Дар як сатр
Барои ояндаи нек овоз медиҳам
10:4519 май

Барои ояндаи нек овоз медиҳам

Дар муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Данғара оид ба баррасии лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22 майи соли 2016 барои қабули раъйпурсӣ гузаронида мешавад, маҷлиси васеи кормандон баргузор гардид.

Тасдиқи ангораи шоҳҷоизаҳо
08:2113 май

Тасдиқи ангораи шоҳҷоизаҳо

Намунаи шоҳҷоизаҳо ва нишони хотиравии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ» гузаронида мешавад, тасдиқ карда шуданд.

Иштирокчии ду набард - Қурбоналӣ Азимов
14:0909 май

Иштирокчии ду набард - Қурбоналӣ Азимов

Ҳеҷ аз хотир намеравад ҳангоми озод кардани шаҳри Новгород. Сарбозони қисми мо ҷангида ба кӯҳ баромаданд. Дар пастӣ душман мисли муру малах менамуд ва ҷойи қафогардӣ ҳам набуд.
Дар яке аз рӯзҳои сарди зимистон, аниқтараш 3-юми январи соли 1944 муҳорибаи сахте ба амал омад. Хушбахтона, ғалаба карда ҳатто 4 немисро ба асирӣ гирифтем. Ман он рӯз ҷароҳат бардоштам ва ин маротибаи дуюм буд, ки захмдор шудам. Бори аввал 3 сентябри соли 1943 баъди озод кардани Киев рух дод. Баъди табобат моҳи ноябри соли 1944 ба фронт фиристода шудам. Аз он ҷо маро ба курси афсарӣ ба шаҳри Уляновск равон карданду соли 1945 пас аз хатми курс дар взводи танкӣ роҳбар шудам. Дар натиҷаи муҳориба дар атрофи Украина қисми мо аз дигарҳо пеш рафт. Ба немисҳо наздик шуда, ба ҳуҷум гузаштем...

Достони чор бародари ҳамяроқ
13:4009 май

Достони чор бародари ҳамяроқ

Дар байни ҳазорҳо нафар сарбозон аз оилаи бобои Абдушукур чор писар барои саркӯб кардани фашистон ба комиссарияти ҳарбии зодгоҳашон, ноҳияи ҳамонвақтаи Даҳанакиик рафта, номнавис шуданд. Бобои Абдушукур фарзандони ҷигарбандаш Намоз, Сангимурод, Нурмуҳаммад ва Тошмуродро ба фронт гуселонида, «Бо ғалаба сиҳату саломат ба хона баргардед!» - гӯён дуои некашон дод.

Собиқадори ҶБВ М. Ҳамроев: лейтенант ва профессор
13:0109 май

Собиқадори ҶБВ М. Ҳамроев: лейтенант ва профессор

Муҳаммадӣ Ҳамроевро соли 1942 барои таҳсил дар омӯзишгоҳи ҳарбии шаҳри Катта-Қӯрғони ҶШС Ӯзбекистон роҳӣ мекунанд. Соли 1943 ин ҷавони 18-соларо аллакай командири взвод таъин намуданд. Моҳи ноябри соли 1943 Ҳамроев бо ихтиёри худ ба Украина, ба фронт рафта, он ҷо низ раҳбарии взвод дар полки тирандози 344-умро ба дӯш дошт. Соли 1945, дар ҷараёни набард бо душман аз пояш сахт захмӣ шуд, аммо то поёни ҷанг ва ба даст овардани Ғалаба, лейтенант Муҳаммадӣ Ҳамроев дар фронт буд.

Азми таҷлили 100-солагии аввалин қаҳрамони СССР аз Тоҷикистон дар вилояти Хатлон
18:4608 май

Азми таҷлили 100-солагии аввалин қаҳрамони СССР аз Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

Соли ҷорӣ дар арафаи ҷашни 71-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ҷашни 100-солагии нахустин Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Неъмат Қарабоев дар шаҳри Конибодом ва ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба таври васеъ қайд карда мешавад.

Кумак ба 14 собиқадори ҶБВ дар Қӯрғонтеппа
12:3807 май

Кумак ба 14 собиқадори ҶБВ дар Қӯрғонтеппа

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба 14 нафар иштирокдори ҷанг 2000 сомонӣ кумаки яквақтаина супурда, онҳоро бо 71-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ табрику таҳният гуфт.

Эълони озмун ҷиҳати дарёфти грантҳои раиси вилоят барои бонувони соҳибкор
15:5006 май

Эълони озмун ҷиҳати дарёфти грантҳои раиси вилоят барои бонувони соҳибкор

Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон тибқи қарори раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои раиси вилояти Хатлон оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2016-2020» озмуни грантҳои раиси вилояти Хатлонро эълон намудааст.

Ифшои якчанд ҳолати истифодабарии ғайриқонунии меҳнати шаҳрвандон дар Шаҳритуз
12:2706 май

Ифшои якчанд ҳолати истифодабарии ғайриқонунии меҳнати шаҳрвандон дар Шаҳритуз

Мутахассисони Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳољират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, марказҳои савдо, тарабхона ва ошхонаҳои ноҳияи Шаҳритуз санљиш гузаронида, якчанд ҳолати истифодабарии ғайриқонунии меҳнати шаҳрвандонро ошкор карданд.

Иттифоқҳои касаба набояд ба бемасъулиятии корфармоён созгор бошанд
10:3027 апрел

Иттифоқҳои касаба набояд ба бемасъулиятии корфармоён созгор бошанд

Иттифоқҳои касабае, ки таҷрибаи бисёрсола оид ба ҳифзи ҳуқуқи меҳнаткашон ба кори бехатар ва солим доранд, наметавонанд ва набояд ба бепарвоӣ ва бемасъулиятии корфармоён ва соҳибкорон нисбат ба проблемаҳои иҷтимоию иқтисодие, ки манфиати кормандон ва аъзои оилаи онҳоро муҳофизат наменамоянд, созгор бошанд.

Оғози сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Ёвон
11:2722 апрел

Оғози сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Ёвон

Имрӯз сафари кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон аз ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16 дар деҳаи Даҳанаи Ҷамоати деҳоти Даҳана оғоз гардид.

Модарони ғамхор, вале исрофкорем…
11:2222 апрел

Модарони ғамхор, вале исрофкорем…

«Зане, ки харҷаш аз ҳама камтар аст, баракаташ аз ҳама зиёд…»
Тибқи маълумоти расмӣ, соли гузашта дар ҳудуди вилояти Хатлон зиёда аз 55 ҳазор тӯю маърака гузаронида шуда, хароҷот ба як маърака ба ҳисоби миёна 2736 сомониро ташкил дод. Аммо ҳолдонҳо мегӯянд, ки танҳо барои ба хонаи домод бо ҷиҳози арӯсӣ гусел намудани духтар маблағи хеле бештар аз 2736 сомониро сарф мекунанд…