Дар як сатр
Шиносоӣ бо рафти татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» марҳилаи дуюм
10:4912 май

Шиносоӣ бо рафти татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» марҳилаи дуюм

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти ба номи Исмат Шарифов ҳамчунин бо рафти татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» марҳилаи дуюм шинос шуданд.

Қарздорӣ аз музди меҳнат
08:3212 май

Қарздорӣ аз музди меҳнат

Баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум яке аз ҳадафҳои аслии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад. Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон низ дар ин самт пайваста тадбирҳои мушаххас меандешанд

Кӯлоб. Ёде аз гузашта
11:1311 май

Кӯлоб. Ёде аз гузашта

9 май ба санаи таърихӣ - Рӯзи Ғалаба бар фашизм 72 сол пур шуд. Ин ҷашн барои ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар ва сулҳхоҳ азиз аст, чунки ин ҷанг пирӯзии адолат бар ҷаҳолат ва ғалабаи некӣ бар бадӣ мебошад. Ҳаёт ва фаъолияти пуршарафи собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳар як фарди тоҷикро ба корҳои ободонию созандагӣ, таъмини гулгул шукуфии Ватани азизамон ҳидоят менамояд.

«Корвони маърифат» дар Балҷувон
11:0311 май

«Корвони маърифат» дар Балҷувон

Ҳафтаи сипаригашта ҳайати «Корвони маърифат» аз ноҳияи Балҷувон дидан ба амал оварда, бо аҳолии ин мавзеи таърихӣ ва афсонавӣ суҳбату мулоқот ва чорабиниҳои гуногун доир намуданд.

Омодагӣ ба таҷлили Рӯзи Ваҳдат
11:1710 май

Омодагӣ ба таҷлили Рӯзи Ваҳдат

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 20-солагии Ваҳдати миллӣ дар маркази ноҳияи Ёвон 200 бех ниҳоли ороишӣ, дар гулгаштҳо 11 ҳазор бех гули садбаргу лола ва 25 ҳазор бех гулҳои мавсимӣ шинондаанд. Инчунин, маркази ноҳия бо зиёда аз 700 шиору овеза зинат дода шуда, 6500 метр ҷӯйборҳо аз партов тоза гардидааст.

Рӯйдоди  фаромӯшнопазири башарият
14:0908 май

Рӯйдоди фаромӯшнопазири башарият

Ғалабаи халқи Шӯравӣ бар фашизм дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар таърих чун воқеаи бузург бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Чӣ хеле ки Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Дар таърихи тӯлонии ҳаёти башарият рӯйдодҳое ба вуқӯъ пайвас-танд, ки бузургӣ ва шаҳомати онҳо бо гузашти замон боз ҳам бештар мегардад. Рӯзи Ғалаба бар фашизм аз ҷумлаи ҳамин рӯйдодҳои фаромӯшнопазир аст».

170 меҳтари ҶБВ дар Хатлон
10:4305 май

170 меҳтари ҶБВ дар Хатлон

Шумораи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ки феълан дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон умр ба сар мебаранд, ба ҳолати 1 апрели ба 170 нафар мерасад. Аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Зафар ба ҳар яке аз онҳо ба андозаи 3000 сомонӣ (ҷамъ 510 000 сомонӣ) ва аз номи раиси вилоят Д. Гулмаҳмадзода дар ҳаҷми 500 сомонӣ (дар маҷмӯъ 85000 сомонӣ) кумакпулӣ дода мешавад.

Тоҷикистон – Ватани маҳбуби ҳамаи мо
08:4003 май

Тоҷикистон – Ватани маҳбуби ҳамаи мо

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа бахшида ба 20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ конференсияи вилоятии «Тоҷикистон – Ватани маҳбуби ҳамаи мо» дар доираи Фестивали санъат ва фарҳанги ақалиятҳои миллӣ баргузор шуд.

Баҳри пешгирии зӯроварии хонаводагӣ дар оила
09:5302 май

Баҳри пешгирии зӯроварии хонаводагӣ дар оила

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Лоиҳаи «Пешгирии зӯр-оварии хонаводагӣ» (PDV) дар шаҳри Қӯрғонтеппа семинари омӯзишӣ оид ба мубориза бар зидди зӯроварӣ дар оила-муттаҳид намудан, саъю кӯшиш дар пешравии ин падида ва хизматрасонӣ ба ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила гузаронида шуд.

12 нафар соҳиби  ҷойи кор шуданд
09:3902 май

12 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд

Тибқи нақша чорабиниҳо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия дар шаҳраки А. Ҷомӣ ярмаркаи ҷойҳои кори холиро баргузор намуд.

Дар роҳи иҷрои ваколатҳо
09:2024 апрел

Дар роҳи иҷрои ваколатҳо

Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Хуросон дар давоми се моҳи соли равон наздики 1850 адад асноди ҳолати шаҳрвандиро ба қайд гирифт, ки аз он 821 адад сабти таваллуд ва 276 адад сабти никоҳ мебошад. Аз ҳисоби сабтҳои умуми 39430 сомонӣ боҷи давлатӣ ба буҷети маҳаллӣ ва 23154 сомонӣ ба суратҳисоби Вазорати адлия даромад шудааст. Вобаста ба дастуру ҳидоятҳо дар бобати ба сарпарастӣ гирифтани ятимону бепарасторон, дар ин муддат бо дастгирӣ ва раводиди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти дахлдор, сокинони ноҳия панҷ нафар ятимро ба фарзандхонӣ қабул намуданд, ки ин ҳолат ба қайди сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дохил гардид. Ҳамчунин, дар роҳи иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» дар самти номгузорӣ 148 нафар шаҳрвандони ноҳия дар ин муддат ивази ному насаб карданд, ки он ҳам бо роҳи қонунӣ асоснок карда шуд.

Мо ба Ваҳдат дар ҷаҳон машҳур гаштем
10:3107 апрел

Мо ба Ваҳдат дар ҷаҳон машҳур гаштем

«Ҷашни Ваҳдати миллӣ рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад».
Эмомалӣ РАҲМОН, Пешвои миллат