Дар як сатр
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «Истеҳсоли либоси мактабиро дар корхонаҳои саноатии вилоят ба роҳ монем»
11:5505 апрел

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «Истеҳсоли либоси мактабиро дар корхонаҳои саноатии вилоят ба роҳ монем»

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Иҷлосияи 9-уми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон даъвати панҷум доир гардид. Иҷлосияро раиси маҷлиси вакилони халқи вилоят, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи иҷлосия шинос намуд.

Бозгашт ба Ватан
11:1905 апрел

Бозгашт ба Ватан

Мусибат одамонро ба ҳам оварда, душманию қаҳру ғазаб ва бадбиниро аз дилҳо дур месозад. Ҷанги шаҳрвандии дар кишвари мо рухдода аз худ осори сиёҳ боқӣ гузошт. Мардуми ободу озод, серу пур, осудахотиру ватандор ва дӯсту бародарро якбора ба банди ғаму мусибат печонида, ба бенавоӣ расонд, аз як бурда нони ҳалоли меҳнатӣ маҳрумашон сохта, озурдахотиру беватан ва дарбадари бегонагон гардонид, оқибат байнашон тухми душманию ҷудоӣ кишт.

Риояи муқаррароти ин қонун аҳамияти ҳаётӣ дорад
09:4405 апрел

Риояи муқаррароти ин қонун аҳамияти ҳаётӣ дорад

Имсол аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» расо даҳ сол сипарӣ мегардад. Гузашти солҳо нишон дод, ки ин иқдом боиси коҳиш ёфтани хароҷоти барзиёди шаҳрвандон, захира шудани буҷаи оилавӣ, беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии шаҳрвандон ва пешгирӣ аз хурофоту зиёдаравӣ дар ҷомеаи мо гардид.

Корвони маърифат
10:2603 апрел

Корвони маърифат

Дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ “Корвони маърифат” дар ноҳияи ба номи Ҷалолиддини Балхӣ чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ, мулоқоту вохӯриҳои хешро идома бахшид.

Ҳадяҳои ДДҚ ба 300 ятим
10:2003 апрел

Ҳадяҳои ДДҚ ба 300 ятим

Маъмурияти Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав дар арафаи Наврӯзи байналмилалӣ ба мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кумак расонид.

Қабули шаҳрвандон дар ноҳияи Панҷ
16:2131 март

Қабули шаҳрвандон дар ноҳияи Панҷ

Қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар ноҳияи Панҷ доир гардид. Зимни мулоқот ва суҳбати рӯ ба рӯ сокинони ноҳия Ҳоҷиқурбон Худойназаров, Сафархӯҷа Гулов, Нуралӣ Назаралиев, Қудратшоҳ Ҳасанов, Назирмат Ҳаётов, Маҳмадёр Назриев ва дигарон доир ба масоили марбут ба таъмиру тармими пулҳо, иншооти обрасон, таъмини оби полезӣ, ҷудо кардани қитъаи замин барои бунёди бунгоҳҳои тиббӣ тибқи ҳашар, аз нав эҳё намудани фаъолияти собиқ ансамблҳои тарона ва рақси “Умед” ва “Шодӣ”, норасоии техникаи кишоварзӣ ва таъмини тухмии хушсифат ба раиси вилоят арзи матлаб намуданд.

Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз: хатнасури 1136 писарбача ва тӯйи 91 ҷуфти ҷавонон аз оилаҳои ниёзманд
15:1523 март

Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз: хатнасури 1136 писарбача ва тӯйи 91 ҷуфти ҷавонон аз оилаҳои ниёзманд

Дар арафа ва рӯзҳои таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон хатнасури хайриявии 1136 писарбача ва тӯйҳои домодию арӯсии 91 ҷуфт фарзандони оилаҳои ниёзманд гузаронида шуд.

Амали хайру савоб дар арафаи Наврӯз
14:5721 март

Амали хайру савоб дар арафаи Наврӯз

Ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Носири Хусрав рӯзи 22 март баргузории тӯйи арӯсии се ҷуфти навҷавонон ва хатнасури 15 кӯдак аз оилаҳои камбизоат ба таври хайриявӣ дар назар гирифта шудааст.

Истеъмолкунандагон оё ҳуқуқҳои худро медонанд?
09:5816 март

Истеъмолкунандагон оё ҳуқуқҳои худро медонанд?

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар доираи нақша-чорабиниҳо оид ба ҳимояи ҳуқуи истеъмолкунандагон дар якҷоягӣ бо намояндагони Маркази стандартизатсия, метрология ва нозироти савдои вилоят, Маркази давлатии нозироти санитарию эпидемиологии вилоят ва намояндагони васоити ахбори оммаи вилоят дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, ҳамчунин дар донишгоҳҳо, гимназияҳо, литсейҳо, бозорҳо ва маркази хизматрасониҳо оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон семинар -вохӯриҳо гузаронида шуд.

Пазироии хуш аз «Корвони маърифат»
09:5216 март

Пазироии хуш аз «Корвони маърифат»

«Корвони маърифат» ҳафтаи сипаригардида ҷониби ноҳияи Дӯстӣ роҳ пеш гирифт. Мо-рӯзноманигорон дарк намудем, ки масъулину сокинони ноҳия бо як омодагии ҳамаҷониба аз ин корвон пазироӣ намуданд. Шурӯъ аз даромадгоҳи ноҳия ободонию тозакориҳои зиёде ба чашм расид. Ду ҷониби роҳҳо тахту ҳамвор, ҷӯйборҳо тозаю озода, дарахтони гулбасар арӯсони пиростаро мемонданд, ки ба истиқболи меҳмонон баромада, аз омад-омади Наврӯзи хуҷастапай мужда медоданд. Дар ҳар қадам шиору навиштаҷотҳо доир ба Ваҳдати миллӣ, якпорчагии Тоҷикистони азиз ва Наврӯзи оламафрӯз ба назар мерасид.

«Корвони маърифат» дар меҳмонии сокинони Сарбанд
10:3307 март

«Корвони маърифат» дар меҳмонии сокинони Сарбанд

Шурӯъ аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон тамоми ташкилотҳо таҳти унвони «Корвони маърифат» ба шаҳру ноҳияҳои вилоят раҳсипор гардида, оид ба таҳким бахшидани сулҳу суботи кишвар, коҳиш додани сатҳи ҷудошавии оилаҳои ҷавон, баланд бардоштани савияи дониш, беҳтар гардонидани саломатии мардум, пешгирии никоҳи хешу таборӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинон, пешгирии экстремизм ва терроризм миёни ҷавонон, бо сокинон мулоқотҳои судманд гузаронида истодаанд. Ин навбат «Корвони маърифат» меҳмони сокинони шаҳри Сарбанд гардид.

Кишти баҳорӣ мувофиқи мақсад нест
11:2302 март

Кишти баҳорӣ мувофиқи мақсад нест

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди кории назди раиси вилояти Хатлон оид ба масъалаи ҷараёни корҳои саҳроӣ ва кишти зироати баҳорӣ баргузор гардид. Дар он масъулоне, ки ба масъалаи кишти зироатҳои баҳорӣ хунукназарӣ намуда, маълумоти бардурӯғ додаанд, аз ҷониби Д.Гулмаҳмадзода, расиси вилояти Хатлон, мавриди интиқод қарор гирифта, барои ҳарчи зудтар рафъ намудани камбудиҳои ҷойдошта муваззаф шуданд.