрор дорад? Саҳнаҳои маркази дилхушӣ ба фарҳанги миллӣ мувофиқанд? Фаъолияти дискоклубҳоро кӣ назорат мебарад? Танҳо будан дар дискоклуб хатаровар аст?