Дар як сатр
Рӯ ҷониби тараққиёт
09:2810 феврал

Рӯ ҷониби тараққиёт

Соли 2016 бо як силсила санаҳои муҳиму таърихӣ, аз ҷумла, баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 16 ноябр ҳамчун рӯзи иди миллӣ қабул гардидани “Рӯзи Президент”, инчунин, баргузории дигар санаву ҷашнвораҳои миллию давлатӣ дар хотир ва қалби ҳар як сокини мамлакат, аз ҷумла, мардуми ноҳияи Вахш бо таассуроти миллию хештаншиносӣ нақш бастаанд.

Барномаҳо амалӣ мегарданд
10:5509 феврал

Барномаҳо амалӣ мегарданд

Соли сипаригардидаро сокинони ноҳияи Носири Хусрав бо дастовардҳои меҳнатӣ ҷамъбаст намуданд. Дар ин давра иҷрои нақшаи даромади буҷа 101 фоиз таъмин гардид. Ҳаҷми умумии маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ бошад 269809,9 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2015-ум 19927,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Доғ дар дил ё сарнавишти марди қабркан
09:0606 феврал

Доғ дар дил ё сарнавишти марди қабркан

Вақте аз саргузашти мардуми азиятдидаи тоҷик дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ сухан мегӯем, мақсад ҳаргиз дубора рӯ занонидани ҳиссиёти манфии мардум нест, балки сабақомӯзии наслҳои имрӯзӣ аз хатоҳо ва дарки даҳшати он даргириҳост, то аз эҳтимоли такрори он ҷанги мудҳиши таҳмилӣ ҷилавгирӣ шавад.

Худкушӣ гуноҳи нобахшиданист
09:3124 январ

Худкушӣ гуноҳи нобахшиданист

Масъалае, ки имрӯз ҷомеаро ба ташвиш овардааст, даст задан ба худсӯзиву худкушӣ, хушунати оилавӣ ва оқибат ҷудошавии оилаҳои ҷавон мебошад. Ҷомеаро зарур аст, ки қабл аз ҷавононро ба зиндагии мустақил гусел намудан, ба онҳо каму костии зиндагиро сабақ омӯзад, дар ягон ҳолат ба ҷудошавии онҳо роҳ надиҳад ва роҳи мусолиҳаи онҳоро пайдо намуда, фарзандони онҳоро аз навозишҳои гарми падару модар маҳрум нанамояд. Худованд дар Қуръони карим дар сураи Нисо дар ояти 128 мефармояд: Ба номи Худои Бахшояндаи Меҳрубон «...Ва сулҳу хайрун» ва сулҳ кори беҳтар аст. Аз ин хотир мо бояд ҳамеша сулҳҷӯ бошем.

Нигоҳе ба рӯйдодҳои муҳимтарини соли мурғ
11:0323 январ

Нигоҳе ба рӯйдодҳои муҳимтарини соли мурғ

Соле, ки бо ҳангомаю ҳаяҷон ва воқеаҳои муҳими сиёсиву иҷтимоӣ паси сар шуд, соли маймун буд. Ҳоло бошад, дар Соли нави 2017 қарор дорем, ки мутобиқи солшумории мелодӣ соли мурғ аст. Бо таваҷҷуҳ ба ин нукта, муруре намудем ба таҳаввулоти муҳимтарини ҷаҳону Тоҷикистон, ки тӯли як асри гузашта (аз соли 1909 то 2005) дар соли мурғ ба вуқӯъ пайвастаанд. Инак, феҳрасти хотирмонтарин рӯйдодҳоро пешниҳоди хонандаи арҷманд менамоем.

Баррасии механизм ва фишангҳои таъсиррасонӣ ба пешгирии зӯроварӣ дар оила
16:1720 январ

Баррасии механизм ва фишангҳои таъсиррасонӣ ба пешгирии зӯроварӣ дар оила

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба татбиқи «Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023» бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода, сардори Раёсати кор бо занони мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Раъно Раҳимзода, директори филиали GOPA мбХ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Лоиҳаи «Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ» (PDV), ки аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ карда мешавад, Елена Максименко ва аъзои дигари шӯро баргузор гардид.

Хизматрасонии ошхонаҳо кай беҳтар мешавад?
17:0217 январ

Хизматрасонии ошхонаҳо кай беҳтар мешавад?

Тарабхонаву ошхона яке аз ҷойҳои ҷамъиятӣ буда, тарзи дурусти хизматрасонии он маданияти шаҳрдориро нишон медиҳад. Солҳои охир, ки соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон рӯ ба рушд дораду меҳмонони зиёд аз аз минтақаҳо ва кишварҳои дуру наздик омада, мехоҳанд аз манзараҳои зебои манотиқи кишварамон дидан намоянд. Яке аз шаҳрҳое, ки таваҷҷуҳи зиёди сайёҳонро ҷалб мекунад, Қӯрғонтеппа мебошад. Шумораи зиёди сайёҳони хориҷӣ ба маркази маъмурии вилояти Хатлон ташриф меоранд ва дар баробари тамошои кӯчаву хиёбонҳо, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, ҳатман аз тарабхонаву ошхонаҳои шаҳр низ дидан менамоянд. Аммо вазъи хизматрасонӣ ва санитарию гигиении на ҳама тарабхонаву ошхонаҳои шаҳр мувофиқи табъи дил мебошанд…

Чаро фарзанди лӯлиҳо ба мактаб намераванд?
15:4517 январ

Чаро фарзанди лӯлиҳо ба мактаб намераванд?

Қавми ҷӯгиҳо дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ ва Восеъ умр ба сар мебаранд ва шаҳрвандии Тоҷикистонро соҳиб буданд ва ҳастанд. Пас, онҳо низ дар радифи дигар шаҳрвандони кишвар муваззафанд, ки қонунҳои Тоҷикистонро эътироф намуда, талаботи онҳоро бечуну чаро риоя намоянд.

Марди 92-сола соҳиби дугоник шуд! (Тафсилоти бештар)
14:0916 январ

Марди 92-сола соҳиби дугоник шуд! (Тафсилоти бештар)

Бобои Қаюмшоҳ имрӯз хушнуд аз он аст, ки Худованд ба ӯву ҳамсараш дар ин айёми солмандӣ дугоник - Билолу Ҳилолбиро насиб гардонид. Ҳоло Билолу Ҳилолбӣ ду моҳ доранд. Ин пири нуронӣ худро инсони соҳибдавлат мешуморад. Бо вуҷуди он ки дер оиладор шудааст, ҳоло шумораи фарзандонаш ба 10 нафар мерасад. Фарзанди аз ҳама бузурги ӯ аз ҳамсари пешинаш – Ниҳолбӣ имрӯз 61 сол дорад. Набераи аз ҳама бузургаш 40-сола ва абераи калониаш имрӯз 17-сола аст.

Камбудиҳо бояд зуд истлоҳ шавад!
14:1315 январ

Камбудиҳо бояд зуд истлоҳ шавад!

Дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлорн ситоди зимистонгузаронӣ доир гардид. Дар он масъулоне, ки ба масъалаи омодагӣ ба ҳолати зимистонгузаронӣ хунукназарӣ намуда, маълумоти бардурӯғ додаанд ва барои ҳалли камбудиҳои ҷойдошта дар кӯтоҳтарин фурсат муваззаф гаштаанд.

Зиндагии офтобии Ҷамшеду Сайёра (видео)
14:4313 январ

Зиндагии офтобии Ҷамшеду Сайёра (видео)

Ин ду нафарро барномаи «Чашми дил»-и радиои «Садои Душанбе», ки аз ҳаёти равшанзамирон қисса мекунад, ба ҳам овардааст. Вақте Ҷамшед дар ин барномаи радиоӣ сухан мегӯяд, Сайёра ҳамон лаҳза аз тариқи радио садои ӯро шунида, қалбашро гармӣ ва эҳсоси гуворое фаро гирифт…

6 июн - рӯзи аввали моҳи Рамазон
10:4330 май

6 июн - рӯзи аввали моҳи Рамазон

Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазонро 6-уми июни соли 2016 эълон кард. Мутобиқи қарори Шӯрои уламо, садақаи фитр 5 сомонӣ муайян карда шуд.

«Корвони ваҳдат»-и Хатлон дар Бадахшон (аксҳо)
13:0426 май

«Корвони ваҳдат»-и Хатлон дар Бадахшон (аксҳо)

Дар «Корвони ваҳдат»-и Хатлонзамин шоирону ҳунармандони варзида, намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилоят, санъаткорони театрҳои вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа ва Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб шомиланд.

Ҷамъбасти озмуни «Зан - сарвати хонадон»
17:0523 май

Ҷамъбасти озмуни «Зан - сарвати хонадон»

Дар меҳмонхонаи «Рамз»-и шаҳри Қӯрғонтеппа маросими ҷамъбасти озмуни «Зан - сарвати хонадон» бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода, сармутахассиси Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии ҶТ Шаҳодат Акобировна, кормандони шуъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дигар меҳмонон баргузор гардид.